Нашрияи Омӯзгор

Ғурур

Сана: 2020-09-10        Дида шуд: 29        Шарҳ: 0

 

Бо Ҳамдам дар овони бачагиям ҳамдаму ҳамсолу ҳамсинфу ҳамдарсу ҳамдеҳаву ҳамгузару ҳамсояву ҳамкосаву ҳамфикру ҳамақидаву ҳамбозу ҳамхӯву ҳамшаклу ҳамроҳу ҳамкору ҳамхарҷу ҳамоҳангу ҳамрозу ҳамрангу ҳамошу ҳамзабону ҳамдасту ҳамдарду ҳамқад... будем. “Баъд чӣ шуд?” мегӯед? Аз байнамон қил намегузашт, бо мурури замон фил мегузаштагӣ шуд. Ба ҳамааш кибру ғурур айбдор аст. Мардуми одӣ, умуман, соҳибдилон фӯкчухтонро хуш надоранд, зеро “Мағрур-аз ҷамоат дур” гуфтаанд. Хештанпараст ҳатто ба Парвардигор ҳам азиз нест. Ана, ҳамин миқрози такаббур риштаи дӯстиро шартӣ бурид. Пас аз анҷоми давраи мактабхонӣ ҳама чун парончакҳо пароканда шудем. Ҷӯраам Ҳамдам ба як омӯзишгоҳи техникӣ дохил шуду банда ба мактаби олӣ, мефаҳмед: о-лӣ! Аз ҳамон вақт назарам нагирифт ҷӯраи деринро. Ҳарчанд гушнаву ташна будам ва барои аз пой наафтидан бегоҳиҳо то нисфи шаб ҳаммолӣ мекардам, бо ифтихори баланд дар мактаби олӣ мехондам. Аммо Ҳамдам як сол ҳам нахонда, омӯзишгоҳро тарк карду аввал ба Россия ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафту бо пули мардикорияш ба олами тиҷорат дохил шуд. Замин гирифт, аз ҳамсоягии ман баромаду хонаи сеошёна сохту ба гӯшаи дигари деҳа кӯч баст, зан гирифт ва ҳоло ду кӯдак дорад. Ман соҳиби маълумоти олӣ шудаму алҳол дар деҳаамон муаллим мебошам ва каму беш ба падару модари пираму додару хоҳаракам ёрӣ мерасонам. Хонаамон ҳамон похсадевори қадимаи пастаки падарӣ. Ҳоло ҳам кастуму шими дар овони донишҷӯиям бо пули ҳаммолӣ харидаамро бо ҳазор эҳтиёт мепӯшам. Синнам ба 30 қариб ки дакка занад, лекин ба нигоҳи суоломези падару модарам ҷавоб намегӯям, яъне, онҳо гуфтаниянд: “Кай зан мегирӣ? Ана, ҷӯраат Ҳамдамро бин!” Ман дар дил мегӯям: “Маро бо ӯ муқоиса накунед, ман маълумоти олӣ дорам!!!”

Боре Ҳамдам мошинашро дар наздам нигоҳ дошта, аз чорчархаи воҳиманоки гаронбаҳояш фуромаду маро сахт ба оғӯш гирифта, гарму ҷӯшон пурсупос намуд. Ман дилу бедилон бо калондимоғӣ ба саволҳояш “хуб” гуфтаму аз аҳволаш ҳам напурсидам. Охир, ман маълумоти олӣ дорам, вай бошад, як бемаълумоти кӯчагӣ. Ӯ ба калонгариҳои ман эътибор надода, бидирросзанон ба гап даромад:

-Ҷӯраҷон, биё, ба хонаи ман меравему чорта дами беғам мезанем, агар хоҳӣ, ба тарабхонаи беҳтарин мебарамат ё ба соҳили дар-ёе меравему одам барин истироҳат мекунем...

Рости гап, хонаи Ҳамдамро аз берун дидаам, дарунашро дидан шарт набудагист, тарабхонаҳоро дар киноҳо дида будам, ҳамон бас аст. Ба соҳили дарё рафтан даркор? Не. Ҳаргиз не! Роҳгузарон ё худ истироҳаткунандагони дигар бубинанд, ки як маълумоти олидор бо як махлуқи бесавод... Намешавад! Рад кардам. Бо Ҳамдам нарафтам. Ва ҳамин тавр, аз калимаҳои сохтаву бофтаи дар фавқ овардаам танҳо “ҳам”-и қоқ монд.

Дар мактаб ману як муаллими куҳансол аз ҷинси забардастонем, боқимонда ҳама аз ҷинси латифанд. Воқеан, маҳз ҳамин устод Ҳалимӣ сабаб шуд, ки ман муаллимиро хуш кунам. Ҳангоме ки дар синфҳои 10 ва 11-ум таҳсил дош-тем, устод Ҳалимӣ мо-писаронро зорӣ мекард, ки омӯзгор шавем, то ки миҷози писарон вайрон нашавад, яъне, дар хона модар (падар дар муҳоҷират) ва дар мактаб муаллима дарс диҳад, хоҳӣ-нахоҳӣ, миҷоз вайрон мешавад. Ҳамсинфони дигарам рӯзгори бечораҳолонаи Ҳалимиро ҳамчун баҳона мисол оварда, пешниҳоди ӯро қабул накарданд. Ҳарчанд омӯзгори куҳан-соламон ба қадри 300 сомонӣ нафақапулӣ мегирад, боз кор мекунад. Муаллимаҳои мактаб ӯро ҷавоб надоданд. Боз, ман ҳам ба кор омадам, хурсандии Ҳалимӣ ва омӯзгорони дигарро ҳадду канор нест. Ана, ҳамин бонувони азиз моро бисёр эҳтиром мекунанду шӯхиомез мегӯянд: “Мо шуморо ба “Китоби сурх” дохил кардаем, эҳтиёт мекунем. Бо шумо тавозун вайрон намешавад. Охир, агар шогирдон аз мо меҳрубониву раҳму шафқатро омӯзанд, аз шумо шуҷоату мардонагиро хоҳанд омӯхт. Зиндагӣ бо мард зебост! Бо мо бошеду бошеду доимо зинда бошед!”

Аз ин гуна гапҳо ғурурам садҳо маротиба баланд мешавад. Охир, ман зеби зиндагиям! Бо вуҷуди ман миҷози писарони мактаб дигаргун намешавад. Минбаъд касе шикоят намекунад, ки писараш занмиҷозу суханчину рашкину тарсончаку лаққиву майдагапу беҷуръат аст. Ман ба ҷамъият шахси даркориям! Ба марди таҳсилоти олидошта аз ин баҳои шоистатар нест!

Пас, ҳақ дорам бо биниям осмонро харошам!

Ҳакималӣ

НАЗАРАЛИЕВ,

шаҳри Ҳисор


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш