Нашрияи Омӯзгор

Мард чун доно шавад...

Сана: 2020-09-10        Дида шуд: 13        Шарҳ: 0

 

Ӯ омӯзгор, роҳбар ва олим аст, фаъолияти беш аз 50-солаи омӯзгорӣ дорад, баҳри пешрафти соҳаи маориф, илми таърихнигории тоҷик, тарбияи шогирдон ва олимону омӯзгорони ҷавон саҳми арзандае гузоштааст. Фаъолияти касбии хешро аз муаллими одӣ сар намуда, то ба вазифаи мудири кафедраҳои таърихи ҲКИШ, дунёи қадим, асрҳои миёна, усули таълими таърих, ҷонишини декан ва декани факултаи таърихи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон ғафуров расидааст. Ин шахси наҷиб устод ва олими таърихнигор Ҳабибулло Тоатов аст, ки имрӯзҳо ба синни мубораки 70 мерасад.

Симояш нуронӣ, чашмонаш меҳрбор, гуфтораш хирадмандона ва дилписанд аст. Дарахтеро мемонад, ки аз пурборӣ сар ба зер афкандаву меваҳои лазизаш коми садҳо ташнагони илму донишро шаҳдбор намудааст.

 Зодаи деҳаи Заврони шаҳри Панҷакенти бостонӣ мебошад. Мардуми ин деҳ солҳои шасти қарни гузашта ба деҳаҳои Ғӯсар ва Навобод кӯч бастанд. Ӯ аз ин ҷо баъди хатми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6 барои идомаи таҳсил ба шаҳри бостонии Хуҷанд рафт ва инак, 55 сол аст, ки он ҷост.

 Соли 1982 рисолаи номзадияшро ҳимоя кардааст. Номгӯи рисолаҳои илмӣ, китобҳои дарсӣ, дастурҳои илмӣ- методӣ, фушурдаҳо, тақризҳо ва мақолаҳои илмӣ-оммавии Ҳабибулло Тоатов зиёда аз 500 адад мебошад. Китоби “Хатлон дар масири таърих” (бо ҳаммуаллифии Р. Юлдошев) сазовори Ҷоизаи вилоятии ба номи академик Бобоҷон Ғафуров гардидааст.

Очеркҳои публитсистии ӯ “Ҳомии қонун” ва “Пайроҳаи қисмат” ба баҳои баланди хонандагон ноил гаштаанд. Устод Тоатов муаллифи китобҳои дарсӣ барои донишҷӯёни макотиби олӣ – “Таърихи давлат ва ҳуқуқ”, “Таърихи Юнони қадим”, “Таърихи Шарқи қадим”, “Таърихи дунёи қадим” (қисмҳои 1,2), “Таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол” мебошад.

Вақте сухан мегӯяд, фикр мекунӣ, ки шеър мегӯяд, ҳангоме шеър мехонад, каломаш гӯшро навозиш мекунаду қалбро сурур мебахшад. Ва ҳамин навозишу латофати калом бо хиради комилаш ҷӯр гашта, ӯро миёни шогирдони бешумор азиз гардонидаву номашро вирди забонҳо намудааст.

 Ҳар як дарси ӯ як сайри таърихиест ба олами илму фарҳанг, як таконест дар худшиносии миллии шогирдон. Шояд фармудаи мутаффакири бузурги Машриқзамин, аллома Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ: “Дӯшро пайванд бо имрӯз кун...” ба устоди мо дахл дорад, ки барои имрӯзиён таърихи гузаштаро меомӯзад. Орзу мекунем, ки аз ин файзи маърифат шогирдон солиёни зиёде баҳраёб гарданд.

Мо, кулли шогирдон, ҳамдилону ҳаводорони дониш ва каломи сеҳрангезаш устоди азизро бо 70-солагияш табрик мегӯем ва барояш саодату комёбӣ ва сарбаландиҳо таманно менамоем. Устод Ҳабибулло Тоатов дар ситоиши устоди хеш Саттор Қаюмов, ки солиёни зиёде ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд буд, меҳрномае иншо намудааст бо номи “Сарвари оқил, меҳрубон ва роҳнамои ман”, ки бо байти зер оғоз мегардад:

 Шамс чун пайдо шавад, офоқ

аз ӯ равшан шавад,

 Мард чун доно шавад, дил дар

бараш дарё шавад.

 Худи устод Тоатов низ мисли устодаш офоқро рӯшан мекунаду дил дар бараш дарёст. Ва ин равшанзамириву дилдарёӣ асрҳо побарҷо бошад барои пешрафти миллат, ёру диёр.

Раҳмонбердӣ

ИМОМБЕРДИЕВ,

мушовири шуъбаи маорифи

шаҳри Панҷакент


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш