Нашрияи Омӯзгор

Мактаби «Аркон»

Сана: 2020-09-10        Дида шуд: 12        Шарҳ: 0

 

Бо иштироки раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода дар хиёбони Раҳим Ҷалили маҳаллаи Сирдарёи шаҳр мактаби хусусии «Аркон» ба истифода дода шуд. Мактаби хусусии «Аркон» бо саҳми соҳибкори ватанӣ, Умеда Гадойбоева бунёд шудааст. Дар мактаби навтаъсис хонандагон дар баробари забони давлатӣ, ҳамзамон, бо забони англисӣ таҳсил менамоянд. Таҳсил шартномавӣ буда, баъди хатми таълимгоҳ ба хонандагон сертификати эътирофшудаи сатҳи байналмилаии мактаби Кембриҷи Британияи Кабир, ки аз ҷумлаи муассисаи таълимии шуҳратманду бонуфузи олам мебошад, дода мешавад. Омӯзгорон дар як ҳафта се маротиба тариқи онлайн аз машғулиятҳои устодони макотиби пешрафтаи ҷаҳонӣ бархӯрдор мешаванд.

Бино аз 3 ошёна иборат буда, дар он таҳхона, ошхона, толори варзиш ҷой гирифтааст. Синфхонаҳои таълимӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва асбобу анҷом муҷаҳҳаз шудааст. Дар муассисаи таълимӣ китобхона, қироатхона ва 16 синфхона мавҷуд аст. Машғулияту дарсҳо бо истифода аз усулҳои пешрафтаи таълим ба роҳ монда мешаванд.

Мактаби хусусии «Аркон» дар заминаи Маркази забономӯзии «Аркон» ки 8 сол инҷониб фаъол аст, таъсис ёфтааст. Дар тӯли солҳои фаъолияти марказ, аллакай зиёда аз 10 000 нафар донишҷӯ забони хориҷиро аз худ кардаанд. Ҳамаи муаллимони марказ курсҳои такмили ихтисосро гузашта, соҳиби сертификат ва диплом шуданд.

Нуъмон Раҷабзода,

“Омӯзгор”


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш