Нашрияи Омӯзгор

Таъсиси Шӯрои профессорон

Сана: 2020-09-10        Дида шуд: 14        Шарҳ: 0

 

Бо ибтикори ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ, профессор Нуъмонҷон Ғаффорӣ ҷиҳати таблиғи вазифаҳои донишгоҳ дар самти фаъолияти омӯзгорӣ ва илмиву инноватсионӣ ба хотири тарбия кардани кадрҳои баландихтисос, иҷрои тадқиқотҳои бунёдию амалии илмӣ, ташвиқи дастовард ва кашфиёти нави илмиву техникии омӯзгорон ва ҷалби мутахассисони ҷавон ба пажӯҳиши корҳои илмиву инноватсионӣ дар донишгоҳи мазкур Шӯрои профессорон таъсис ёфт.

Мутобиқи низомнома Шӯро барои дар фазои ҷаҳонии таҳсилот ворид гардидани донишгоҳ, таҳияи барномаҳо, нақшаҳои дурнамои рушди донишгоҳ, татбиқи дастовардҳои илмиву таълимии омӯзгорон дар истеҳсолот ва раванди таълим пешниҳоду тавсияҳо ироа менамояд.

Дар ҷаласаи нахусти Шӯрои профессорон таъкид шуд, ки таъсиси Шӯрои мазкур иқдоми саривақтӣ буда, барои татбиқи амалии нуктаҳои Паёми Президент ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (26.12.2019) дар самти маориф ва илм мусоидат хоҳад кард.

             

С.Хоҷазод


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш