Нашрияи Омӯзгор

Ҳадаф: такомулу таҳаввули неруҳои зеҳнӣ

Сана: 2020-09-10        Дида шуд: 25        Шарҳ: 0

 

Масъалаи омодасозии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ ҳамеша зери таваҷҷуҳи бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, яке аз мавзӯъҳои муҳим ва қобили таваҷҷуҳ дар шароити муосири ҷаҳонишавӣ эътироф гардидааст.

Ҳамин аст, ки Пешвои муаззами миллат зимни мулоқот бо кормандони соҳаҳои илму маориф ва аҳли эҷоди мамлакат (18 марти соли 2020) таъкид доштанд, ки “Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати... тайёр кардани мутахассисон ва ҷалби бештари наврасону ҷавонон ба корҳои илмиву таҳқиқотӣ ва тайёр кардани мутахассисони сатҳи баланди илмӣ тадбирҳои зарурӣ меандешад».

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт корҳои муайянеро ба иҷро расонид.

Тавассути Маркази барномаҳои байналмилалӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии хориҷи кишвар дар соли 2019 319 нафар, аз ҷумла 301 нафар магистрант, 16 нафар аспирант ва 2 нафар доктор аз рӯи ихтисос (PhD) ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Дар соли таҳсили 2020-ум 234 нафар, аз ҷумла, 228 нафар дар зинаи магистратура ва 6 нафар дар зинаи аспирантура ба таҳсил фаро гирифта шуд.

Дар соли 2019 156 нафар зинаи магистратура ва 4 нафар зинаи аспирантураро хатм намуд. Дар соли 2020 теъдоди хатм 165 нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин миқдор 159 нафар магистрант, 4 нафар аспирант ва 2 нафар докторант (PhD) мебошад.

Дар ҷумҳурӣ тибқи ҳисоботи оморӣ дар соли хониши 2019-2020 шумораи умумии магистрантон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии ҷумҳурӣ 7293 нафар ва докторантон аз рӯйи ихтисос (PhD) 1176 нафарро ташкил медиҳад, ки ин яке аз заминаҳои асосии тайёр кардани кадрҳои илмию омӯзгорӣ ба шумор меравад. Аз ҷумла, дар муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар 6979 нафар магистрант ва 1076 докторант аз рӯйи ихтисос (PhD) таҳсил менамуданд.

Аз ин миқдор соли таҳсили 2019-2020 зинаи магистратураро 2867 нафар ва 238 нафар зинаи докторантура аз рӯйи ихтисос (PhD)-ро хатм намуд.

Имрӯз дар ҷумҳурӣ 4421 нафар номзад ва доктори илм фаъолият менамояд, ки аз онҳо 839 нафар доктори илм (аз ин миқдор 122 нафар зан) ва 3582 нафар номзади илм (аз ин миқдор 1089 нафар зан) мебошад.

Дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар 3664 нафар соҳиби унвони илмӣ буда, аз онҳо 601 нафар доктори илм (аз ҷумла, занон 101 нафар) ва 3063 нафар номзади илм (аз ҷумла, занон 970 нафар) фаъолият дорад.

Аз ҷониби масъулини Вазорати маориф ва илм вазъи воқеии 35 муассисаи таҳсилоти олии касбии кишвар дар соли таҳсили 2019-2020 мавриди таҳлил қарор гирифт. Таҳлил нишон дод, ки дар 35 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ 12339 нафар омӯзгор фаъолият дорад, ки аз ин миқдор 9893 нафар корманди асосӣ (штатӣ) мебошанд, ки 36,7%-ро омӯзгорони соҳиби дараҷаи илмӣ ташкил медиҳанд. Тибқи стандарти давлатӣ бояд 51% омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дорои дараҷа ва унвони илмӣ бошанд. Яъне, норасоии омӯзгорони соҳиби дараҷа ва унвони илмидошта дар муассисаҳои таълимӣ нокифоя арзёбӣ мегардад.

Қайд кардан бамаврид аст, ки сару садоҳо вобаста ба зиёд будани миқдори неруҳои зеҳнӣ дар кишвар асоси воқеӣ надоранд ва имрӯз назди шӯроҳои амалкунандаи муассисаҳои таълимию илмӣ вазифа гузошта мешавад, ки фаъолиятро дар ин самт таҳким бахшида, ҷиҳати ҳар чӣ бештар омода намудани кадрҳои илмӣ, илмию омӯзгорӣ кушиш ба харҷ дода, таъсиси шуроҳои муштаракфаъолиятро ба роҳ монанд.

Барои ҳимоя намудани рисолаҳои илмӣ ва додани дараҷа ва унвонҳои илмӣ дар дохили кишвар, Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2014 таъсис дода шуда, Низомномаи он бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2015 ба тасвиб расида, комиссия аз ҳамин сол ба фаъолият шуруъ кардааст. Имрӯз забони илми тоҷик забони тоҷикӣ аст, ки дар пешрафту такомул ва ғанӣ гардонидани забони давлатии мо манфиатовар мебошад.

Аз давраи таъсисёбии комиссияи мазкур ба ҳолати 01.07.2020 барои таъсис додани шӯроҳои диссертатсионӣ дар муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ 159 дархост ворид гардидааст, ки аз онҳо 59 дархост қонеъ ва 95 дархост бо сабаби ба талабот ҷавобгӯ набудан рад карда шуда, 5 дархости дигар дар раванди омӯзиши шуъбаҳои аттестатсионӣ қарор дорад. Тибқи Феҳристи мувофиқати таснифоти намунавии самт ва ихтисосҳо (қарори раёсати комиссия, аз 27 апрели соли 2017, №1/3) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 545 ихтисос ба қайд гирифта шудааст. Ҳоло аз 59 шӯрои диссертатсионии таъсисдодашуда 56 шӯро фаъолият дошта, аз рӯйи 174 ихтисос дар умум - 31,9%-ро ташкил медиҳад. Аз 56 шӯрои диссертатсионии фаъолиятдошта 45-тои он ба муассисаҳои таҳсилотӣ 80,4% ва 11-тои ҷои дигар 19,6% ба муассисаҳои илмӣ рост меояд. Бо сабаби ба талаботи бандҳои Низомномаи намунавӣ оид ба шӯрои диссертатсионӣ фаъолияти 4 шӯро - самтҳои Физика ШД 6D.KOA-006 аз рӯйи ихтисоси 6D060400 ва 6D.KOA-008 аз рӯйи ихтисоси 6D070600 - Геология ва ҷустуҷӯи ККФ (баъд аз иҷозат ба оғози фаъолият дар давоми сол ягон ҳимоя баргузор нашуд); Забоншиносӣ - 6D.КОА-034 (бо қарори шӯрои экспертҳо бинобар сабаби ҷавобгӯ набудан ба талаботи банди Низомнома оид ба тамдиди ШД) ва шӯрои диссертатсионии 6D.KOA-018 аз рӯйи ихтисосҳои 6D050200 – Сиёсатшиносӣ ва 6D050100 – Сотсиология қатъ карда шуд.

Аз шумораи умумии шӯроҳои диссертатсионии дар кишвар амалкунанда фаъолияти 3 шӯрои диссертатсионӣ аз рӯйи 5 ихтисос қонеъкунанда нест. Гарчанде аз таъсисёбии ин шӯроҳо як-ду сол сипарӣ гардида бошад ҳам, аз вақти таъсисёбӣ то ба ҳолати имрӯза 1 ё 2 нафар рисолаи илмии худро ҳимоя намудааст, ки боиси нигаронист.

Аз ҷумла, шӯроҳои 6D.КОА-017, ихтисосҳои забон ва адабиёти тоҷик дар мактабҳои таҳсилоти ғайритоҷикӣ, забон ва адабиёти рус дар мактабҳои таҳсилоти ғайрирусӣ, 6D.КОА-044 ихтисосҳои химия, биологияи ва 6D.КОА-046 ихтисоси таърих.

Аз ибтидо то 01.07. 2020 аз теъдоди рисолаҳои дар шӯрои диссертатсионӣ ҳимояшуда ба комиссия 803 парвандаи аттестатсионӣ ворид гардидааст. Пас аз омӯзиши парвандаҳои мазкур дар шуъбаҳои аттестатсионӣ ва арзёбии онҳо аз тарафи шӯрои экспертӣ дар раёсати комиссия 551 парвандаи аттестатсионӣ тасдиқ гардида, 39 парванда рад карда шудааст.

Аз 551 парвандаи аттестатсионии тасдиқгардида 39 парванда ба довталабони дарёфти дараҷаи илмии доктори илм ва 9 парвандаи аттестатсионӣ ба довталабони дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD)-доктор аз рӯйи ихтисос (аз ҷумла, дар бахшҳои илмҳои табиӣ-риёзӣ ва техникӣ 12 рисола - 2 PhD ва 10 докторӣ, ҷамъиятӣ-гуманитарӣ 24 рисола - 5 PhD ва 19 докторӣ ва тиббӣ, бойторӣ, фармасевтӣ ва аграрӣ 12 рисола - 2 PhD ва 10 докторӣ), 503 парванда ба довталабони дарёфти дараҷаи илмии номзади илм (аз ҷумла, дар бахшҳои илмҳои табиӣ-риёзӣ ва техникӣ 135, ҷамъиятӣ-гуманитарӣ 271 ва тиббӣ, бойторӣ, фарматсевтӣ ва аграрӣ 97) тааллуқ доранд. Аз миқдори умумии рисолаҳои тасдиқшуда 337 рисола ба омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ тааллуқ дорад, ки дар маҷмӯъ, 61,2% ташкил медиҳад. Аз теъдоди ҳимояшудагон 118 нафар зан ва 370 нафарро мард ташкил медиҳад. Аз шумораи умумии занҳо 83 нафари онҳо то синни 35 мебошанд.

Вобаста ба дарёфти унвонҳои илмӣ, аз ибтидо то 01.07.2020 ба комиссия аз тарафи муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ ҳамагӣ 416 дархост (47 дархост барои дарёфти унвони илмии профессор) ворид шудааст, ки аз онҳо 304 дархост қонеъ, 55 дархост рад ва 57 дархост дар ҳолати омӯзиш қарор дорад.

Бояд тазаккур дод, ки бо мақсади дифои рисолаҳои илмии докторӣ ва номзадии мутахассисони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия аз 12 феврали соли 1997, дар кишвари мо шӯроҳои диссертатсионӣ таъсис ёфтаанд, ки дар Комиссияи олии аттестатсионии Федератсияи Россия ба қайд гирифта шудаанд. Дар соли таҳсили 2019-2020 дар ҷумҳурӣ 18 шӯрои дисертатсонӣ, ки аз ҷониби Комиссияи олии аттестатсионии Федератсияи Россия ба қайд гирифта шудаанд, амал мекунад. Танҳо дар шаш моҳи соли 2020 47 нафар рисоли илмии худро дифоъ кардааст, ки аз ин 3 рисолаи докторӣ ва 44 рисолаи номзадӣ мебошад. Мутаассифона, аз 18 шӯрои амалкунанда дар 5 шӯро дар нимсолаи якуми соли 2020 ягон нафар рисолаи илмии худро ҳимоя накардааст, аз ҷумла, дар Институти химия ба номи В.И. Никитин, Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинов, Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерология, Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино (равияи ҷарроҳӣ ва онкология).

Дар нимсолаи аввали соли 2019 дар ҷумҳурӣ 22 шӯро, аз ҷумла, дар назди муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ 14 шӯро фаъолият менамуд, ки дар шӯроҳои мазкур 69 нафар, аз ҷумла, 60 нафар рисолаи номзадӣ ва 9 нафар рисолаи докторӣ ҳимоя намудаанд.

Дар нимсолаи якуми соли 2020, дар кишвар 18 шӯро, аз ҷумла, дар назди муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ 12 шӯро амал менамояд, ки дар ин шӯроҳо 40 нафар, аз ҷумла, 37 нафар рисолаи номзадӣ ва 3 нафар рисолаи докторӣ дифоъ кардаанд.

Яъне, нисбат ба нимсолаи якуми соли 2019 фаъолияти 4 шӯро боздошт ва қатъ гардида, 29 рисолаи номзадию докторӣ дар нимсолаи аввали соли 2020 кам ҳимоя шудааст, ки 27,6%-ро дар бар мегирад.

Ҳамчунин, дар муқоиса нисбат ба нимсолаи аввали соли 2019 дар нимсолаи якуми соли 2020 теъдоди ҳимояи рисолаҳои номзадӣ 23 номгӯй кам ва рисолаҳои докторӣ 6 номгӯй кам дифоъ шуд.

Албатта, дар фаъолияти шӯроҳои мазкур мушкилот низ мавҷуд аст. Вале боиси зикр аст, ки шӯроҳои диссертатсионӣ, ки дар Комиссияи олии аттестатсионии Федератсияи Россия ба қайд гирифта шудаанд, дар асоси Низомнома оид ба шӯроҳои диссертатсионӣ, ки бо фармоиши вазири маориф ва илми Федератсияи Россия аз 13 январи соли 2014, №37 тасдиқ шудааст, фаъолият менамоянд. Тамоми шӯроҳои диссертасионӣ, ки дар кишвари мо ва ё дар худи Федератсияи Россия дар солҳои 2018-2020 фаъолияташон боздошт ва ё қатъ шудааст, бо сабабҳои вайрон кардани талаботи Низомномаи зикршуда рух додааст. Ин шӯроҳо метавонанд, ки тибқи талаботи муқарраргардида аз нав таъсис ёфта, фаъолият намоянд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси созишнома ва қарордодҳои дуҷониба дар соҳаи илму маориф шӯроҳои муштаракро ҷиҳати ҳимояи рисолаҳои номзадиву докторӣ ва таъмини муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии ҷумҳурӣ бо кадрҳои дорои дараҷаи илмидошта таъсис додааст. Ҳамин аст, ки танҳо дар соли 2019 дар шӯроҳои муштараки дар пояи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таъсисдодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Қирғизистон 6 нафар аз рӯйи ихтисосҳои геология ва иқтисодиёт рисолаи номзадии худро ҳимоя намуданд.

Вазорати маориф ва илм минбаъд низ дар ҳамкорӣ бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии ҷумҳурӣ дар кишвар таъсис додани шӯроҳои диссертатсионии Федератсияи Россия ва шӯроҳои муштаракро бо кишварҳои дигар таҳким мебахшад.

Бо тавсияи Вазорати маориф ва илм, аз соли 2014 бо мақсади баланд бардоштани сифати рисолаҳои илмӣ, пешгирии ҳолатҳои асардуздӣ, харидорӣ ва насб кардани серверҳои пуриқтидор бо сабт ва нигоҳдошти рисолаҳои қаблан дифоъшуда ва мавзӯъҳои илмии таҳқиқшудаистода, дар назди муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, аз ҷумла, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур, Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон, Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Б. Ғафуров, Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Н. Хусрав ва Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон барномаи махсус (антиплагиат) сабт гардидаанд, ки тамоми рисолаҳои илмии таҳқиқшудаистода, пеш аз дифоъ аз барномаи мазкур гузаронида мешаванд. Дар назар аст, ки рисолаҳои илмии докторони PhD ва номзадони илм, ки ба забони тоҷикӣ таҳия мешаванд, аз барномаи мазкур гузаронида шаванд.

Муассисаҳои таълимию илмиро зарур аст, ки минбаъд низ фаъолиятро ҷиҳати омода кардани кадрҳои илмию омӯзгорӣ беҳтар намуда, барои фаъол гардонидани шӯроҳои диссертатсионӣ ва беҳтар кардани сатҳу сифати рисолаҳои илмӣ чораҳои зарурӣ андешанд.

 

Носир Сайдализода,

сардори раёсати илм ва инноватсияи

Вазорати маориф ва илм,

Обидҷон Маҳмудзода,

сармутахассиси раёсати

илм ва инноватсияи

Вазорати маориф ва илм


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш