Нашрияи Омӯзгор

Ҳамкорӣ бо 8 мактаби олӣ

Сана: 2020-08-13        Дида шуд: 56        Шарҳ: 0

 

Ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон Убайдулло Қурбон дар нишасти матбуотӣ иброз дошт, ки дар соли таҳсили 2019-2020 теъдоди донишҷӯён ба 1469  нафар расида, фаъолияти омӯзгорону донишҷӯён дар 3 факулта, 14 кафедра, 7 шуъба ва 4 ташкилоти ҷамъиятӣ ба роҳ монда шудааст. Фонди китобхонаи донишгоҳ дорои 25 660 нусха адабиёти чопӣ ва 42 700 нусха маводи электронӣ мебошад.

Убайдулло Қурбон афзуд, ки сатҳи донишазхудкунии донишҷӯён 99,1%  ва сифати таълим 42,3%-ро ташкил дода, дар муқоиса бо соли гузашта бамаротиб баланд гардидааст. Корҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар донишгоҳ вусъати тоза гирифта, дар маҷмӯъ, аз тарафи олимон  93 асари илмӣ таълиф гардид.  Хурсандиовар аст, ки нашрияи расмии донишгоҳ бо номи «Симурғ» таъсис дода шуд. Фаъолияти шуъбаи равобити байналмилалӣ  дар соли таҳсили 2019-2020 хуб ба роҳ монда шуда, дар доираи барномаҳои Эрасмус+ ва лоиҳаи «Рушди таҳсилоти олӣ дар ҶТ», «CHILDCA» ва дигар барномаҳо корҳои муфид ба анҷом расиданд. Айни замон, донишгоҳ бо 8 муассисаи илмию таълимии кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла, бо донишгоҳҳои тиббии ҷумҳуриҳои Хитой, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон ҳамкорӣ дорад. Фаъолияти муолиҷавии кормандони донишгоҳ пурмаҳсул буда, дар беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии ноҳияи Данғара 248 амалиёти ҷарроҳии реконструктивию пластикӣ гузарониданд. Дар бахши кӯдакона ба 675 кӯдаки бемор ёрии машваратӣ-табобатӣ расонида шудааст. Аз моҳи майи соли ҷорӣ аз ҳисоби донишҷӯёни фаъоли курсҳои болоӣ «Гурӯҳи волонтёрон» дар шароити паҳншавии бемории сироятии COVID-19 ба фаъолият шурӯъ намуд.

 

Шариф АБДУЛҲАМИД,

«Омӯзгор»    


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш