Нашрияи Омӯзгор

Сухан аз комёбиҳои донишкада

Сана: 2020-08-13        Дида шуд: 57        Шарҳ: 0

 

Дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд  оид ба фаъолияти нимсолаи аввали соли ҷории ин муассиса нишасти матбуотӣ  баргузор гардид.

Дилафрӯз Саидӣ, директори донишкадаи мазкур таъкид дошт, ки имрӯз дар сохтори донишкада 4 факулта, 12 кафедра, 4 марказ ва 9 шуъба амал менамояд.

Донишкада аз рӯйи 21 ихтисоси зинаи бакалавриат (5 ихтисос дар шуъбаи ғоибона (фосилавӣ) ва аз рӯйи 29 ихтисоси бакалавриатура таҳсилоти дуюм (фосилавӣ)), 18 ихтисоси зинаи магистратура, 9 ихтисоси зинаи докторантура (PhD), инчунин, 13 курси кӯтоҳмуддати омӯзишӣ ва барои парки технологӣ, 10 курси кӯтоҳмуддати омӯзишӣ фаъолият мебарад. Онҳо ихтисосҳои самтҳои технологияи иттилоотӣ, энергетика, сохтмон, нақлиёт, меъморӣ, маҳсулоти дӯзандагӣ, бофандагӣ, маҳсулоти хӯрока, агротехнология ва иқтисодиёт мебошанд.

Дар донишкада амалишавии якчанд лоиҳа бо шарикони хориҷӣ ҷараён дорад, аз ҷумла: озмунҳои грантии Эраcмус + (қисми “Такмили имконот дар соҳаи таҳсилоти олӣ”), Ҷамъияти Олмон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (GIZ), сафоратхонаҳо, Бонки Умумиҷаҳонӣ (WB), Бонки Рушди Осиё (ADB), Агентии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба рушди байналмилалӣ (USAID), Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон (JICA), Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (EBRD) ва Котиботи Давлатии Шветсария оид ба иқтисодиёт (SECO) ва ғайра.

Устодону донишҷӯён дар пешгирӣ аз бемории коронавирус бетараф наистода, бо истифода аз тамоми имконот корҳои тарғиботию ташвиқотиро байни аҳолӣ хуб ба роҳ монданд. Ҳамзамон, барои дӯхти ниқобу корҷомаҳои тиббӣ самаранокии фаъолиятро дар сехи дӯзандагии назди парки технологӣ ҷоннок карда, дар биноҳои таълимӣ тамоми тадбирҳои безараргардонӣ ва чораҳои беҳдоштиро андешиданд. Алҳол бо мақсади омодагӣ ба соли нави хониши 2020-2021 аз ҷониби роҳбарияти донишкада ҷиҳати пешгирии бемории фарогири коронавирус тадбирҳои зарурӣ, аз ҷумла, захира намудани маводи зарурии муҳофизатию доруворӣ ва безараргардонӣ андешида шуд.

Дар поёни нишаст, дар вазъияти тантанавӣ ба 10 нафар хатмкунандаи зинаи бакалавр ва магистр дипломҳои аъло супорида шуд.

 

Нуъмон Раҷабзода,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш