Нашрияи Омӯзгор

Ҳамбастагӣ мебояд

Сана: 2020-06-25        Дида шуд: 57        Шарҳ: 0

 

27-уми июни соли 1997 дар таърихи навини миллати тоҷик рӯзи мубораку муқаддас ва арзишманд ба ҳисоб меравад.

Бояд гуфт, ки бар асари пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ Тоҷикистон дучори гирдоби сиёсати манфиатҷӯёна гардид. Бо кинаварии баъзе хоҷагони хориҷӣ, ки манфиатҳои милливу давлатии моро ба коми нобудӣ бурдан мехостанд, Тоҷикистон ба мавҷи низоъ ва бесарусомониҳо кашида шуд. Ҷанги шаҳрвандӣ (таҳмилӣ ё дохилӣ) аз бетаҷрибагии иддае аз роҳбарони ҳамонвақта оғоз гашт ва низоми давлатдорӣ суст шуда, боиси парокандагии мардум гардид. Ҳазорон нафар шаҳрванди мо ба кишварҳои дуру наздик, махсусан, ба Афғонистон гуреза шуданд. Фазои сулҳу субот аз байн рафта буд, ҳисороти дар ин муддат бамиёномада ба раванди пешрафти давлатдорӣ монеаи ҷиддӣ ворид сохт, хатари аз байн рафтани давлат ва пора-пора  шудани сарзамини мо низ дар он замон эҳсос мешуд.

Бешубҳа, Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ояндаи кишвари моро равшан намуд. Дар ин иҷлосия Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардиданд ва бо дарки баланди ҳувияти миллӣ, номуси ватандорӣ, роҳи минбаъдаи давлатро муайяну мушаххас карданд.

Бо мақсади расидан ба сулҳу салоҳи сартосарӣ Сарвари давлат фаъолияти худро аз оштии миллӣ, авф, баргардонидани гурезагон ба Ватан, таъмини ҳуқуқи инсон оғоз намуда, низоми фалаҷшударо барқарор сохтанд. Бояд тазаккур дод, ки дар он даврони ҳассос, ки касе ба зинда мондани худ бовар надошт, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо азму иродаи қавӣ аз чандин музокираҳои бебарор бо мухолифини сохти Конститутсионӣ хаста нашуда, бо гузаштҳои зиёд ва олиҳимматӣ ба хотири ояндаи дурахшони халқи тоҷик,  ба имзои Созишномаи сулҳи тоҷикон,  санаи 27-уми июни соли 1997 муваффақ шуданд.

Таърих гувоҳ аст, ки тоҷикон бо ҳунару ҳунармандӣ, фарҳангу маърифат ва таъриху адабиёти оламшумул шуҳрат ёфтаанд. Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки баҳри таҳкими пойдории сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дар кишварамон ҳамвора талош намоем.

Гулнора Ғаффорова, 

 омӯзгори   таърих ва ҳуқуқи

мактаби №1-и шаҳри Кӯлоб


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш