Нашрияи Омӯзгор

Макони шоистаи ихлосу иродат

Сана: 2020-05-28        Дида шуд: 37        Шарҳ: 0

 

Эътиқоду иродати инсон ба Ватан аз арзишҳои маънавию отифаҳои рӯҳии қадимист. Аслан, шояд тасаввури вуҷуди одамӣ бидуни ин муҳаббат аз имкон берун бошад. Ба ҳамин ваҷҳ аст, ки Пайғамбар (с)  дӯст доштани Ватанро аз гӯшаи имон донистаанд.

Ҳанӯз аз даврони қадим ба унвони кишварҳои ормонӣ ва сарзамини ишқу ихлос муаррифӣ шудани макону манзилҳо, шаҳру деҳаҳои мухталиф вуҷуди эътиқодовари инсонро ба асли зуҳуроти маконии худи ӯ таъкид мекунад. Ҳамаи ин нуктаҳо дар ҷилварезӣ ва тафсири муҳаббати инсон ба Ватан, макони тавлид ва ҷойгоҳи барояш муқаддас ҷамъбаст мешавад. Вақте ки аз осори қадима ва кутуби гуногун, махсусан, аз нигоштаҳои  аввалин гӯяндагони шеъри порсӣ ва таълифоти тоисломӣ, бавижа, китоби маъруфи донишманд ва файласуфи номвар Абӯнасри Форобӣ “Мадинаи фозила”-ро мехондам, гоҳо шубҳае ҳам мекардам, ки шояд ин мулоҳизот андешаи холиву берӯҳ ва аз ҳақиқат дур бошанд ва танҳо барои даъвати инсоният ҷиҳати ҳубби Ватан ва талқини ғояҳои инсонпарварӣ изҳор шаванд. Аммо марҳала ба марҳала дар худ эҳсос мекардам, ки воқеияти ин тафосири эҳсоси қадимаи инсониятро бояд кашф намуд. Чунки баъди ҷудоӣ аз макони валодат инсон хоҳу нохоҳ дар гирдоби ин гуна эҳсосоти гуворо ғарқ хоҳад шуд. Ин ҳолатро баъди аз шаҳри Душанбе ба Хуҷанд кӯч бастани худ эҳсос кардам ва танҳо баъди гузаштани фосилае дарёфтам, ки воқеан, Душанбе барои ман ҳамон шаҳри ормониест, ки ҳанӯз Ҷамшед дар асотири қадимӣ барояш офарида буд ва ҷамъи фазилатҳои шоистаи макони муқаддасро ифода мекунад.

Аслан, шаҳри Душанберо метавонам макони зуҳур ва ватани ҷамъи дастовардҳои зиндагии хеш бишносам. Дар ҳоле ки дар ин шаҳр ба дунё омадам ва таҳсили ибтидоиро маҳз дар ҳамин макони муқаддас ва азиз соҳиб шудам. Ҳаргиз овони таҳсил дар мактаби миёнаи рақами 53-и шаҳри Душанбе, ки хишти нахустини бинои саводи маро гузоштааст ва таълиму тадриси устодони арҷманди ин маъбади маърифат аз хотирам зудуда намешавад. Балки ҳар гоҳ, ки ба мактаби фарзандонам барои огоҳӣ аз таълими онҳо мерафтам, маро хумори он рӯзҳои азиз дар дабистони рақами 53 фаро мегирифт. Гумон мекардам, ҳамагӣ чанд лаҳза пеш буд, ки ба даргоҳи ин мактаб тифлона қадам гузошта ва билохира номаи камолро ба даст овардам.

Ин фосилаи умр дар камолоти зиндагии ман нақши муҳим гузошт. Маҳз дар ҳамин боргоҳи маърифат саводу маънавият ва дарси зиндагиро аз устодони он омӯхтам ва маҳз аз ҳамин ҷо роҳи мусофирати ман ба сӯи шинохтанҳои азим оғоз ёфт. Имрӯз баъд аз гузашти солҳо дигарбора эҳсоси ифтихор дар ман боло мегирад ва  беихтиёр дар вуҷуди худ туғёни ҳолати шинохту маърифати эҳсосоти меҳрборамро нисбат ба мактаби азизам дарк менамоям, ки дастпарвари ин макони муқаддас қастам.

Ҳарчанд айни ҳол дар шаҳри Хуҷанди бостонӣ зиндагӣ мекунам, вале сафар ба шаҳри ормонии худ – Душанбе ҳар бор бароям рӯҳу илҳом ва неруи тоза мебахшад. Қабл аз сафар ба Душанбе маро эҳсосоти гуворое фаро мегирад ва хаёл мекунам, ки дар ҳавои дидори ин маскани азизу шариф ба парвоз меоям. Дидор аз Душанбе, сайругашт дар хиёбонҳои гулрез ва кӯчаҳои пур аз муҳаббати он маро ба диёри хотироти рангини рӯзгори рафта мебарад, рӯзгоре, ки ҳар субҳ сӯи мактаби №53 раҳсипор мешудам... Макони шоистаи ихлосу иродат, ки бароям то абад азизу гиромӣ ва муаззам боқӣ хоҳад монд.

Замира ҒАФФОРОВА,

доктори илмҳои филологӣ, профессори ДДХ

ба номи академик Б.Ғафуров


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш