Нашрияи Омӯзгор

Нишоне аз тамаддуни халқи тоҷик

Сана: 2020-05-28        Дида шуд: 42        Шарҳ: 0

 

Саразм яке аз шаҳрҳои қадимаи тоҷикон маҳсуб ёфта, ба феҳристи ёдгориҳои ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардидааст. Баъди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳқиқи шаҳри Саразм давраи нав оғоз гардида, 1-уми сентябри соли 2000 он мамнуъгоҳи таърихӣ-бостоншиносӣ эълон шуд. Моҳи сентябри соли равон 5500-солагии Саразми бостонӣ таҷлил мегардад.

Таҳқиқоти бостоншиносон собит карда, ки аҳолии Саразм,  асосан, ба деҳқонӣ, чорводорӣ, моҳигирӣ, шикор, инчунин, косибӣ ва маъдангудозӣ (мис, тилло, қалъагӣ) машғул буданд. Ҳунармандон мис ва қалъагиро омехта, аз он табар, корд, ханҷар, пайкон, чангаки моҳигирӣ ва дарафшу сӯзан месохтанд. Кулолгарони Саразм ба воситаи чархи кулолӣ коса, табақ, ҷом, пиёла, кӯза ва хумча сохта, онҳоро бо рангҳои сиёҳ, қирмизӣ, сурх, гулобӣ ва зардча оро медоданд ва ин маҳсулотро ба фурӯш мебароварданд. 

Саразм маркази қадимаи истеҳсоли маъдан ба ҳисоб мерафт. Саразмиён аз дарёи Зарафшон тилло ба даст оварда, пас аз коркард мефурӯхтанд. Ба ғайр аз ин, Саразм яке аз марказҳои калонтарини оҳангудозӣ дар Осиёи Марказӣ ба ҳисоб мерафт. Дар ин ҷо намунаи порчаҳои рехтагарӣ, гудозиши маъданҳои кӯҳӣ, оҳанҳои калон ва  путк барои майда намудани маъдан, асбобҳои фулузотӣ, ба монанди табар, ханҷар, корд, сӯзанак, чангаки моҳидорӣ ва ороишот ёфт шуданд.

Бинобар таҳқиқотҳои бостоншиносон, зиндагӣ дар Саразм тақрибан 3 ҳазор сол пеш барҳам хӯрдааст. Таърихнигорон тасдиқ мекунанд, ки сабаби аз байн рафтани ҳаёт дар Саразм ба тағйирёбии иқлим вобаста буд. Азбаски мардум таҷрибаи бо хушксолӣ мубориза бурданро надоштанд, ба оқибатҳои хушксолӣ тоб наоварда, ба соҳили дарёи Зарафшон мекӯчанд. Ҳамин тавр,  шаҳри бостонии Панҷакент ба вуҷуд меояд ва минбаъд шаҳрҳои дигари Суғд низ пайдо мешаванд. Панҷакенти қадимро давоми Саразм ё Саразми нав мегӯянд.

Маданияти таърихии шаҳри Панҷакент дар Осорхонаи ҷумҳуриявии таърихию кишваршиносии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, осорхонаи бостоншиносии Саразму Панҷакенти қадим маҳфузанд. Ҳоло нигораҳое, ки толорҳои ин осорхонаҳоро зеб мебахшанд, маҳсули кофтуковҳои бостоншиносии Саразму Панҷакенти қадима буда, он зиёда аз 3000 ададро ташкил медиҳанд. Забони осорхонаҳо нигораҳо мебошанд. Онҳо таърихи гузаштаю имрӯзаи миллату ҳалқҳо, қавму қабилаҳоро пеши назари наслҳои имрӯзу оянда бозгӯӣ мекунанд.

 Ороишоте, ки аз қабри Маликаи Саразм ёфт шудааст, ҳунари бойи заргарии ҳазорсолаи III-IV-и пеш аз мелодро исбот менамояд. Нигораҳои ёфтшуда далел бар онанд, ки аҷдодони мо дар он давраҳо санъату ҳунари заргарӣ, истеҳсол ва коркарди онро ба таври васеъ ба роҳ монда  будаанд. Кулолони Саразм наққошони аввалин низ буданд. Дар ин замина, рангҳо низ пайдо шуданд. Кулолону наққошони Саразм ҳунари хоси тайёр кардани рангҳои сурх, зард, кабуд, осмонӣ, лоҷувард ва сиёҳро доштанд.

Урфу одат ва расму оинҳои қадимаи мардуми Саразм аҳамияти бузурги иҷтимоӣ-таърихӣ дорад. Омӯхтану ба шароити имрӯза мутобиқ намудани анъанаҳои пешқадами гузаштагони халқи тоҷик, аз ҷумла, мардуми Саразм вазифаи таъхирнопазири муаррихон ва аҳли ҷомеа мебошад.

Файз Гулмадов,

доктори илмҳои педагогӣ, мудири шуъбаи назария ва таърихи педагогикаи

Академияи таҳсилоти Тоҷикистон


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш