Нашрияи Омӯзгор

Табиати Тоҷикистон биҳиштосост

Сана: 2020-05-28        Дида шуд: 39        Шарҳ: 0

 

Диёри бостонии мо - Тоҷикистони биҳиштосо бо табиати зебову дилрабояш таваҷҷуҳи ҳазорон сайёҳи дохиливу хориҷиро ҷалб кардааст. Ҳар сол шаҳрвандони зиёди давлатҳои ҷаҳон кишвари моро тамошо карда, бо таассуроти хубу хотироти фаромӯшношуданӣ ба ватанашон бармегарданд. Сайёҳӣ яке аз соҳаи сердаромади иқтисодиёти кишварҳои алоҳида ба ҳисоб меравад.

Мусаллам аст, ки туризм ба барқароршавии робита миёни миллатҳо мусоидат намуда, ба ҳамкории осоишта замина мегузорад. Таҳкурсии аввалини инкишофи туризм шароити табиӣ ва географӣ мебошад. Тирамоҳи соли 1954 якумин маротиба дар таърихи туризми Тоҷикистон алпиниада бо мақсади инкишоф додани соҳаи кӯҳнавардӣ дар байни ҷавонони Тоҷикистон ва минбаъд якчанд мусобиқаҳои хатсайри беҳтарини ИҶШС ва чемпионати туризми ИҶШС баргузор шуда буданд.

Дар даврони Истиқлолияти давлатӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои зиёдеро ҷиҳати беҳдошти табиати кишвар роҳандозӣ намудааст. Қабули қонуну санадҳои меъёрии махсус дар соҳаи ҳифзи захираҳои табиӣ нишонаи сиёсати устувори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти истифодаи оқилонаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва ҳифзи муҳити зист мебошад. Аз маълумоти оморӣ ва сарчашмаҳои илмӣ бармеояд, ки алҳол дар Тоҷикистон зиёда аз 37 санади меъёриву ҳуқуқӣ оид ба ҳифзи захираҳои табиӣ ва истифодаи самараноки он мавриди амал қарор гирифтааст. Таваҷҷуҳи хоса нисбат ба объектҳои нодири табиӣ, ба монанди кӯли Сарез, мавзеи Сафеддара, дараи Варзоб ва дигар минтақаҳои тамошобоби кишвар мусоидат намуд, ки дар Тоҷикистон шароити зарурӣ барои қабули сайёҳони хориҷӣ омода гардад.

Мавриди зикр аст, ки яке аз мушкилоти асосии рушди соҳаи сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон камшумор будани мутахассисони босалоҳияти касбӣ, дониши нокифоя ва маҳорати пасти корбарии роҳбаладон, хуб надонистани забонҳои хориҷӣ, номукаммалии раванди тарғиботӣ ва ғайра мебошад. Бинобар ин, Пешвои миллат Ҳукумати ҷумҳуриро вазифадор намуданд, ки якҷо бо вазорату идораҳои марбута ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо мақсади боз ҳам рушд додани соҳа имкониятҳои мавҷударо васеъ истифода бурда, инфрасохтори сайёҳиро инкишоф диҳанд. Сифати хизматрасониро баланд бардошта, раванди танзими давлатӣ ва дастгирии сайёҳиро густариш бахшанд, ҷалби ҳарчи бештари сармоя ва омода намудани кадрҳои болаёқатро дар ин самт таъмин намоянд.

Дар Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” баҳри таъмини иҷрои нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати рушди соҳаи сайёҳӣ тадбирҳои зиёде амалӣ мегарданд, ки нишонаи дастгирии доимии аҳли заҳмати донишгоҳ аз сиёсати дохилӣ ва хориҷии роҳбарияти олии кишвар мебошад. Айни замон дар факултаи геоэкологияи муассиса зиёда аз 80 донишҷӯ бо ихтисоси “географияи сайёҳӣ ва менеҷменти саёҳат” таҳсил менамоянд, ки бо итминони комил метавон изҳор намуд, ки онон захираҳои кадрии рушди соҳаи сайёҳӣ хоҳанд шуд.

Ҳамзамон, роҳандозӣ шудани  экспедитсияи илмӣ - тадқиқотӣ таҳти роҳбарии профессор С.Абдураҳимов бо хатсайри Хуҷанд – Истаравшан – Айнӣ -Душанбе – Файзобод – Роғун – Ҳоит – Тоҷикобод – Лахш – Мук – Сариосиёб - Ҳавзаи дарёи Муксу - қисми шимолии қаторкӯҳи Пётри I – Душанбе - Хуҷанд бо фарогирии ду гурӯҳи донишҷӯёни ихтисосҳои география, географияи сайёҳӣ ва менеҷменти саёҳат барои аз худ кардани тадқиқоти комплекси географӣ истифодаи методи муқоисавӣ-географӣ, таҳлили маводи оморӣ, тартиб додани харитаҳо дар асоси маълумоти саҳроӣ кумак намуд. Ҳайати экспедитсияро 16 нафар ташкил мекарданд ва ба онҳо муяссар гардид, ки манзараҳои кӯҳии қисми шимолии қаторкӯҳи Пётри I-ро, ки дар байни мутахассисон ҳамчун макони туристӣ нуфуз пайдо кардааст, бубинанд.

Ҳамчунин, бояд қайд кард, ки бо ташаббуси устодони факултаи таърих ва ҳуқуқ экскурсияҳо ба мавзеъҳои таърихӣ ва осорхонаҳо ташкил карда мешаванд. Дар маҷмӯъ, дар ин факулта 20 маротиба экскурсияҳо бо донишҷӯён ба мавзеъҳои таърихӣ, аз ҷумла, Осорхонаи ҷумҳурияии академик Бобоҷон Ғафуров (н. Бобоҷон Ғафуров), маҷмааи таърихӣ -фарҳангии “Қалъаи Хуҷанд”, Осорхонаи таърихии вилояти Суғд, ёдгории Муғтеппа, Осорхонаи таърихии Истаравшан, мақбара ва масҷиди Ҳазрати Шоҳ, ёдгории меъмории мадрасаи Султон Абдулатиф (Кӯк-гумбаз), маҷмааи Сари мазор, масҷид ва мазори Сабристони деҳаи Ругунди Истаравшан, маҷмааи фарҳангии Қасри Арбоб, мазори деҳаи Овчи-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва ёдгориҳои таърихии гирду атрофи он, Осорхонаи таърихи тиб дар осоишгоҳи Зумради Исфара, мадрасаи Мирраҷаб Додхоҳи Конибодом, Қалъаи Қаҳ-Қаҳа, Чилҳуҷра, Чилдухтарон, ёдгории Модагурги ноҳияи Шаҳристон, ёдгориҳои таърихии шаҳри Хуҷанд-маҷмааи таърихии Шайх Маслиҳаддин, маҷмааи Исмоилӣ Сомонӣ, маҷмааи таърихӣ-фарҳангии Истиқлол, Осорхонаи шахсии «Хона-музеи Усмонов Нозимҷон» дар Ҷамоати деҳоти Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров гузаронида шуданд.

Дар факултаҳои забонҳои хориҷӣ ва забонҳои шарқи донишгоҳ ба донишҷӯён забони англисӣ, олмонӣ, арабӣ, хитоӣ, форсӣ ва ӯзбекӣ омӯзонида мешаванд, ки дар оянда онҳо ҳамчун тарҷумон ва роҳбалад метавонанд фаъолият баранд. Ҳайати устодони донишгоҳ тасмим доранд, ки дар солҳои минбаъда низ ҷиҳати густариш ва рушди соҳаи сайёҳӣ дар ҳудуди кишвари зебоманзарамон тадбирҳои мушаххасро амалӣ намояд. Зеро сайёҳӣ заминаи боэътимоди рушди иқтисодиёт ва ободию осудагии аҳолии мамлакати соҳибистиқлоли мо мебошад.

 

Ҷ.Ҷӯразода,

ректори ДДХ ба номи академик

Бобоҷон Ғафуров, доктори илмҳои

таърих, профессор


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш