Нашрияи Омӯзгор

Ҳақиқат дигар аст

Сана: 2020-03-19        Дида шуд: 22        Шарҳ: 0

 

Дар нашрияи «Омӯзгор» (шумораи 44, октябри соли 2019) мақолаи Қурбоналӣ Раҳимов - мудири шуъбаи ташкилӣ, кор бо мутахассисон ва коргузории ИККМИ ҶТ-ро хондам.

Ба ақидаи банда, ки собиқаи 50-солаи омӯзгорӣ дорам, барои навиштан ё нанавиштани ма-қола аз аттестатсия гардондани омӯзгор гуноҳест нобахшиданӣ, зеро ҳар як муаллим дар кору фаъолияти омӯзгориаш як тарафи мусбат дорад. Як чизро бояд ба назар гирифт, ки омӯзгори асил эҷодкори асил аст, тавонад нависад, агар не, гуноҳ нест. Аммо тарафҳои дигари кори омӯзгор, мисли донишу ҷаҳонбинии фарох доштан, иштироки шогирдонаш дар озмуну олимпиадаҳо ва ғайраҳо дар мадди назар бояд бошад. Таълифи дастурҳои методӣ ва китобҳои таълимӣ, албатта, на ба ҳар кас муяссар мешавад.

Солҳои тӯлонӣ, ки бо роҳбарону омӯзгорони зиёде кор кардаам, на аз аттестатсия гузаштанду на аълочии маориф буданд, вале корашон ба дараҷаи олӣ буд. Беҳтар аз унвондорон.

Боре ба мактаби мо гурӯҳе аз Вазорати маорифи ҷумҳурӣ бо сарварии беҳтарин мактабшинос ва донишманди касби хеш, устод Ҳабибулло Искандаров омаданд. Банда ҷонишини қисми таълимӣ будам. Баъди санҷиши ҳуҷҷатҳо Ҳабибулло Искандаров гуфт: - Ҷомиев, чӣ мукофоту унвон дорӣ?» Гуфтам: Устод, як Ифтихорнома аз собиқ КМ ВЛКСМ-и шаҳри Маскав дорам ва медалҳои замони хизмати аскарӣ». Устод комиссия ташкил кард, ки банда аз фанни химия ба шогирдон дарс мегуфтам. Баъди санҷиш ба ман нишони Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистонро лоиқ донистанд.

Ин мисолро барои он овардам, ки омӯзгор мақола нанавишта бошад, бок нест, беҳ ки шогирдонаш дониши хуб дошта бошанд, худаш ташкилотчӣ ва ташаббускору намунаи ибрати дигарон бошад.

Чоп кардани мақола ҳам имрӯз мушкил гаштааст, зеро идораи нашрияҳои  Вазорати маориф ва илм пур-пури мақолаю матолибанд.

Як мақола варақаи аттестатсиониро пурра карда наметавонад. Донистани ҳуҷҷатҳои меъёрию ҳуқуқии соҳаи маориф, донишу таҷрибаи кофӣ, мунтазам хондани рӯзномаю маҷаллаҳо, ташкилотчигию ташаббускорӣ, иштироки шогирдон дар озмунҳо, обрӯю эътибор дар мактаб ва макони зист, иҷрои уҳдадориҳои вазифавӣ, такмили ихтисос, донистани технологияи замон ва забондонӣ бояд аз меъёрҳои асосии аттестатсия бошанд. Ҳайати комиссияи аттестатсионӣ бояд ба кори омӯзгор ҳақбинона баҳо диҳад. Вале афсӯс... Ман ҳамчун омӯзгори собиқадор талаб дорам, ки роҳбарон, падару модарон, новобаста аз вазифаи ишғолкарда, мақому мартаба ва аз кадом табақа буданашон, ба мактабу муаллим назари нек дошта бошанд.

Аттестатсияи омӯзгорони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ягона роҳи рушду пешрафти таълиму тарбия нест. Фикр мекунам, ба ҷойи аттестатсия ҳар ду - се сол ба омӯзгороне, ки корашон натиҷанок аст, то як маош зиёд карда шавад.

Дар Тоҷикистон зиёда аз 3884 мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ мавҷуд аст. Агар ба ҳисоби миёна ҳар мактаб 40 омӯзгор дошта бошад, 15-20 нафараш дорои дараҷаи (категорияи) олианд.

Тасаввур кунед, чӣ қадар маблағ фақат барои дараҷаи олӣ сарф мешавад? Омӯзгор машъалафрӯзи ҷомеа ба ҳисоб меравад. Давоми панҷоҳ соли кори омӯзгорӣ мушкилию масъулияти касбиро медонам, аз талхию шириниаш чашидаам. Орден надорам, медал надорам, унвоне надорам, ба ҷуз ҳамон нишони «Аълочии маорифи Тоҷикистон». Шуҳрату мартабаи худро дар симои шогирдон мебинам. Дидаам онҳоеро, ки на мақола навиштанд, на дониш доштанд, на шогирди сазоворе тайёр карданд ва дағал ҳам шавад, на худ ахлоқ доранд, аммо сари синаашон пур аз медалу орден.

Ба ин чӣ мегӯед?

Қурбони ҶОМӢ,

омӯзгори собиқадор,

ноҳияи Файзобод


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш