Нашрияи Омӯзгор

Муносибати босалоҳият - гарави пешрафт

Сана: 2020-03-19        Дида шуд: 31        Шарҳ: 0

 

Яке аз  навгониҳои назаррасе, ки дар раванди таълим тайи солҳои охир ба вуқӯъ пайвастааст, роҳандозии муносибати босалоҳият ба таълим мебошад.

Ҷиҳатҳои мусбати ин усули дарсӣ аллакай  ба ҳамагон маълум гардидааст. Муносибат ба таълими салоҳиятнок агар дар синфҳои ибтидоӣ хуб ба роҳ монда шавад, он барои босавод гардидани хонандагон дар ҳама зинаҳои таълимӣ заминаи хубе мегардад.

Яке аз масъалаҳои муҳим дар баргузории дарс бо усули таълими салоҳиятнок ин озодбаёнӣ ва барпо намудани баҳсҳои омӯзанда байни хонандагон мебошад. Барои мисол, мо як соати дарси математикаро дар синфи 4 мавриди баррасӣ қарор медиҳем. Дар китоби математикаи синфи 4 мисолу масъалаҳои зиёд пешниҳод мешавад. Ин мавзӯъҳои дарсиро якҷо бо бачаҳо кор кардан ва фикру андешаи ҳар кадоми онҳоро гӯш намудан  (агарчи нодуруст ҳам бошад, зеҳни онҳоро такон дода, шавқашонро бедор менамояд.) Агар ин амал сурат нагирад ва ба бачаҳо таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир нагардад, хонандагонро ба сардаргумӣ мебарад ва онҳо зимни ҳалли масъалаву супоришҳо хоҳу нохоҳ ба хатоӣ роҳ медиҳанд.

Омӯзгор бояд барои кор кардани мисолу масъалаҳо нафаре аз хонандагонро интихоб кунад. Пас аз ҳал кардани мисол ё масъала ба дигаре фармояд, ки хатоҳои ӯро пайдо кунад. Сипас, бо аҳли синф кори он ду нафарро баррасӣ менамоянд. Бигзор, хонандагон озодона амали анҷомдодаи ҳамсинфашонро ҳаматарафа таҳлил кунанд, фикру андешаҳояшонро ошкоро гӯянд, камбудиҳояшро ифшо созанд. Бачаҳо дар ин ҳолат ба баҳс ворид гардида,  фаъолияти якдигарро баҳогузорӣ мекунанд. Дар натиҷа, тамоми аҳли синф бо як  шавқу шӯр ба дарс, ба омӯзиш машғул мегарданд. Мо метавонем аз роҳу усулҳои дигар низ дар раванди дарс  истифода барем, то хонандагонро ба аз худ кардани илму дониш шавқманд намоем. Омӯзгор ҳангоми дарс бояд ба рушди зеҳнии хонандагон мусоидат кунад, ба шогирдон содиқона таълим диҳад ва рисолати хешро сарбаландона иҷро намояд.

 

Сарвиноз Саидова,

омӯзгори синфҳои ибтидоии мактаби №97-и ноҳияи Сино


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш