Нашрияи Омӯзгор

Китоби дарсии мақбули мо

Сана: 2020-03-19        Дида шуд: 27        Шарҳ: 0

 

Китоби дарсии «Физика» барои синфи 9 (муаллифон Ҳомид Маҷидов ва Отаҷон  Неъматов) барои мо, омӯзгорони ин фан, басо писанду мақбул мебошад. Зеро китоби мазкур бо забони содаю фаҳмо ва шево таълиф гардида, муаллифон кӯшидаанд, ки моҳияти мафҳуму ҳодисаҳои физикиро наздик ба зеҳни хонанда тафсиру маънидод намоянд. Душворбаёнӣ, ба дарозо кашидани сухан, шарҳу тавзеҳи мушкилу мураккаб дар таълими мавзӯъҳо ба мушоҳида намерасад. Дар пешгуфтори китоб низ ба ҳамин масъала ишора шудааст:

«Дар навиштани китоб кӯшиш ба харҷ дода шудааст, ки мавзӯъҳо ба хонандагон фаҳмо бошанд ва дар бисёр маврид аз овардани исботи формулаҳо даст кашида, шакли содаи баён интихоб шудааст. Китоб, инчунин, мавзӯъҳои нисбатан душворро дар бар мегирад ва онҳо бо рамз ишорат шудаанд. Мавзӯъҳои мазкур барои хониши иловаи хонандагони қобилиятнок тавсия мешаванд». Воқеан, аз боби аввал –«Лаппиш ва мавҷҳои механикӣ. Садо» шурӯъ карда, тамоми мавзӯъҳои минбаъда бо забону сабки фаҳмо навишта шудаанд. Барои мисол, аз боби  3 – «Оптика «Ҳодисаҳои рӯшноӣ», мавзӯи «Манбаъҳои рӯшноӣ»-ро шарҳ медиҳем. Аз таҳлили мавзӯъ бармеояд, ки рӯшноӣ барои инсону ҳайвонот ва наботот аҳамияти ниҳоят калон дорад. Он барои пешрафти фаъолияти инсон ниҳоят зарур мебошад. Рӯшноӣ аз ҷисмҳо афканда мешавад. Манбаъҳои рӯшноӣ ба табиӣ ва сунъӣ ҷудо мешаванд. Ба манбаъҳои табиӣ Офтоб, ситораҳо, фаҷрҳои қутбӣ, электрик, набототу ҳашароти дурахшанда дохил мешаванд. Ба манбаъҳои сунъии рӯшноӣ гулханҳо, гӯгирд,  шамъу чароғ, экрани фурӯзони телевизор, лампаҳои электрикӣ ва ғайраҳо тааллуқ доранд… (саҳ 70-71).

«Мушт-намунаи хирвор» гуфтаанд. Аз ҷумлаҳое, ки  аз дохили матн овардаем, ягон калимаву мафҳум душвор, нофаҳмо ва  мураккаб намебошад. Китоб бо расмҳои иртиботманди мавзӯъҳо ба таври хеле ҷолиб оро дода шудааст. Дар охири китоб намунаи корҳои лабораторӣ оварда шудааст. Дар умум, китоби «Физика» барои синфи 9 метавонад солиёни зиёде бо мазмуну мундариҷаи баланди худ барои омӯзгорону хонандагон хидмат намояд.

 

Нигора Саъдиева,

омӯзгор


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш