Нашрияи Омӯзгор

Истифодаи босамари нақлиёти автомобилӣ

Сана: 2020-03-19        Дида шуд: 21        Шарҳ: 0

 

Нақлиёти автомобилӣ қисми ҷудонопазири раванди технологии истеҳсолот мебошад.

Муайян гардидааст, ки кори воситаи нақлиёти автомобилӣ 20 фоизи хароҷоти  истеҳсолотро ташкил медиҳад ва яке аз хусусиятҳои асосии он  натиҷаи кори парки автомобилӣ  мебошад, ки ба қисми таркибии арзиши маҳсулот дохил мешавад.

Барои таҳлили аниқи иқтисодии истифодаи нақлиёти  автомобилӣ масъалаҳои зеринро мушаххас бояд намуд:

1) баҳодиҳии нақшаи иҷрошуда дар асоси нишондиҳандаҳои истифодабарию техникӣ, иқтисодӣ ва молиявӣ дар солҳои аниқ;

2) таҳлил намудани сабабҳои маълумоти ҳисобӣ аз маълумоти нақшавӣ ва ченшуда, ки ба онҳо омилҳои гуногун таъсир мерасонанд;

3) кор барои истифодаи пурраи ресурсҳои автомобил бо ҳадафи   баландбардории самаранокии он.

Нишондиҳандаҳои асосии техникӣ - иқтисодии воситаи нақлиёти автомобилӣ ба арзиши аслӣ ва арзиши нархӣ тақсим мешаванд. Аз ҳама нишондиҳандаи муҳимтарин арзиши аслӣ мебошад. Он истифодаи парки автомобилиро тасниф медиҳад, маҳсулнокии он бошад  ба боргардиш ва борбардории парки автомобилӣ тааллуқ дорад. Вай нишон медиҳад, ки чӣ қадар бор бо тонна - километр нисбат ба адади борбардорӣ кашонида шудааст. Ҳамин тавр, маҳсулнокии парки автомобилӣ бо таъсири тағйирёбии 2 омил ташкил карда мешавад: ҳаҷми боргардиш ва борбардории парки автомобилӣ.

Боргардиш  ҳаҷми корҳои иҷрошуда бо тонна – километр аст. Бузургии он аз миқдори автомобилҳои солона ба ҳисоби миёна ва кори солонаи як автомобил вобаста аст. Кори солона аз миқдори рӯзҳои кории автомобили якум ва маҳсулнокии рӯзона вобаста буда, дар навбати худ бо таъсири гашти шабонарӯзии автомобил ба  ҳисоби миёна, коэффитсиенти истифодаи гашт, борбардорӣ ва коэффитсиенти борбардорӣ муайян карда мешавад.

Гашти шабонарӯзи баҳисоби миёна аз шиддатнокии кори воситаи нақлиёт тасниф карда мешавад, ки бо суръати ҳаракат ва вақти дар ҳаракатбуда вобаста аст. Ҳангоми таҳлили суръати ҳаракат талаботи роҳ, ҳолати техникии автомобил ва дараҷаи ихтисоси ронанда дида мешавад. Вақти дар ҳаракатбуда аз вақти дар нарядбуда, вақти боркунию борфарорӣ ва одӣ вобаста аст.

Коэффитсиенти истифодаи гашт бо бор ба гашти умумӣ дохил мешавад. Коэффитсиенти мазкур бояд дар намуди рақам навишта шавад. Гашти умумӣ дар бар мегирад: гашти автомобил бо бор, гашти холӣ ва нулӣ. Гашти холӣ – ин гашти автомобил байни нуқтаҳои боркунию борфарорист. Гашти нулӣ –  гашти автомобил аз истгоҳ ба нуқтаи аввали боркунӣ ва аз нуқтаи охирини борфарорӣ ба истгоҳ мебошад.

Борбардории автомобили якум аз сохти бор вобаста аст. Вобаста аз вазни нисбӣ ва коэффисиенти истифодабарии борбардории воситаи нақлиёт борҳо ба 5 класс ҷудо мешаванд:

Класси 1-ум – коэффитсиенти истифодабарии борбардорӣ баробар ба 1. Ин борҳо, ки 100% борбардории имконпазирии автомобилро истифода мебарад. Мисол: рег, сангреза ё шағал, ғалладона ва ғ.

Класси 2-юм - коэффисиенти истифодабарии борбардорӣ аз 0,71 то 0,99 (картошка, тахтаҳо, хишт ва ғ.).

Класси 3-юм - коэффитсиенти истифодабарии борбардорӣ аз 0,51 то 0,70 (тарбуз, ангур, ҷевонҳо ва ғ. ).

Класси 4-ум – коэффитсиенти истифодабарии борбардорӣ аз 0,41 то 0,50 (борҳои ҳаҷмашон калон лекин сабук).

Класси 5-ум - коэффитсиенти истифодабарии борбардорӣ то 0,40.

Ҳамаи онҳоро ҳангоми интихоби воситаи нақлиёт барои кашонидани бор бояд омӯхт. Истифодаи автомобилҳои борбардориашон калон ҳангоми кашонидани борҳои классҳои 3-5 лозим нест. Ратсионализатсияи  мазкур хароҷотро кам мегардонад.

Ресурсҳои асосӣ, инҳо мебошанд:

-ташкили дурусти кор ва баландбардории вазни нисбии вақти асосии корӣ:

а) кам кардани вақти муоинаи автомобил;

б) кам кардани вақт, ки ба гирифтан ва супоридани  варақаи дастурӣ сарф мешавад;

в) кам кардани бекормонии автомобил ҳангоми борборкунию борфарорӣ;

г) дуруст ба роҳ мондани кор байни воситаи нақлиёт ва боркунанда;

- баландбардории дараҷаи ихтисоси ронандаҳо;

- баландбардории сифати роҳ;

- истифодаи самаранокии радиуси боркашонӣ барои автомобилҳои тамғаҳояшон гуногун;

- баландбардории истифодаи коэффитсиенти гашт;

- баландбардории истифодаи коэффитсиенти борбардорӣ..

Бо ҳисобгириҳо, номгӯи хусусиятҳо, масъалаҳо, нишон-додҳо ва омилҳои муассиса схемаи гузаронидани таҳлилҳоро бояд дуруст сохт, ки мувофиқи он имконияти муайянкунии роҳҳои баландбардории самаранокии кори парки автомобилӣ бештар гардад.

Б.Комилов,

омӯзгори коллеҷи муҳандисӣ-омӯзгории ноҳияи Ҷ.Расулов,

аспиранти Донишкадаи

политехникии  Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш