Нашрияи Омӯзгор

Ёде аз Камоли Хуҷандӣ

Сана: 2020-03-19        Дида шуд: 23        Шарҳ: 0

 

Камоли Хуҷандӣ аз зумраи намояндагони  машҳури адабиёти классикии форсу тоҷик мебошад, ки бо эҷодиёти пурмуҳтавои худ  шуҳраи олам гардидааст. Бо пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон созмони байналмилалии ЮНЕСКО ҷашни 700 – солагии шоирро дар феҳристи ҷашнҳои байналмилалӣ пазируфт. Соли ҷорӣ он ботантана дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва як қатор мамолики ҷаҳон қайд хоҳад гардид. Ба ин хотир дар ҷумҳурӣ нашри асарҳои шоир ба нақша гирифта шуда, дар муассисаҳои илмиву таълимӣ конфронсу чорабиниҳои зиёде баргузор мегардад.

Чунин як ҳамоиш дар литсейи Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат бо иштироки васеи дӯстдорони ғазалиёти шоир барпо гардид. Дар ин конфронс оид ба  паҳлуҳои гуногуни ҳаёт ва эҷодиёти шоир сухан рафт.

Директори литсей Бобо Мирзоев аз  тасмимоти литсей оид ба ҷашни адиб иттилоъ дода афзуд, ки ба хотири ҷашни шоири шӯридадил баргузории як қатор озмуну маҳфилҳои адабӣ ба нақша гирифта шудааст, ки то таҷлили ҷашни адиб дар сатҳи ҷумҳуриявӣ идома хоҳад ёфт.

Дар конфронс хонандаи синфи 10, гирандаи стипендияи Президентӣ Иброҳим Достиев оид ба ҳаёт ва фаъолияти эҷодии шоир маълумот дод, Хонандаи синфи 9 Сафармо Абдураҳмонова дар мавзӯи «Камоли Хуҷандӣ - шоири худшинос ва ватандӯст» маърӯза кард. Ғолибони озмуни мактабии «Дунёи ғазали Камол» аз эҷодиёти шоир намунаҳо хонданд.

Сипас, байни хонандагони синфи 9 – и таълимгоҳ доир ба рӯзгор ва мероси адабии Камоли Хуҷандӣ дар шакли саволу ҷавоб мусобиқа барпо гардид.

Ба иштирокдорони конфронс замзамаи суруди «Хуш намеояд маро» (бар матни Камоли Хуҷандӣ) дар иҷрои хонандаи синфи 10 Фаришта Мирзоева ва саҳначаи хонандагони синфи 9 бо номи «Дар ғарибӣ» писанд омад.

Директори литсей Б. Мирзоев конфронсро ҷамъбаст намуда, ба хонандагон ва омӯзгорони забон ва адабиёти тоҷики литсей, ки дар баргузории ҳамоиш саҳми муносиб гузоштанд, изҳори миннатдорӣ намуд.     

Ҳотами ҲОМИД,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш