Нашрияи Омӯзгор

Натиҷаи кори муштарак

Сана: 2020-03-19        Дида шуд: 19        Шарҳ: 0

 

Тарбияи ҳаматарафаи кӯдак масъалаи хеле муҳим, ҷиддӣ ва масъулиятнок буда, дар ҳамкории оила, кӯдакистон ва мактаб ба даст меояд. Он ба ҳавасу хоҳиши ҳамкорӣ доштани волидон бо кӯдакистон вобастагӣ дорад.

Падару модарон набояд фаромӯш кунанд, ки ояндаи ҷамъият ба насли наврас, ба дараҷаи инкишофи ҷисмонӣ,  зеҳнӣ, маънавию ахлоқӣ ва ба омодагии кӯдак ба мактаб алоқаманд мебошад. Ҳар як падару модар фарзандро ба дунё оварда, орзую умеди зиёдро дар дил ниҳоду сиришти худ мепарваранд. Фарзандро бо меҳру муҳаббат навозиш мекунанд, талаботи моддию маънавии ӯро қаноатманд мегардонанд ва вобаста ба донишҳои андӯхтаашон таълиму тарбия медиҳанд.

Кӯдакро бояд аз хурдсолӣ тарбият кард. Дар баъзе  оилаҳо ба омодагии кӯдак ба мактаб диққати зарурӣ дода, ҳар чӣ бештар хондан ва навиштанро ба онҳо ёд додан мехоҳанд, то ки ба мактаб рафта хонандаи аълохон шавад. Кӯдакро соатҳои зиёд ба хондану  навиштан маҷбур мекунанд. Дар ҳолати аз тарафи кӯдак дуруст иҷро накардани супориш, ӯро сарзаниш карда, ҷазо медиҳанд. Маҷбуран амали хондану навиштанро ёд додан ба пастшавии ҳаваси маърифатии кӯдак оварда мерасонад. Муносибати кӯдак ба мактабу таълим дигар мешавад. Инкишофи ҷисмонияш суст гардида, тез мондашавӣ эҳсос мешавад. Кӯдак бояд аз бозӣ сер гардад. Бояд машғулияти тарбияи ҷисмонӣ якумдараҷа бошад ва ҳамеша таҳти назорат қарор гирад. Чунки ин бахш барои инкишофи ҳаматарафаи ӯ зарур аст.  

Таҷриба нишон медиҳад, ки дарки кӯдакон ва омодагии онҳо ба мактаб дар фаъолияти ҳаррӯза, дар бозӣ, меҳнат, муносибат бо ҳамсолон ва дар ҳамкорӣ бо калонсолон сурат мегирад. Калонсолон ба фаъолияти дарки кӯдакон роҳбарӣ намуда, диққатнокӣ ва мушоҳидакориро ба онҳо меомӯзонанд. Майли донистагарии олами иҳотакарда қобилияти зеҳнии кӯдаконро ташаккул дода, ҳисси кунҷковии онҳоро барои дониста гирифтани паҳлуҳои гуногуни масъала («Чаро?», «Барои чӣ?») бедор мекунад. 

Падару модарон ҳар чӣ бештар бо фарзандон ҳамкорӣ  намуда, гуфтугӯ барқарор намоянд ва худ намунаи ибрат бошанд, кӯдак одоби муомиларо хубтар ёд мегирад ва ҳаматарафа инкишоф меёбад.      

                                          

Манижа РОЗИҚОВА,

мураббия,

шаҳри Душанбе       


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш