Нашрияи Омӯзгор

Фарҳанги тафсирии кишоварзӣ

Сана: 2020-03-19        Дида шуд: 21        Шарҳ: 0

 

Китоб офаридан коре саҳл нест, ба вижа, агар китобе муҳтавоманду писандида офаридан бихоҳӣ, бояд заҳмате хорошикан бикашӣ. Ва ин китоб агар фарҳанг (луғатнома) бошад, заҳмат гаронтар мешавад, ин маврид, ба ифодаи шоир, «ба нохун рахна бар кӯҳе намудан» мебояд.

Амали муфиду мондагор, вале басо сангину вазнини фарҳангнигорӣ дар олами адаби тоҷик собиқаи дерин дораду бархе аз донишмандон барои офаридани фарҳанге тамоми умр заҳмату ҳиммат ба харҷ додаанд.

Аз баракати ин амали накуи эшон аст, ки имрӯз мо луғатномаҳои боэътимоди фарогиру муқтадире, амсоли «Чароғи ҳидоят»-у «Бурҳони қотеъ», «Ғиёс-ул-луғот»-у «Фарҳанги забони тоҷикӣ» рӯи даст дорем ва онҳоро варақ мезанему уқдаи сухан во мекунем, забону ҳусни баён меомӯзем. Бо тақозои мақоми давлатии забони модариямон дар замони истиқлол ҳамбаста ба дигар навъҳои фарҳанг эҷоди фарҳангҳои соҳавӣ вусъат ёфт ва вобаста ба соҳаҳои гуногун (аз улуми адабӣ то табиию техникӣ) фарҳангҳо (луғатномаҳо)-и гуногун таҳияву чоп шуданд ва ба такмилу густариши забони тоҷикӣ мусоидат карданд. Чунин фарҳангҳо, ҳамчунин, бори дигар собит намуданд, ки забони мо тавонову ғанӣ ва дорои имконоти фаровон аст, ба мақоми забони давлатӣ комилан созгор  буда метавонад. Дар ҷашни Наврӯзи имсола номгӯи фарҳангҳои соҳавии забони тоҷикӣ боз бо як китоби тозанашр афзуд, ки онро метавон ҳамчун ҳадяи наврӯзӣ пазируфт. Ин китоб «Фарҳанги тафсирии истилоҳоти соҳаи кишоварзӣ» ном дорад ва ба қалами Т.Қодиров-номзади илмҳои кишоварзӣ, профессори кафедраи зоотехникаи ҷузъии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур ва К.Дӯстов –номзади илмҳои филологӣ, дотсент, мудири кафедраи забони тоҷикии донишгоҳи мазкур мутааллиқ аст.

Ин ду олими пуркору ботаҷриба муаллифони чандин рисолаву китоб буда, дар офаридани луғатнома низ дер боз машғуланд ва қаблан дар ҳаммуаллифӣ, аз ҷумла, «Луғати тафсирии истилоҳоти чорводорӣ»-ро иншо кардаанд.

Падидаи тозаи ҳамкории онҳо «Фарҳанги тафсирии истилоҳоти соҳаи кишоварзӣ» тафсири 6400 истилоҳи соҳавиро фаро мегирад ва ҳаҷман ҳам бузург аст; беш аз 120 ҷузъи чопӣ-2000 сафҳа! Маълум, ки муаллифон дар эҷоди ин фарҳанги фарогир заҳмати зиёду бардавом ба харҷ додаву хидмати мондагор кардаанд. Фарҳанги мазкур дар иртибот ба тамоми ихтисосҳои соҳаи кишоварзӣ таҳия шудааст ва самтҳои зеринро дар ин соҳа фарогир мебошад: агрономӣ, боғдорӣ ва биотехнологияи кишоварзӣ, истеҳсол ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, зооинженерӣ, тибби ветеринарӣ, механикони кишоварзӣ, гидромелиоративӣ, агробизнес, иқтисодиёти кишоварзӣ  ва молия. Вобаста ба ин самтҳо фарҳанг ба чор бахш қисмат шудааст ва ҳамчунин, дорои пешгуфтор, феҳристи истилоҳот ва номгӯи адабиёт мебошад.

Муаллифон дар оғози  китоб  таъкид  кардаанд, ки кишоварзӣ дар таърихи тоҷикон мавқеи барҷаста дошта, аз машғулиятҳои бостонибунёди ин халқ эътироф шудааст ва табиист, ки аз истилоҳот низ ғанист. Аксари ин истилоҳот хусусияти миллӣ доранду аз вожаҳои аслан тоҷикӣ ба миён омадаанд. Як қисми дигари истилоҳот хусусияти байналмилалӣ доранд ва ба забони тоҷикӣ ҳам айнан (аҳёнан бо андаке тағйири савтӣ ё шаклӣ) пазируфта шудаанд.

Ин гуна истилоҳот бештар ба бахшҳои зооинженерию иқтисодӣ ва агробизнесу молияи кишоварзӣ тааллуқ доранд. Ба василаи ин фарҳанг мо бо номи бисёр гиёҳҳо, навъи дарахтону растаниҳо, олоти кории кишоварзон, равандҳои фаъолияти кишоварзӣ… ошно мешавем, дар бораи моҳият ва хусусиёташон маълумоти рангин пайдо менамоем. Аз ин лиҳоз, тафсири ду вожаи зерро аз назар мегузаронем: Девгандум-гиёҳест худрӯй. Пояи рост (30-80 см)-и камшоха дорад. Баргаш борики дароз ва неш-тармонанд. Гулаш тоқа-тоқа, калон ва гулобӣ аст. Баргу пояаш серпашмак буда, ғӯзааш то 40 дона тухм дорад; тухмаш гирдшакл; тухми расидааш 98-100% месабзад. Девгандум дар ноҳияҳои паст ва доманакӯҳҳо месабзад. Алафи бегонаи киштзор буда, дар таркибаш 5-6% сапонин дорад, ки барои ҳамаи ҳайвонҳои хоҷагии қишлоқ зарарнок аст. Дар таркиби тухмаш то 6,56% гликозиди заҳрноки гитогин – агростемин мавҷуд аст, бинобар ин, гандуме, ки 0,53% омехтаи тухми девгандум дорад, барои одам ҳам хавфнок аст. Рафтани оби даҳон, беҳузур шудани дил ва қай аломатҳои заҳролудӣ аз тухми девгандуманд. Шӯршӯй –як навъ тадбири агротехникист, ки барои бартараф кардани шӯрии хок  андешида мешавад… Пеш аз шӯршӯй заминро тахту ҳамвор, шудгор,  молаю сихмола карда, ҷӯяк мекашанд.

Ибораву ифодаҳои зиёде, ки дар заминаи рушди соҳаи кишоварзӣ ва ашёву амалиёти нав дар соҳа арзи ҳастӣ кардаанд, аз як тараф, истилоҳоти кишоварзиро афзоиш дода бошанд, аз тарафи дигар, ба такомули забони модариамон ва ғанигардии таркиби луғавии он мусоидат кардаанд. Масалан, танҳо вобаста ба истилоҳи интихобкунӣ (усули мақсадноки хушзоткунии зоотехникӣ) наздик ба бист ибораи хусусияти истилоҳӣ пайдонамуда тафсир ёфтаанд, ки ибораҳои интихоби авлодӣ, интихоб аз рӯи дарозии пашм, интихоби сунъӣ, интихоби табиӣ, интихоби донор… аз он ҷумлаанд.

Китоби «Фарҳанги тафсирии истилоҳоти соҳаи кишоварзӣ» (беҳтар мебуд, ки он «Фарҳанги кишоварзӣ» номида мешуд) амали бесобиқа дар фарҳангнигории тоҷик буда, аз ҷониби шӯрои методии ДАТ ба номи Ш.Шоҳтемур ва Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба чоп тавсия шудааст ва аз он устодону донишҷӯёни мактабҳои олӣ, пажӯҳишгарон, мутахассисони забоншинос ва кулли ҳаводорону алоқамандони забони тоҷикӣ метавонанд ба таври васеъ истифода  намоянд.

Муаллифон Т.Қодиров ва К.Дӯстов ин асари  арзишманду манфиатбори худро ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 90-солагии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур бахшидаанд. Он, воқеан ҳам, ҳадяи шоистаест ба ҷашнҳои мазкур ва муаллифон барои чунин асари муҳтавоманд сазовори ҳама гуна арҷгузориянд. Муаллифони китоб аз Соз-мони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ (ФАО) дар Тоҷикистон, ки чопи китобро маблағгузорӣ кардааст, сипосгузоранд.

 

М.Абдурауф,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш