Нашрияи Омӯзгор

Ҷамоати деҳот рушд меёбад

Сана: 2020-01-16        Дида шуд: 40        Шарҳ: 0

 

Дар замони соҳибистиқлолии кишвар водии Язгулом рӯ ба инкишоф ниҳод. Бахусус, ба рушди соҳаи маориф диққати хоса равона карда шуд.

Дар ҷамоат 7 муассисаи таҳсилоти умумӣ бо фарогирии 1337 хонанда амал мекунанд, ки бештарашон бо бинои замонавӣ ва кадрҳои соҳибтахассус таъминанд. Соли 2018 барои хатмкардагони муассисаҳои таҳсилоти ҳамамагонии водӣ 40 квотаи иловагӣ пешбинӣ шуд. Соли 2019 аз 115 нафар хатмкунанда 61 нафар ба мактабҳои олии кишвар ва хориҷи он дохил шуда, боқӣ дар коллеҷу литсейҳои касбӣ таҳсил мекунанд.

Ҷ. Қозибеков,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш