Нашрияи Омӯзгор

Фазилати забондонӣ

Сана: 2020-01-16        Дида шуд: 44        Шарҳ: 0

 

Ҳамагон шоҳиди онем, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли маориф ва ба таълиму тарбияи насли наврас ҳамеша диққати махсус зоҳир менамоянд ва зимни мулоқоту вохӯриҳояшон дар минтақаҳои гуногуни мамлакат аз роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, омӯзгорон ва  тамоми ашхосу ниҳодҳои алоқаманд даъват месозанд, ки насли наврасро дар рӯҳияи ватандӯстиву ифтихори миллӣ ва донишандӯзию парастиши дӯстиву ваҳдат тарбия намоянд. Сарвари кишвар нисбат ба тақдири созандагони фардои миллат-хонандагони имрӯзаи таълимгоҳҳо ҳамеша тадбирандешӣ мекунанд ва мехоҳанд, ки онҳо аз ҳар ҷиҳат  комил инкишофёфта ва соҳибхираду тадбиркор бошанд. Президенти ҷумҳурӣ борҳо бевосита бо хонандагон дар мактабҳо суҳбату мулоқотҳои самимӣ ороста, нисбат ба онҳо падарвор ғамхорию меҳрубонӣ кардаанд. Пешвои миллат наврасону ҷавононро даъват менамоянд, ки хуб таҳсил кунанд, ҳар чӣ бештар дониш омӯзанд, забонҳои хориҷиро азхуд бикунанд, технологияи муосирро дурусту мукаммал идора карда тавонанд. Бидуни ин сифатҳо дар ҷаҳони муосир муваффақ шудан имкон надорад. Президенти ҷумҳурӣ, махсусан, ба забономӯзии насли наврас таваҷҷуҳи зиёд доранд ва инро яке аз омилҳои асосии комёбии онҳо медонанд. Ба таъкиди Пешвои миллат, ҳар як ҷавон имрӯз бояд 2-3 забони хориҷиро донад ва донистани забонҳои русию англисӣ барои ҷавонони тоҷик бештар аҳамият дорад. Воқеан, донистани забони русӣ ба ҷавонони  мо имкон фароҳам меоварад, ки дар тамоми қаламрави собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ озодона муошират кунанду фаъолияти пурсамарашонро таъмин созанд. Дар баробари ин, Сарвари кишвар пайваста таъкид менамоянд, ки донистану омӯхтани ҳар забоне танҳо дар заминаи хуб донистани забони модарӣ имконпазир мегардад. Забони модарӣ бояд василаи ифтихори ҳар шахс, як омили нангу номуси ӯ бошад. Забони модариро самимона бояд дӯст дошту баҳри ҳифзу рушдаш ҷидду ҷаҳд бояд намуд. Дар Паёми навини Президенти ҷумҳурӣ ба Маҷлиси Олии мамлакат чунин суханони пурмеҳр ва ҳидоятгар садо доданд: «Мо бояд забони шево ва шоиронаи тоҷикиро мисли модар ва Ватани худ дӯст дорем ва онро ҳамчун гавҳари бебаҳои ҳастиамон ҳифз кунем».

Мо, омӯзгорон, бояд ҷавобан ба чунин ҳидоятҳои ватанпарастонаи Пешвои миллат бо азму иродаи дучанд фаъолият намоем ва аз ҷумла, барои таълими забонҳои хориҷӣ ба шогирдонамон аз усулҳои фаъолу пурсамари тадрис васеъ истифода бикунем. Бояд гуфт, ки донистани забонҳои хориҷӣ барои дарёфти маълумоти васеъ аз фанҳои дигар мусоидат мекунад.

 

Гулғунча Акимбекова,

омӯзгори химия ва биология


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш