Нашрияи Омӯзгор

Таваҷҷуҳ ба фарҳанг

Сана: 2020-01-16        Дида шуд: 37        Шарҳ: 0

 

Дастовардҳои соли гузашта ва нақшаҳои  ояндаи Ҳукумати ҷумҳурӣ дар Паёми  навбатии Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле равшан ва дақиқ баррасӣ шуданд.

Андешаҳои   доир  ба  соҳаи  маориф ва фарҳанги  миллӣ иброзкардаи  Сарвари  давлат масъулияти  мо -  омӯзгоронро  зиёдтар карданд. Дар ҳақиқат, дар  замони соҳибистиқлолӣ вазъи  таълиму  тарбия беҳ ва бунёди моддӣ техникии мактабҳо даҳчанд хуб  шуд. Дар  баробари  истифодаи  усулҳои  маъмули  дарс шеваҳои  нави тадрис  ҳам дар  амал татбиқ  карда  шуд, ки  усули  ҳамгироии таълим яке аз онҳост.

Мактаб, китоб ва  омӯзгор калимаҳое,  ҳастанд, ки ҳамдигарро  пурра  мекунанд. Дар  таълиму тарбия нақши асосиро  китоб мебозад. Сарвари  давлат дар Паём  аз  озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ...»  ёд карда,  онро  дар  саводомӯзӣ ва худшиносии наврасону ҷавонон бисёр муассир  донистанд. Дастур дода шуд, ки минбаъд ҳар  сол  озмуни  «Фурӯғи субҳи  доноӣ...»  баргузор карда шавад ва ба  он  доираи ҳар чӣ васеътари аҳли ҷомеа ҷалб карда  шавад. Китобхонаҳо  бояд  ба  маркази муҳими илму  фарҳанг табдил дода шаванд, зеро  китоб маҳсули  ақлу  заковати мардуми соҳибтамаддун, омили  асосии ҳифзи фарҳанги миллат аст. Шубҳае  нест, ки  озмуни  «Фурӯғи субҳи  доноӣ...» дар худшиносӣ ва китобдӯст шудани  шогирдони   мо  нақши  муҳим мегузорад. Агар  дар  баробари омӯзгорон волидайн ҳам тарғибгари китоб бошанд, фарзандони онҳо бештар донишманд  ва худогоҳ мешаванд. Нашриётҳои кишвар дар  чанд  соли гузашта  ҳазорҳо  нусха  китоби пурарзиш чоп  карданд. Имрӯз бе   ягон  душворӣ метавон  аз  дуконҳои  китобфурӯшӣ «Шоҳнома», «Хамса», «Баҳористон», «Гулистон», «Бӯстон», «Тоҷикон», «Бадоеъ-ул  вақоеъ», «Насиҳатнома»  ва даҳҳо  китоби  дигарро  дастрас  кард.

Султон  Солеҳов,

  омӯзгори  мактаби №17 -и

шаҳри Панҷакент


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш