Нашрияи Омӯзгор

Ғолибон муайян гардиданд

Сана: 2020-01-16        Дида шуд: 136        Шарҳ: 0

 

Дар мактаби 27-и шаҳри Хуҷанд аз фанни забони англисӣ таҳти унвони “Splling Bee” («Талаффузи овозҳо») олимпиада баргузор гардид. Дар расми ифтитоҳи он мудири шуъбаи маорифи шаҳр Муҳайё Акмалхӯҷаева таъкид дошт, ки ҳадаф аз баргузор намудани олимпиадаи мазкур баланд бардоштани шавқу рағбати хонандагон ба омӯзиши забони англисӣ дар самти татбиқи «Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забони русӣ ва англисӣ дар ҷумҳурӣ барои солҳои 2015-2020» мебошад.

Мавриди зикр аст, ки ба василаи гузаронидани олимпиада хонандагони болаёқат дарёфт гардида, чунин хонандагон баҳри таҳсил ба хориҷи кишвар омода мешаванд.

Дастпарварони муассисаҳои таълимии №№3, 9, 11, мактаби хусусии «Дониш», литсей барои хонандагони болаёқат, литсейи Донишкадаи политехникии шаҳри Хуҷанд ғолибият ба даст оварданд.

 

Нуъмон  РАҶАБЗОДА,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш