Нашрияи Омӯзгор

40 нафар ғолиб омаданд

Сана: 2019-12-05        Дида шуд: 321        Шарҳ: 0

 

Дар вилояти Хатлон даври сеюми вилоятии озмуни  ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…» ҷамъбаст гардид.

Дар ин давр 400 нафар ғолиби даври дуюми озмун ҳунари худро нишон доданд.40 нафари онҳо ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд.

Ба маҳорати иштирокчиёни озмун вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид, муовини вазири маориф ва илм Латофат Назирӣ, роҳбари дастгоҳи раиси вилояти Хатлон Ғазалшоҳ Сафарзода ва дигар масъулин баҳо доданд.

Ҳакамон ба даври ҷамъбастии озмун аз рӯйи чор номинатсия иштироки ҳайати зеринро сазовор донистанд:

Дар номинатсияи аз ёд кардану хондани осори адибони классики тоҷик:

ҷойи якум — Сафармоҳи Аҳмадбек, ноҳияи Ёвон;

ҷойи дуюм– Султон Каримов, ноҳияи Ёвон;

ҷойи сеюм —  Банда Талбакова, шаҳри Кӯлоб.

Дар номинатсияи аз ёд кардану хондани осори адибони муосири тоҷик:

ҷойи якум – Маҳсумаи Маҳмурод, ноҳияи Ёвон;

ҷойи дуюм – Ширини Мирбадал, шаҳри Бохтар;

ҷойи сеюм – Фарзона Темурова, ноҳияи Ёвон.

Дар номинатсияи аз ёд кардану хондани ашъори бачагона ва афсонаву ривоятҳои халқи тоҷик:

ҷойи якум – Нурбону Ятимова, ноҳияи Ёвон;

ҷойи дуюм – Ҳумайнӣ Кароматзода, ноҳияи Данғара;

ҷойи сеюм – Мадина Ҷабборова, ноҳияи Кӯшониён.

Дар номинатсияи аз ёд кардану хондани осори адабиёти ҷаҳон:

ҷойи якум – Майсуна Муминова, ноҳияи Данғара;

ҷойи дуюм – Робия қодирова, шаҳри Кӯлоб;

ҷойи сеюм – Файзулло қадамов, ноҳияи Кӯшониён.

3 декабр дар шаҳри Бохтар ба ғолибони даври сеюми озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…» аз рӯйи чор номинатсия аз 2 то 5 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ ва Ифтихорнома тақдим гардид.

Иштирокчиёни дигар, ки ба даври ҷумҳуриявии озмун роҳхат ёфтанд, бо Ифтихорномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва 1000 сомонӣ мукофотпулӣ сарфароз гардонида шуданд.

 

АМИТ «Ховар»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш