Нашрияи Омӯзгор

Луғати ҳуқуқи байналмилалӣ англисӣ-тоҷикӣ

Сана: 2019-12-05        Дида шуд: 320        Шарҳ: 0

 

Ба наздикӣ китоби «Луғати ҳуқуқи байналмилалӣ-англисӣ-тоҷикӣ»- «International law distionary-english-tajik»-и дипломати ҷавону умедбахш Субҳон Қурбонов нашр гардид.

Бояд гуфт, ки чопи ин гуна фарҳанг дар Тоҷикистон таҷрибаи нахустин буда, 6000 истилоҳи ҳуқуқи байналмилалиро дар бар мегирад. Китоби  мазкур барои донишҷӯёни факултаҳои ҳуқуқшиносии мактабҳои олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар риштаи ҳуқуқи байналмилалӣ тадқиқот мегузаронанд, кормандони вазоратҳо ва муассисаҳое, ки бо равобити хориҷии кишвар сару кор доранд, пешкаш мегардад.

Доктори илмҳои ҳуқуқ Саидумар Раҷабов ба китоб пешгуфтор навиштааст.

Муаллифи китоби мазкур Субҳон Қурбонов иброз дошт, ки айни замон кишвари мо  бо 151 давлати ҷаҳон муносибатҳои дипломатӣ барқарор кардаасту узви комилҳуқуқи созмонҳои бонуфуз байналмилалист. Ҷумҳурӣ дар як қатор давлатҳои олам намояндагиҳои дипломатӣ ва консулӣ дорад. Ҳамзамон, дар шаҳри Душанбе сафоратхонаҳои мамлакатҳои хориҷӣ ва намояндагиҳои созмонҳои байналмилалӣ фаъолият мекунанд. Бинобар ин, донистани истилоҳоти ҳуқуқи байналмилалӣ барои ҳар як корманди соҳаи дипломатия, умуман, барои ҳар нафаре, ки бо созмону ташкилотҳои хориҷӣ сару кор доранд, талаботи замон мебошад.

Бояд гуфт, ки Субҳон Қурбонов шуъбаи муносибатҳои байналмилалии факултаи таърихи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси дипломат хатм кардааст. Мавсуф дар намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорки ИМА, сафоратҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Япония, Ҷумҳурии Туркия ва Ҷумҳурии исломии Афгонистон ба ҳайси дипломат фаъолият кардааст. Забонҳои англисӣ, туркӣ, форсӣ (хат) ва русиро хуб медонад ва муаллифи чанд китоби дигар низ мебошад.

Дилафрӯз Қурбонӣ,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш