Нашрияи Омӯзгор

Сухан аз рушди салоҳиятҳои наврасон

Сана: 2019-12-05        Дида шуд: 396        Шарҳ: 0

 

Бо ташаббуси Маркази ҷумҳуриявии таҳсилоти иловагии Вазорати маориф ва илм ва ЮНИСЕФ дар мактаби байналмилалии Президентӣ дар шаҳри Душанбе конфронс таҳти унвони «Низоми таҳсилоти иловагӣ ва саҳми он дар рушди салоҳиятҳои наврасон» баргузор гардид, ки дар он сардори раёсати таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии Вазорати маориф ва илм Қутбиддин Муҳиддинзода, роҳбари бахши маорифи ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон Алберто Бианколли, директори Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагии вазорат Умедҷон Сафарзода, омӯзгори филиали Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф дар шаҳри Хоруғ Ғуломносир Қурбонов, сардори шуъбаи рушд ва иштироки наврасони намояндагии Хазинаи Кӯдакони СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Хушбахт Ҳоҷиев, корманди ЮНИСЕФ Эраҷ Саодатсайров ва омӯзгорон аз шаҳру навоҳии кишвар иштирок карданд.

Қутбиддин Муҳиддинзода иброз дошт, ки гузариш ба низоми муносибати босалоҳият ба таълим ва навгониҳои муҳим дар соҳаи маориф мебошад. Яке аз ниҳодҳое, ки бевосита ба тарбияи насли наврас иртибот дорад, Созмони хонандагон мебошад. Масъулини вазорат ба ин хулоса омаданд, ки  низоми муносибати босалоҳият ба таълимро дар Созмони хонандагон низ роҳандозӣ намоянд. Бо ин мақсад дар заминаи Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ як қатор чорабиниҳо ба нақша гирифта шудааст, ки конфронси имрӯза яке аз онҳо мебошад.  

Алберто Бианколли гуфт, ки низоми таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ бояд яксон бошад, аммо маълум аст, ки хусусиятҳои фардии кӯдакон аз якдигар фарқ мекунад. Аз ин рӯ, бояд бо ҳар як кӯдак муносибати инфиродиро ба роҳ монд.

Умедҷон Сафарзода маълумот дод, ки дар марказҳои таҳсилоти иловагии 11 шаҳру навоҳии кишвар ҷиҳати татбиқи низоми муносибати босалоҳият ба таълим лабораторияҳои инноватсионӣ кушода шудаву бомаром фаъолият доранд. Барои директорону мураббиҳои истироҳатгоҳҳои тобистона дар доираи лоиҳаи «Ҳамроҳ бихонем» дастурҳои тавсиявии хубе таҳия ва нашр гардиданд. 

Сипас, Хушвақт Ҳоҷиев, Эраҷ Саодатсайров, Маҳмудҷон Дадабоев, Миҷгона Қурбонмамадова, С. Шаҳболов вобаста ба мавзӯъи конфронс маърӯзаҳои пурмуҳтаво пешниҳод карданд.

 

Дилафрӯз Қурбонӣ,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш