Нашрияи Омӯзгор

Масъулиятшиносӣ – калиди пешрафт

Сана: 2019-12-05        Дида шуд: 57        Шарҳ: 0

 

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти  падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» аз бисёр ҷиҳат барои имрӯзу ояндаи миллат аҳамияти бузург дорад.

Ҷомеа тавассути ин қонун вазифадор гардид, ки нисбат ба насли наврас ва ояндаи давлати ҷавони тоҷик бетафовут набуда, дастаҷамъона дар устувору  рушд ва пешрафти он саҳмгузор бошад. Вале таҷрибаҳо нишон медиҳанд, ки моҳияти тақдирсози ин қонунро на ҳар як падару модар амиқ дарк кардааст.

Ҳоло равиши тарбиявии қисми зиёди падару  модар  нисбат ба фарзандони хеш ҳамон равиши тарбиявии суннатиест, ки дар гузашта дар фазои он худашон тарбия ёфтаанд. Бо ин равиш намешавад фарзандро барои замони муосир, замони рушди босуръати техника ва технологияи нав тарбия кард. Дар шароити ҷаҳонишавӣ моро зарур аст, ки на танҳо тарҳи табияро дар ҳамбастагӣ бо таълим ба таври куллӣ  таҷдиди  назар намоем. Ин маънии онро надорад, ки мо аз тарбияи аслии  суннатӣ ва асолати миллии худ даст кашем ва думболи ҳамқадами ҷаҳони муосир гардем. Баръакс, ҳамқадами кишварҳои пешрафта ва рушдёфта будан боиси  ифтихор аст. Аммо дар ин раванд ҳифзи анъанаҳои миллӣ ва тарбияи фарзандон дар рӯҳияи эҳтироми фарҳангу тамаддуни  миллӣ ва арзишҳои волои онро бояд дар мадди аввал қарор диҳем.

Тарбияи фарзанд дар рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ, пеш аз ҳама, аз муҳити хонаводагӣ сарчашма мегирад. Агар ӯ аз овони кӯдакӣ дар муҳити орому  солим тарбия наёбад ва моҳияти таълиму тарбияро дарк накунад, дар ҳаёти минбаъдаи худ ба мушкилиҳои зиёде  рӯ ба рӯ гашта, дар ҷомеа мавқеи худро пайдо карда наметавонад. Бинобар ин, тавассути қонуни мазкур ва дигар қонунҳои амалкунанда  давлат ҳар як падару модар, омӯзгор ва шахсони ба таълиму тарбияи насли наврас вобастаро вазифадор менамояд, ки  дар назди ҷамъият масъул бошанд.

Фарзона МИРЗОЕВА,

омӯзгори забон ва

адабиёт


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш