Нашрияи Омӯзгор

Тартибу низом ҷавҳари зиндагист

Сана: 2019-12-05        Дида шуд: 40        Шарҳ: 0

 

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки соли равон даҳсола шуд, дар ҳаёти иҷтимоӣ ва маънавии халқи мо нақши ниҳоят калон бозид.

Лозим ба ёдоварист, ки ин қонуни воқеан ҳам мардумӣ ва зиндагисоз танҳо танзимгари расму оинҳо набуда, балки танзими ҳама риштаҳои рӯзгори моро фаро мегирад.

Ба иттифоқи донишмандону фозилон, яке аз сабабҳои асосии нокомию номуродӣ ва афтодагию шикасти одамон нашинохтани тартибу низом ва меъёру андоза будааст. Аз ҷумла, яке аз суханварони тоҷик Низомии Ганҷавӣ бо камоли таассуф гуфтааст:

Ҳама кори шоҳони шӯридаоб

Аз андоза нашнохтан шуд хароб.

Пас, тартибу низом надоштан, меъёру андозаро нашнохтан инсонро оҷизу нотавон ва рӯзгори варо харобу вайрон месохтааст. Бархе аз расму оинҳо – тӯю маъракаҳои пурдабдабаю бошукӯҳ, дар мавриди хонадоркунии фарзандон аз доираи танги як авлод берун нарафтан, исрофу беэҳтиётӣ, ки одамон баҳри анҷоми онҳо зиёда ҷидду ҷаҳд менамоянд ва барҳақ сабаби норизоӣ ва эътирози сахти аҳли ҷомеа гардидаанд, бори гароне ба дӯши мардум буда, ба рӯзгори осудаи онҳо нооромӣ, ноҳамворӣ, нобасомонӣ ва бенизомию бетартибӣ ворид месозанд. Чунин расму оинҳои нохушу номатлубро, ки ҳамаи моро ба ташвиш овардаанд, мутафаккирони мо мавриди танқиди сахт қарор додаанд. Масалан, яке аз шоирони бузурги тоҷик Саъдии Шерозӣ дар мавриди харҷҳои беҳудаю зиёдатӣ одамонро ҳушдор дода, ки харҷ набояд аз дахл зиёд бошад: 

Ба дахлу харҷи худ ҳар дам назар кун,

Чу дахлат нест, харҷ оҳистатар кун.

Дигар аз адибони бузурги тоҷик Унсурулмаолии Кайковус дар асари барҷастаи худ «Қобуснома» («Насиҳатнома») дар мавриди хонадоршавии фарзандон андешаҳои ҷолиб баён намудааст. Ин донишманди хирадманд фармуда, ки арӯс аз пайвандону хешовандон нагиред, зеро онҳо бе ин ҳам бо шумо хешу таборанд, балки аз хонадони ношиносону бегонагон оред, то  ки бо онҳо хеш шавед ва миқдори хешовандонро биафзоед.

Бо назардошти ин ҳама норасоиҳо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба тасвиб расид, то ки дар рӯзгори мардум тартибу низоми муайян ҷорӣ бошад. Қонуни мазкур ба манфиати халқ равона шудааст, аммо баъзеҳо ба моҳияти он сарфаҳм намераванд, ё дидаю дониста онро риоя намекунанд. Ҳол он ки саодати мардум ва оромию осудагии ҷомеа аз бисёр ҷиҳатҳо ба тартибу низом вобастагӣ дорад.

 

Навраста Каҳҳорова,

омӯзгор


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш