Нашрияи Омӯзгор

Туризм ва ҷанбаҳои мухталифи он

Сана: 2019-12-05        Дида шуд: 47        Шарҳ: 0

Рушди туризм бо ҷаҳонгардию ҷаҳонкушоӣ ба инсоният имкон фароҳам овард, ки бо омӯзиши мавзеъҳо, минтақаҳо, қитъаҳо ва ҷазираҳои хурду бузурги уқёнусҳои сайёраи Замин садҳо манбаи сарват ва иқтидорҳои рекреатсиониро кашф намуда, онҳоро баҳри ҳифзу барқарорсозии солимии аҳли башар пешкаш намояд.

Туризм ва рекреатсия бо ҳам тавъам бошанд ҳам, аз ҳамдигар фарқи куллӣ доранд, зеро агар туризм - саёҳат бо мақсади истироҳат берун аз фаъолияти меҳнатӣ бошад, пас рекратсия барқарорсозии неру, солимӣ бо дамгирии табобатӣ буда, берун аз фаъолияти меҳнатӣ низ амалӣ мегардад.

Дар замони муосир таваҷҷуҳи аҳли башар ба омӯзиш ва истифодаи самарабахши сарватҳои рекреатсионӣ торафт афзуда истодааст, чунки рекреатсия ва туризм нафақат соҳаи хоҷагии халқ, балки яке аз дастовардҳо ва мероси умумибашарӣ ҳисобида шудааст. Сарватҳои рекреатсиониро асосан ба ду гурӯҳ - табиӣ ва фарҳангӣ тақсим мекунанд. Сарватҳои рекреатсионии табиӣ аз омилҳои табиӣ ба вуҷуд омада, фарҳангӣ бошад, аз омилҳои антропогенӣ, яъне аз фаъолияти инсонӣ пайдо шудаанд. Агар гурӯҳи аввал бо мақсадҳои истироҳат, табобат ва сайёҳӣ истифода бурда шаванд, пас, гурӯҳи дуюмро муҷассамаҳои таърихӣ, бостонӣ, меъморӣ ва санъат ташкил медиҳанд, ки онҳоро сайёҳон мавриди омӯзиш, таҳқиқ ё зиёрату тамошо қарор медиҳанд.

Бояд қайд кард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди табиати нотакрор, мавзеъҳову минтақаҳои зиёди сайёҳиву рекреатсионӣ доштанаш, аз лиҳози омӯзиш таърихи на он қадар тӯлонӣ дорад, зеро то даврони соҳибистиқлолӣ Ҳукумати Шӯравӣ ба ин гӯшаи дурдаст кам аҳамият медод. Шаҳрвандон истироҳату табобатро ҳангоми рухсатиҳои меҳнатӣ асосан дар ҳудуди Тоҷикистон ё дар минтақаҳои рекреатсионии Осиёи Марказӣ, Федератсияи Россия ё ҷумҳуриҳои Қафқоз ба сифати сайёҳ анҷом медоданд.

Аз рӯи маълумоти коршиносони соҳаи сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз лиҳози сайёҳӣ ва иқтидорҳои рекреатсионӣ хеле бой мебошад.

Маълумоти тадқиқотӣ ва арзёбии иқтисодии шароит ва табиати Тоҷикистон гувоҳӣ медиҳанд, ки кишвари мо нисбат ба дигар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ аз ҷиҳати сарватҳои табиӣ ва захираҳои зеризаминӣ ниҳоят бой аст.

Ҳоло дар Тоҷикистон зиёда аз 200 чашмаи обҳои маъданӣ, 70 манбаи обҳои маъдании пармашаванда ва 18 кӯли лойқадор ва шӯри муолиҷавӣ мавҷуданд, ки дар пойгаҳи ин иқтидорҳо осоишгоҳҳо, табобатгоҳҳои Гармчашма, Хоҷаобигарм, Шоҳамбарӣ, Оби Гарм, Баҳористон, Ҳавотоғ, Чилучорчашма, Оқсукон, Гармоба ва ғайраҳо дар хизмати аҳолӣ ва ниёзмандони барқарорсозии солимӣ қарор дошта бошанд ҳам, ин ҳанӯз хеле кам аст. Ҳисоб карда шудааст, ки дар заминаи ин захираҳо то 50 ҳазор ҷой дар як вақт ба қабули эҳтиёҷмандон имконият ҳаст ва он аз талаботи ҷумҳурӣ 3 баробар зиёд мебошад. Илова бар ин, танҳо дар минтақаи Ҳисор 7551 километри мураббаи он, дар водии Рашт 80 ҳазор гектари мавзеъҳои он аҳамияти рекреатсионӣ доранд.

Айни замон шумораи хатсайрҳои сайёҳӣ ба маротиб афзуда, теъдоди ширкатҳои сайёҳӣ аз 24 то ба қариб 190 адад расонида шудааст. Ҷиҳати ба низоми муайян даровардани фаъолияти сайёҳӣ ва роҳбарии бевосита дар ташкил ва татбиқу амалисозии санадҳои меъёрӣ – ҳуқуқӣ ва барномаҳои давлатии соҳаи туризм Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз таркиби Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ мафҳуми «Сайёҳӣ» - ро ихтисор карда, соли 2017 Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил карда, сохторҳои ин мақоми давлатиро дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо низ созмон додааст, ки ин чораандешиҳо, бешубҳа, дар рушди сайёҳӣ нақши калидӣ хоҳанд бозид.

 

Искандари ИСРОИЛЗОД,

омӯзгори коллеҷи

ҳунарҳои мардумии

шаҳри Истаравшан


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш