Нашрияи Омӯзгор

Об бояд мусаффо бошад

Сана: 2019-12-05        Дида шуд: 238        Шарҳ: 0

 

Тоҷикистон дорои захираҳои бойи оби тоза,чашмаҳои ширину мусаффо ва пиряхҳои боазамат мебошад. Синну соли пиряхҳо ба якчанд аср баробар асту ҳифзи манбаъҳои оби тоза ва сарфакорона истифода бурдани онҳо яке аз масъалаҳои асосию глобалии ҷаҳонӣ ба шумор меравад.

Мушкилоти муҳим дар замони муосир норасоии оби тоза мебошад, ки давлатҳои мутараққӣ айни ҳол  ба ҳалли он машғул мебошанд. 21 декабри  соли 2016 дар ҳошияи Даҳсолаи байналмилалии амал  «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» дар Созмони Милали Муттаҳид қатъномае қабул гардид, ки ҳадафи асосии он  диққати ҷомеаи ҷаҳониро ба масъалаи тозагии об ва қадр намудани ин неъмати бебаҳо равона карда буд.

Об бояд барои кулли одамони сайёра дастрас бошад. Афсӯс, ки бо тараққиёти техника ва технологияи навин, инчунин, дар замоне, ки ин қадар пешравиҳо дар ҳамаи соҳаҳо ба назар мерасад, одамони зиёде дар манотиқи гуногуни ҷаҳон аз норасоии оби ошомиданӣ мефавтанд. Роҳҳои бартараф кардани ин мушкилот, албатта, мавҷуданд ва ҷиҳати ҳалли ин масъала бояд иқдому талош намуд.     

Маҳз баҳри рушди минбаъдаи соҳаҳои хоҷагии халқ ва ҳифзи об, аз тарафи давлату ҳукумати Тоҷикистон  таклифу пешниҳодҳои зиёд  ба ҷомеаи ҷаҳонӣ манзур гардид, ки онҳо хуб пазируфта шуданд.

Сарфакорона  истифода бурдани об аз хонавода оғоз мегардад. Ин ҷараён дар натиҷаи корҳои фаҳмондадиҳӣ, суҳбатҳои  пурмуҳтаво дар кӯдакистону муассисаҳои таълимӣ идома меёбад. Дар навбати хеш мо, омӯзгорон, бояд пайваста доир ба ин масъала бо хонандагон суҳбатҳо доир намуда, доираи ҷаҳонбинии онҳоро васеъ намоем. Бояд гуфт, маҳз чунин суҳбатҳо бештар моро водор месозанд, ки дар натиҷаи таҳлилу баррасиҳо камбудиҳою мушкилиҳоро дар ин самт бо чашми хирад дарёфт ва роҳҳои бартараф карданашонро нишон диҳем.

    Ман, ки омӯзгори география ҳастам, доир ба ҳифзи табиати кишвари азизамон - Тоҷикистон, расидан ба  қадри неъматҳои бебаҳои  диёри биҳиштосоямон пайваста суҳбатҳо доир намуда, хонандагонро водор месозам, ки бо масъулияти баланд баҳри ободии Ватани хеш ҳиссагузор бошанд. Сари  масъалаҳои зиёд баҳс мекунем ва хонандагон дарк мекунанд, ки онҳо низ як ҷузъи ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳастанд ва барои ҳиссагузорӣ дар бартарафсозии мушкилоти сайёра аз ҳоло бояд омодагӣ бигиранд. Одилона ва самарабахш истифода бурдани оби тоза, дуруст дарк намудани зарурати ҳифзи экология ва ҳифзи зебоиҳои табиат барои инсоният муҳим мебошад.

 

Дилафрӯз Норматова,

омӯзгори гимназияи №1,

шаҳри  Душанбе


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш