Нашрияи Омӯзгор

Нақши Пешвои миллат дар рушди илму маориф

Сана: 2019-11-14        Дида шуд: 40        Шарҳ: 0

 

Дар ҳама давру замон нақши шахсият дар раванди  давлатсозиву давлатдорӣ муассир буда, як фард метавонад бо ҷаҳонбинии фитрӣ ва қобилияту нубуғи нотакрор корҳои мондагорро ба сомон расонад. Дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон гирифтори ҷанги шаҳрвандӣ гардид, кишвар ноором, иқтисодиёт фалаҷ, мардум сарсону саргардон шуданд ва тамоми соҳаҳои ҷумҳурӣ дар ҳолати рукуд қарор гирифтанд. Дар ҳамин давраи ниҳоят ҳассосу хатарзо нафаре зарур буд, ки ин ҳама марҳаларо пушти сар ва сулҳу осоиштагиро барои мардум таъмин намояд. Хушбахтона, ба бахти мардуми тоҷик  шахсияти сарсупурдаву фидоӣ, фарзонафарзанди миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сари қудрат омаданд ва хуршеди саодат ба рӯйи мардум хандид.

Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали роҳбарӣ ба ҷумҳурӣ эълон   намуданд, ки барои мардуми ҷафокашидаи тоҷик  беҳтарину бебаҳотарин сарват  сулҳу ваҳдат аст, зеро оромиву осоиш ба рушди босуботи ҳамаи соҳаҳои  кишвар мусоидат менамояд.  Дар аввалин Паёми сулҳовари  хеш (соли 1992) Сарвари кишвар таъкид доштанд: «Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гулгулшукуфии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам, чунки ман ба ояндаи неки ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам бовар дорам». Ин суханҳо пайки умеду бовариро дар дили тамоми мардум бедор намуд. Аз ин Муроҷиати Пешвои миллат мардуми тоҷик дарк намуданд, ки воқеан, нафаре ба хидмати мардум камар бастааст, ки ватанашро чун ҷонаш дӯст медорад. Садоқату ҷасорати муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ва талошу пайкори ҳадафмандонаашон буд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эҳё гардиду ташаккул ёфт  ва ҳамчун давлати мустақилу демокративу дунявӣ  дар ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шуд. Дар ин самт дар роҳи густариши демократия  ва таҳкими истиқлолият, рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар  ва худшиносиву худогоҳии миллӣ гомҳои устувору  қавӣ гузошта шуд.  Бо талошу ҷонфидоӣ ва заҳматҳои Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳу ваҳдати комил дар кишвар пойдор гардид ва зина ба зина тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ рушд ёфтаанд. Имрӯз мардуми сарбаланди тоҷик дар фазои орому осоишта зиндагӣ доранд ва наврасону ҷавонон дар шароити шоиста ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.  Дар ин ҷо мехоҳем танҳо перомуни рушди соҳаҳои илму маориф дар замони истиқлолият бо дастгириҳои пайвастаи Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чанд андешаи худро баён намоем.

Пайдост, ки Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали ба сари ҳокимият омадан ба рушди илму маориф таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд. Соҳаи маориф дар сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун соҳаи меҳварӣ ба ҳисоб меравад ва дар ин замина баҳри рушди он санадҳои зиёди меъёрию ҳуқуқӣ қабул шуданд. Ва санади асосии ҳуқуқии соҳа  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф»  ба шумор  меравад, ки заминаи  меъёрию ҳуқуқиро баҳри рушди соҳа фароҳам овард.   Ҳамчунин, асноди зиёди меъёриву ҳуқуқӣ қабул шуданд, ки бешубҳа, дар рушди  ҳамаи зинаҳои таҳсилот шароит фароҳам оварданд. Инчунин, аз соли 1997 квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон созмон дода шуд, ки дар заминаи он  ҳамасола теъдоди зиёди хонандагони лаёқатманд аз шаҳру навоҳии кишвар дар мактабҳои олӣ ба таҳсил фаро гирифта мешаванд, ки ин боз ҳам аз таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳодат медиҳад. То ин дам тавассути квотаи Президентӣ ҳазорҳо нафар муассисаҳои олии кишварро хатм намуда, дар пешбурди соҳаҳои хоҷагии халқ хидмати  шоиста карда истодаанд.   Дар замони соҳибистиқлолӣ сол аз сол маблағгузорӣ ба соҳа зиёд гардид, ки ин омил дар рушди соҳа нақши бориз дорад.  Инчунин, мақому мартаби омӯзгор баланд гардида, ҳамасола  маоши омӯзгорон зиёд мешавад, ки ин тадбир меҳру муҳаббати наврасону ҷавононро ба ин касби пуршараф афзун месозад.  Дигар омили хурсандибахш сохтмони муассисаҳои нави таълимӣ дар шаҳру навоҳии кишвар  маҳсуб меёбад.  Имрӯз дар тамоми шаҳру навоҳии кишвар бунёди муассисаҳои таълимӣ  вусъат ёфта, тавассути ВАО шоҳид мегардем, ки дар ҳар сафари хеш Сарвари давлат ба шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ чандин муассисаи таълимиро мавриди баҳрабардорӣ  қарор медиҳанд. Инчунин, заминаҳои моддию техникии муассисаҳои таълимӣ беҳтар гардида, барномаҳои гуногуни давлатӣ вобаста ба ин самт қабул гардидаанд, ки бешубҳа, бо амалӣ гардидани онҳо шароити таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ боз ҳам беҳтар ва сифати таълим баландтар мешавад. Ислоҳоти соҳа бомаром идома дошта, низоми таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот вобаста ба замони ҷаҳонишавӣ тағйир ёфта, мутахассисони омоданамудаи кишвар дар бозори  ҷаҳонӣ мавқеи шоиста касб кардаанд.  Ҳамин таваҷҷуҳу дастгириҳост, ки сол то сол дастоварди хонандагони тоҷик дар озмуну олимпиадаҳои бонуфузи байналмилалӣ бештар мегардад. Бояд гуфт, ки бо таъсиси Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди Вазорати маориф ва илм ва намояндагии онҳо дар шаҳру навоҳии кишвар теъдоди хонандагони лаёқатманди кишвар сол то сол зиёд гардида, ҳаракати олимпии хонандагон вусъат ёфтааст.

Дигар омили муҳим, ки  дар роҳи худшиносиву худогоҳии насли наврас мусоидат мекунад, таваҷҷуҳи рӯзафзуни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи ҷалби хонандагон ба китобхонӣ мебошад. Бо ин ҳадаф бо дастури Пешвои миллат озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ…» роҳандозӣ гардид, ки аз ҷониби аҳли кишвар хуш пазируфта шуд. Ҳамчунин, бо ибтикори Вазорати маориф ва илм силсилаи асарҳои нависандагону шоирон ва адибони барҷастаи ҷаҳонӣ ба нашр расида, дастраси муассисаҳои таълимӣ гардид.  Аз ҷониби Пешвои миллат ба пешбурди соҳаи илми кишвар низ аз рӯзҳои аввали  соҳибистиқлолӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад.  Барои ба танзим даровардани низоми илмӣ дар кишвар як қатор қонунҳо ба тасвиб расиданд. Аз ҷумла, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи илм ва сиёсати давлатӣ ба илму техника» (соли 1998), «Дар бораи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2002)  ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Шӯрои ҳамоҳангсозии корҳои илмию тадқиқотӣ  дар соҳаи илмҳои табиатшиносӣ, техникӣ, тиббӣ, гуманитарӣ ва ҷамъиятӣ (1996), «Дар бораи таъсиси Комиссияи аттестатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба аттестатсияи кадрҳои илмӣ ва илмию педагогии тахассуси олӣ» (1997), «Дар бораи ислоҳоти низоми маблағгузории илм» (1997), «Дар бораи Консепсияи сиёсати давлатии илмию техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (1999) ва «Дар бораи тасдиқ намудани тартиби аккредитатсияи давлатии муассисаҳои илмӣ» (2000). Ин ҳама санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ба рушди соҳаи илм дар кишвар мусоидат намуданд. Имрӯз олимони ҷавон бо дастовардҳои илмии худ  аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ мегарданд. Ҳамасола теъдоди муайяни муҳаққиқони ҷавони кишвар бо Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ ва дар соҳаи тиб бо Ҷоизаи ба номи Абӯалӣ ибни Сино арҷгузорӣ мешаванд. Ҳамчунин, Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд, ки фаъолияти он ба равнақу рушди илми тоҷик нигаронида шудааст. Ҳамин аст, ки сол аз сол теъдоди олимони кишвар зиёд ва таваҷҷуҳи ҷавонон ба илм бештар гардида истодааст.  Нуктаи дигари муҳим ҷалби наврасону ҷавонон ба илмҳои табиию техникӣ маҳсуб меёбад. Имрӯз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар чи бештар ба илмҳои бунёдӣ таваҷҷуҳ намуда,  ихтирооту корҳои тадқиқотии ҷавононро, ки ба рушди устувори иқтисодии кишвар мусоидат мекунанд, дастгирӣ менамояд. Ҳамин аст, ки маҳз дар замони соҳибистиқлолӣ бо талошҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишвар  беш аз 70 санади муҳими давлатӣ доир ба ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи илму техника ва тарбияи кадрҳои техникӣ қабул гардида, дар ин самт бо 30 давлати дунё ҳамкориҳои хуб ба роҳ монда шудааст.  Инчунин, олимони ихтироъкори кишвар дар озмунҳои илмии сатҳи ҷаҳонӣ иштирок намуда, бо дастоварди илмии хеш дар қатори беҳтаринҳо қарор мегиранд. 

Бешубҳа, Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кӯтоҳтарин муҳлат дар қатори беҳтарин давлатҳои ҷаҳон қарор хоҳад гирифт. Хидматҳои мондагору шоистаи Сарвари давлат дар рушди давлатдории навини тоҷик барҷаста буда, мардуми кишвар сиёсати маорифпарваронаву бунёдкоронаи Пешвои миллатро якдилона дастгирӣ менамоянд ва дар пешрафти Ватани азизамон ҳамвора саҳми арзандаи худро мегузоранд.

Насриддин Охунзода,

аспиранти Донишгоҳи

миллии Тоҷикитон


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш