Нашрияи Омӯзгор

Пешвои миллат ва тарбияи насли ояндасоз

Сана: 2019-11-14        Дида шуд: 34        Шарҳ: 0

 

Баъди фурӯпошии давлати Шӯравӣ ва низоми давлатдории он дар Тоҷикистон низ ба монанди ҷумҳуриҳои дигари собиқи Шӯравӣ  барои аз мавқеи замони нав ва ҳадафҳои хосси миллӣ баҳо додан  ва муқаррар кардани арзиши фароянди миллии таълиму тарбия аз ҷониби мутахассисони соҳа ва аҳли ҷомеа кӯшишҳои зиёде ба амал омад.

Талошгарони тағйири  авзои мактабу  маорифро метавон ба ду даста ҷудо кард: гурӯҳи аввал таҷрибаи таърихии мактабу маорифи замони шӯравиро қатъан қобили қабул намедонистанд ва арзишҳои онро инкор мекарданд, гурӯҳи дуюм таҷрибаи мактабу маорифи замони Шӯравиро ҳамчун зербинои консепсияи  нави таълим, ки ҳадафҳои миллӣ дорад, бо назардошти вазъи хосси гузашта ва имрӯзаи кишвар қобили истифода ва такмил медонистанд.

Вале, мутаассифона, ҳамаи кӯшишҳои ислоҳотхоҳонаи табақаи  пешрави ҷомеаи тоҷикон дар соҳаи маориф ва дигар самтҳо бо оғози нооромиҳои кишвар  мунҳал шуд ва мактабу маориф низ  гирифтори бӯҳрони амиқ гардид. Ба ифодаи академик А. Раҳмонзода, «агар ҳашт соли аввали соҳибистиқлолии  кишвар ба вазъи ниҳоят душвори сиёсӣ-ҷанги шаҳрвандӣ рост омада бошад», солҳои баъдиро «дар саҳифаҳои таърихи кишвар ҳамчун давраи ғалабаи ақлу хирад, созандагиву бунёдкорӣ,инкишофи иқтисодиёт ва илму маориф»  метавон унвон кард.

Дастовардҳои солҳои баъдӣ дар ҳамаи соҳаҳо, аз ҷумла, мактабу маориф бо сиёсати пешрав ва созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобастагии бевосита доранд. Ин шахси ватанпараст ва ояндабин аз рӯзҳои нахустини фаъолияташон ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил ва тарбиятро василае шинохтанд, ки аз тариқи  он миллат ба бедории замир ва худогоҳӣ мерасад.

Консепсияи мактаби миллӣ ва Консепсияи нави тарбия меваи истиқлолияти кишвар буда, ба ҳамин усули  таълиму тарбият содиқ аст ва тадриҷан амалӣ мешавад. Таълим ва тарбияти инсони комил ҳадафи ниҳоии консепсияҳои мазбур буда, он тарбиятро василаи камолоти ахлоқӣ ва дар хонандагон ба вуҷуд овардани малакаи зист дар фазои солими ахлоқӣ медонад. Пӯшида нест, ки ҳадафи дуюми ин консепсия ба такомули низоми ахлоқии зиндагӣ ва пешрафти истеъдоди инсон пайванди ногусастанӣ дорад. Яъне идеали низоми пешрафтаи маориф бояд бар маънавиёти комил ва пешрав асос ёфта бошад. Устод Айнӣ дар заминаи як байти Бедил – “Аз илму амал макӯш ҷуз бар ахлоқ, В-аз мазҳабу миллат магузин ғайри адаб” - ахлоқи некро аз  ҳар гуна  илму амал афзалтар  ва одобро аз мазҳабу  миллат болотар таъбир карда буд.  Вале  ин ҳарф чунин  маънӣ надорад, ки ба ин тартиб  усули  таълимро аз соҳаҳои дигари ҳаёт ҷудо амалӣ созем.

Воқеан ҳам, агар ҷавононро дар доираи маҳдуди ихтисос таълим ва тарбият диҳем, он гоҳ ҳадафи аслии таълиму тарбият, ки бояд одамияту маънавият бошад, зери суол қарор мегирад. Ҳол он ки мақсади аслии мактабу маориф бояд тарбияти шахсияти дорои маънавияти олӣ бошад, шахсияте, ки ихтисосашро аз роҳи дарки мавқеи маънавият танҳо барои манфиати инсон истифода карда тавонад.

Президенти кишвар аз нахустин рӯзҳои ба сари қудрат омаданашон соҳаи маорифро аз авлавиятҳои сиёсати давлатдорӣ эълон карда, ба ислоҳот ва таҷдиди мактаб ва таълиму тарбият пардохтанд. Сарвари давлат дар замина консепсияи  ягонаи  ислоҳот, рушд ва таҷдиди  соҳаро таҳия  карданд, ки барои пешрафти мактабу маориф имконоти бештарро муҳайё сохт. Ин консепсия  самти асосии фаъолияти мактабу  маорифро  дар роҳи таълиму тарбият муайян намуда, афзалияти  фанҳои гуманитариро бо фарогирии усулҳои  пешрафтаи  таълим таъкид ва таъйид меварзад.

Ба андешаи  Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, «имкониятҳо ва заминаҳои маънавӣ, равонӣ, ахлоқӣ ва таърихӣ, ки халқи мо дорад, таҳкурсии боэътимоде мебошад, ки метавонем бинои тарбияти наслҳои ояндаи кишварро дар заминаи онҳо бунёд кунем”.

Ҳар миллате ба  василаи таълим ва тарбият фарҳанг ва мероси фикри ва ақлии худро ба наслҳои оянда интиқол медиҳад. Аз назари муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳсил ва тарбияти комил, пурмоя ва самарабахш он аст, ки ба инсон шоистагӣ ва салоҳияти хоссе медиҳад, то ҳар амалеро - чи шахсӣ ва чи навъӣ - битавонад бо ҳиммате баланд, назаре васеъ, одилона ва моҳирона анҷом диҳад. Вусъати ин назар то ҷое мерасад, ки роҳбари кишвар масъалаи таълими ҳадафманди таърихи кишвар, дарки масоили сарнавиштсози он, чеҳраи шахсиятҳои таърихӣ, бузургони инсонпарвар ва тараққихоҳи гузаштаро, ки ифтихороти миллии моро ташкил медиҳанд, ба миён мегузорад. Дар замина яке аз мавзӯъҳое, ки  ба таҳсил  ва тарбият дар асоси он таваҷҷуҳи хос зоҳир шудааст, ибратгирӣ аз сарнавишти шахсиятҳои таърихӣ ва фарҳангии миллат мебошад.

Сарвари давлат  дар асоси сиёсати  маорифпарваронаашон дар тӯли солҳои истиқлол на фақат соҳаи маорифро аз ҳолати буҳронӣ бароварданд, балки заминаҳои устувори моддӣ ва маънавиро барои рушди тадриҷӣ ва босамари мактабу маориф муҳайё сохтанд. Пешвои муаззами миллат дар баробари роҳбарии сиёсӣ роҳбарии маънавии ин соҳаи афзалиятнокро бар уҳда гирифта, роҳи сареҳи инкишофро муайян намуданд. Масъалаҳои моддӣ ва маънавии пешрафти соҳа дар тамоми ин давра дар маркази диққати ӯ қарор гирифта, дар ин замина ба иловаи суханрониҳояшон таълифоти ҷудогона, аз ҷумла, мақолаву китобҳо ба табъ расидааст, ки заминаи маънавии инкишофи соҳаро пайрезӣ намудаанд. Аз ин ҷиҳат мулоҳизаҳои Пешвои миллат барои пешрафти соҳа маҳдудияти замонӣ надоранд, онҳо барои имрӯз ва фардои ҷомеаи  тоҷикон, алалхусус, аҳли мактабу маориф аҳмияти вижа дошта, фароянди усулии инкишофи мактабу маорифро таъмин менамояд. Ба хусус, раҳнамоиҳои маънавии Президент дар боби худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ арзиши бунёдӣ дошта, ҷомеаи тоҷикони имрӯзро ба роҳи камолоти маънавӣ ҳидоят менамоянд.

Президенти кишвар таъкид карда буданд, ки «идораи давлати миллӣ бе ҳисси баланди ифтихор ва дониши амиқ номумкин аст».  Ин ҳидояти Роҳбари давлат ба ёди мо боз ҳам масъалаи инсони комил ё худ инсони зубдаро меоварад, ки дар илми ахлоқи гузашта ҷойгоҳи хос дошт. Дар консепсияи ахлоқии гузаштагони мо таълиму тарбият ва омӯхтани касбу ҳунар мақоми хос дошт. Бесабаб нест, ки Сарвари давлат диққати аҳли маорифро ба таҷрибаи таърихии халқамон дар соҳаи таълим ва тарбият ҷалб карданд. Воқеан, ҳам омӯзаҳои гузаштагон роҳро барои дарёфти усулҳои нави омӯзишу парвариш ҳамвор хоҳад кард.  

Нақш ва ҷойгоҳи Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи ислоҳ ва таҷдиди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти сиёсию иҷтимоии кишвар, ба хусус низоми мактабу маориф бузург аст. Фаъолиятҳои гуногунҷабҳаи шахси аввали кишварамон дар замина на фақат масъалаҳои моддӣ ва сохтории ин соҳаро дар бар мегирад, балки ба ҳадафҳои бунёдии омӯзишу парвариш низ марбут мешавад.

Президент консепсияи  ягонаи ислоҳот, рушд, таҷдиди соҳаи мактабу маориф ва омӯзишу парваришро таҳия карданд, ки барои пешрафти соҳа имконияти бештар ва амалиро фароҳам сохт. Ин консепсия самти асосии фаъолияти мактабу маорифро дар роҳи таълиму тарбият муайян намуда, афзалияти парвариши ахлоқиро дар заминаи донишҳои гуманитарӣ бо фарогирии донишҳои дигар соҳаҳо ва усулҳои пешрафтаи омӯзишу парвариш таъкид медорад, ки истифодаи таҷрибаи таърихии халқи мо ва дастовардҳои педагогикаи  муосир ҷузъи муҳими ҳидоятҳои арзишманди ӯст. Ба андешаи барҳақи Президенти муҳтарами  ҷумҳурии соҳибистиқлоламон Эмомалӣ Раҳмон, «имкониятҳо ва заминаҳои маънавӣ, равонӣ,ахлоқӣ ва таърихӣ, ки халқи мо дорад, таҳкурсии боэътимоде мебошад, ки метавонем бинои тарбияи идеалҳои ояндаи кишварро дар заминаи он бунёд кунем».

 

Ҳасан ҶӮРАЕВ,

муовини директори коллеҷи

омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи

Садриддин Айнӣ,  номзади илмҳои педагогӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш