Нашрияи Омӯзгор

Маҳбуби халқу миллат

Сана: 2019-11-14        Дида шуд: 39        Шарҳ: 0

 

Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вақте ба майдони сиёсат ворид шуданд, ки миллати тоҷик парешон ва кишвар дар вартаи ҳалокат қарор дошт. Паёми нахустини Сарвари кишвар аз Иҷлосияи тақдирсози XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон, ки моҳи ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри бостонии Хуҷанд барпо гардида буд, оғози сарҷамъсозии миллат ва берун овардани Тоҷикистон аз ҷанги шаҳрвандӣ буд.

Барқарор шудани сулҳ ва таҳкими суботи сиёсӣ дар мамлакат мақоми Тоҷикистонро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ боло бурд. Ин ба Ҳукумати мамлакат имконият дод, то ҳамкориҳои бештару густурдатареро бо кишварҳо ва созмонҳои молиявии ҷаҳон роҳандозӣ намояд. Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун роҳбари дурандеши Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари ба роҳ мондани муносибатҳои аҳамияти стратегӣ бо Федератсияи Россия ва муносибатҳои афзалиятнок бо кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, бо густаришу тавсеаи равобит бо дигар давлатҳои ҷаҳон аҳамият дода, барои ҳамаи кишварҳое, ки хоҳиши бо давлати мо муносибатҳои судманду хайрхоҳона дошта бошанд, дар соҳаи сиёсати хориҷӣ сиёсати «дарҳои кушода» - ро эълон намуданд.

Имрӯз Тоҷикистон узви созмонҳои бонуфузи минтақавӣ ва байналмилалӣ буда, бо 150 мамлакати дунё муносибатҳои сиёсиву иқтисодӣ ва дипломатиро ба роҳ мондааст. Дар саргаҳи пайванди Тоҷикистони соҳибистиқлол бо ҷаҳони имрӯз Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.  Ба шарофати ҳамин пайванд аст, ки имрӯз ҳамкориҳои судманд бо созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ: Созмони Миллали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони ҳамкории Шанхай, Иттиҳоди Иқтисодии АвруОсиё, Иттиҳоди Аврупо, Созмони Умумиҷаҳонии Савдо, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва ғайра дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи хосса пайдо намуд.

Воқеан ҳам, хизматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди халқу Ватан бениҳоят калон аст. Танҳо як мисол меорем, НБО-и «Роғун»-ро кишвари пуриқтидори Шуравӣ оё сохта наметавонист ва чаро насохт?!.

Президенти маҳбубу дардошнову дилогоҳи миллат аз уҳдаи ин кори душвор бо сарбаландӣ баромаданд ва илова бар ин, худ дар булдозер иишаста дарёи саркаши Вахшро ба хидмати инсоният таслим намуданд.

Ин лаҳзаҳои таърихӣ аз назари устод Бозор Собир дур намондааст:

Вахшоб даҳанкалонӣ мекард умре,

Кафкаш ба лабон дамида ҳамчун

сармаст.

Эмомалӣ худ нишаста дар булдозер,

Чоки даҳани калони дарёро баст.

Бояд қайд намуд, ки бо ба кор даромадани ду чархаи НБО-и «Роғун» кишвари мо барои гузаштан аз кишвари аграрӣ - саноатӣ ба кишвари саноатӣ - аграрӣ қадами бузурге гузошт.

Дар шеъри «Соядасте ба Президенти ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон» бошад, бо сидқу самимият, аз таҳти дилу ҷон устод Бозор Собир мегӯяд:

Номи туро нависем, эй Қаҳрамони

ваҳдат,

Бо оби ноби тилло дар тоҷи Қасри

миллат.

Дар ҳақиқат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Каҳрамони Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рисолати таъриҳии худро дар назди Ватан, миллат ва таърих ба ҷо оварданд. Мо имрӯз метавонем, бо сарбаландӣ, бо ифтихор бигӯем, ки Тоҷикистон бо роҳбарии Пешвои миллат ҳамчун давлати ягонаи мустақил барпо шуд. Ҳамин аст, ки бо ин фарзонфарзанди миллат, наҷотбахши халқи хеш ва раҳнамои  соҳибхиради аҳли диёр ҳама ҷо сари ифтихор баланд медорем.

 

Ф. НАҶМИДДИНОВ,

мудири шуъбаи маорифи

ноҳияи Файзобод


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш