Нашрияи Омӯзгор

Бинои нави мактаб дар Рӯшон

Сана: 2019-11-05        Дида шуд: 15        Шарҳ: 0

 

Хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии деҳаи Баррӯшони ноҳияи Рӯшон соҳиби бинои нави замонавӣ гардиданд. Дар маросими ба истифода додани мактаби нав муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Мамадтоҳир Зокирзода ва раиси ВМКБ Ёдгор Файзов иштирок доштанд. Барои сохтмони ин муассисаи таълимӣ аз тарафи Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 15 миллион сомонӣ маблағ ҷудо гардида буд.

М.Зокирзода зимни суханронӣ ба сифати корҳои сохтмонии мактаб баҳои баланд дода, зикр намуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2019 беш аз 4 миллиард сомониро ба рушди соҳаи маориф равона намудааст, ки нисбат ба соли 2018 13 фоиз зиёдтар мебошад.

Ҳамчунин, бо иштироки муовини Сарвазири мамлакат М.Зокирзода ва раиси ВМКБ Ё.Файзов дар деҳаи Барзуди ноҳия майдончаи варзишӣ ва Маркази дилхушии кӯдакон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Ҷ.Қозибеков,

«Омӯзгор» 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш