Нашрияи Омӯзгор

Созандагӣ дар шаҳру деҳоти Тоҷикистон

Сана: 2019-11-05        Дида шуд: 15        Шарҳ: 0

 

Темурмалик:

8 муассисаи томактабӣ

сохта мешавад

Ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат корҳои сохтмониву ободонӣ бомаром идома доранд. Давоми се соли минбаъда  бояд дар ҳар як деҳа ва маҳалли аҳолинишини мамлакат коргоҳҳои дӯзандагӣ, майдончаҳои варзишӣ, қасрҳои фарҳанг, бунгоҳҳои тиббӣ, ҳаммом, сартарошхона, кошонаи ҳусн, пулҳо, марказҳои савдо ва боғҳои фарҳангию фароғатӣ бунёд карда шаванд.

Бо мақсади рушду тараққӣ додани соҳаи варзиш дар Ҷамоати деҳоти Танобчии ноҳияи Темурмалик аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ  Н. Қаюмов  ба маблағи 150 ҳазор сомонӣ  майдончаи варзишӣ  мавриди баҳрабардорӣ  қарор гирифт. Дар баробари ин, як зумра иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода шуданд. Бояд гуфт, ки то соли 2021 дар ҳудуди ноҳия 7 толори варзишӣ  ва 23 майдончаи варзишӣ  ба истифода дода мешаванд.

Дар се соли оянда дар ҳудуди ноҳияи Темурмалик бунёди 270 иншооти ҷашнӣ  ба нақша гирифта шудааст.  Ҳоло дар 106 иншоот корҳои сохтмонӣ ба анҷом расида, мавриди истифодаи умум қарор дода шуданд.

Ёдовар бояд шуд, ки то соли 2021 дар ноҳияи Темурмалик, дар маҷмӯъ, 13 бунгоҳи тиббӣ, 8 муассисаи томактабӣ, 6 китобхона, 3 қасри фарҳанг, 1 боғи фарҳангӣ, 2 гулгашт, 2 беморхона, 7 маркази тиббӣ, 1 таваллудхона, 9 нуқтаи хатнакунии кӯдакон, 8 дорухона, 7 майдончаи бозии кӯдакон, 4 меҳмонхонаи замонавӣ, 17 сартарошхона, 14 ҳаммом, 15 кошонаи ҳусн, 5 маркази савдо, 9 маркази хизматрасонӣ, 2 корхонаи коркарди шир, 7 коргоҳи дӯзандагӣ  ва 11 дукони ҳунармандӣ бунёд мегарданд.

 

Шамсиддини Шоҳин:

22 муассисаи таълимӣ

бунёд мегардад

Дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин бунёди як зумра иншооти таъйиноташон гуногун идома дорад. То соли 2021 дар ноҳия  бунёди 188 иншоот ба нақша гирифта шудааст. Аз ин ҳисоб 34 иншоот пурра сохта шуда, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд.   

Феълан дар ҳудуди ноҳияи Ш. Шоҳин бунёд ва навсозии 3 беморхона, 12 муассисаи таълимӣ, сохтмони қасри фарҳанг барои 455 ҷойи нишаст, 10 бунгоҳи тиббӣ, 4 толори варзишӣ, 10 дорухона, 11 майдончаи варзишӣ, 1 майдончаи бозии кӯдакон, 8 меҳмонхона, 25 маркази савдо ва хизматрасонӣ ва ғайра ба нақша гирифта шудааст, ки  дар қисме аз онҳо корҳои сохтмонӣ ба анҷом расидаанд.

 

Балҷувон:

35 мактаб ва 8 кӯдакистон мавриди

баҳрабардорӣ қарор мегирад

То  ҷашни  30-солагии  Истиқлолия-ти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон  сохтмони  375 иншооти таъйиноти гуногун, аз ҷумла, 13 меҳмонхона   ба нақша гирифта шуда, 80 фоизи он дар деҳот бунёд мешаванд. Айни ҳол аз теъдоди мазкур   42 иншоот  мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд.

То соли 2021 дар ин ноҳия  бунёди 35 муассисаи таълимӣ, 8 кӯдакистон, 23 майдончаи варзишӣ, 3 толори варзишӣ, 2 беморхона, 20 бунгоҳи тиббӣ, 2 маркази тиббӣ, 2 дорухона, 3 нуқтаи хатнакунии кӯдакон, 13 меҳмонхона, 18 сартарошхона, як кошонаи ҳусн, 15 ҳаммом, як корхонаи коркарди шир, 3 дӯкони ҳунарҳои мардумӣ,  3 адад пул ва таъмиру навсозии 338 километр роҳ  дар назар  дошта шудааст.

Соли равон сохтмони  121 иншоот  ба нақша гирифта шудааст.  Балҷувон бо табиати зебову дилфиреб дорои имкониятҳои хуби сайёҳӣ мебошад. Аз ҷумла, то имрӯз  аз мавзеъҳои тамошобоби он зиёда аз 200 нафар сайёҳ дидан намудаанд.

 

Тоҷикистон

дар радабандии «Doing Business –

2020» 20 зина боло рафт

Тоҷикистон дар радабандии умумии «Пешбурди тиҷорат – 2020» («Doing Business 2020») 20 зина боло рафта, миёни 190 кишвари дунё мақоми 106-умро касб кард. Тоҷикистон дар радабандии соли гузашта дар зинаи 126-ум қарор дошт. Дар  гузориши Бонки ҷаҳонӣ гуфта шудааст, ки қарори қабулкардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рафъи маҳдудиятҳои буҳронии фазои соҳибкорӣ натиҷаҳои аввалини худро дод.

Ҳамчунин, дар он омадааст, ки ислоҳоти соли гузашта ба Тоҷикистон имкон дод, ки ба даҳгонаи давлатҳои ислоҳотгар дар самти пешбурди тиҷорат дохил шавад.

«Аввалан, дар Тоҷикистон рақами мушаххаси иҷтимоӣ ба шаҳодатномаи бақайдгирии ширкат дохил карда шуд. Дуввум, дастрасӣ ба қарзҳо тавассути ворид кардани феҳристи ягонаи муосири гаравҳо дар асоси огоҳинома беҳтар карда шуд. Сеюм, содироти молҳо тавассути муайян кардани афзалиятҳои барасмиятдарории гумрукии маҳсулоти зудвайроншаванда сода гардонида шуд», — зикр шудааст дар гузориш.

Соли равон ба даҳгонаи пешсаф аз рӯи сабукии пешбурди тиҷорат Зеландияи Нав, Сингапур, Ҳонконг (Чин), Дания, Кореяи Ҷанубӣ, ИМА, Гурҷистон, Британияи Кабир, Норвегия ва Шветсия шомиланд. Одатан дар ин давлатҳо тартиботи бақайдгирии онлайни корхонаҳо ва таҳвили амвол, инчунин, платформаи электронии пешниҳоди эъломияҳои андоз ҷорӣ мебошад.

Гузориши «Пешбурди тиҷорат» пажӯҳиши солонаи Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ мебошад, ки сабукгардонии пешбурди тиҷоратро дар 190 кишвар бар асоси 10 нишондиҳанда арзёбӣ мекунад. Гузориш аз соли 2003 инҷониб таҳия шуда, одатан тирамоҳ нашр мегардад.

 

Таҳияи

Н. ОХУНЗОДА,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш