Нашрияи Омӯзгор

Мусобиқа бахшида ба Рӯзи Конститутсия

Сана: 2019-11-05        Дида шуд: 20        Шарҳ: 0

 

Бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон мусобиқаи футболи хурд доир гардид.

Дар мусобиқаи мазкур шаш даста иборат аз факултаҳои донишгоҳ ва як дастаи раёсати донишгоҳ байни ҳам рақобат карданд. Мусобиқаи мазкур мувофиқи қоидаҳои амалкунандаи Федератсияи ҷаҳонии футбол гузаронида шуда, ба ҳайъати дастаҳо танҳо устодон ва кормандони факултаҳо ҷалб гардиданд. Дар даври ниҳоӣ дастаи раёсати донишгоҳ тими факултаи инноватсия ва телекоммуникатсияро бо натиҷаи калони 9 ба 2 шикаст дода, ба гирифтани мақоми аввал комёб гардид.  Пас аз ба интиҳо расидани бозӣ сарвари донишгоҳ Муъмин Шарифзода ба дастаҳои ғолиб туҳфаҳои хотиравӣ тақдим кард.

Нуъмон РАҶАБЗОДА,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш