Нашрияи Омӯзгор

Гӯётарин далели ҳастии миллат

Сана: 2019-10-17        Дида шуд: 35        Шарҳ: 0

Имсол ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мо суханронии хеле пурмуҳтавои Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро шунида, бори дагар шоҳиди он шудем, ки Пешвои миллат чӣ қадар нисбат ба забони давлатии ҷумҳурии соҳибистиқлоламон – забони тоҷикӣ ғамхору дилсӯзанд ва баҳри рушду шукуфоии имрӯзу фардои он ҳамвора тадбирҷӯӣ мекунанду аҳли кишварро даъват менамоянд, ки баҳри ҳифзи асолату назокати забони модарӣ пайваста ҷидду ҷаҳд ба харҷ диҳанд, дар ин масъала ҳаргиз бепарвою бетараф набошанд.

Бетарафӣ нисбат ба мақому мартабаи забони модарӣ бешарафист. Дар суханронии Сарвари кишвар, дар ҳар ҳарфу ҳиҷои он муҳаббат ба забони модарӣ равшан эҳсос мешуд. «Забони модарии мо, - зикр намуданд Пешвои миллат дар ин суханронии худ, - забони ширину шево ва шоиронаи тоҷикӣ, ки донишу маърифати дар тӯли ҳазорсолаҳо андӯхтаи мардумро дар худ нигоҳ доштааст, гӯётарин далели ҳастӣ ва мақоми ҳаётбахши он дар сарнавишти таърихии миллати мо ба ҳисоб меравад. Яъне миллати шарафманди тоҷик таъриху фарҳанги камназири худро бо ҳамин забон иншо ва ба ҷаҳониён муаррифӣ кардааст». Дар заминаи таваҷҷуҳ ва эҳтиром ба забони давлатӣ Пешвои миллат ба мақомоти дахлдор бо ҳадафи рушди минбаъдаи забони давлатӣ ва посдории мақому манзалати он як қатор супоришҳои ҷиддӣ доданд. Аз ҷумла, чунин масъалаҳо ба миён гузошта шуданд:

- Қонун «Дар бораи забони давлатии ҶТ» бо дар назардошти талаби замон, ниёзмандиҳои ҳаёти воқеии мамлакат ва омилҳои дигар дар ояндаи наздик дар таҳрири нав қабул карда шавад.

- Таҳия ва нашри «Энсиклопедияи забони тоҷикӣ» аз тарафи Вазорати фарҳанг ва Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи миллии тоҷик ҳар чӣ зудтар ба анҷом расонида шавад.

- Аз ҷониби Кумитаи забон ва истилоҳот дар ҳамкорӣ бо Академияи илмҳо ва Вазорати маориф ва илм «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030» таҳия ва ба баррасии Ҳукумати мамлакат пешниҳод карда шавад.

- Академияи илмҳо, академияҳои соҳавӣ, Кумитаи забон ва истилоҳот, Вазорати маориф ва илм, Иттифоқи нависандагон ва сохторҳои марбутаи Дастгоҳи иҷроияи Президент «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ»-ро бо ислоҳи камбудиву мушкилоти дар онҳо ҷойдошта то моҳи январи соли 2020 барои тасдиқ ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд.

- Институти забон ва адабиёти ба номи устод Рӯдакӣ ба ҷалби мутахассисони соҳа «Луғати имлои забони адабии ҳозираи тоҷик»-ро то нимаи дуюми соли 2020 такмил дода, ба чоп пешниҳод кунад.

- «Грамматикаи академии забони тоҷикӣ» бо ҷалби беҳтарин забоншиносону мутахассисони ҷумҳурӣ иншо ва чоп карда шавад.

- Муътабартарин ва фарогиртарин фарҳангҳои забони тоҷикӣ, аз қабили «Бурҳони қотеъ», «Ғиёс-ул-луғот», «Фарҳанги Ҷаҳонгирӣ», «Баҳори Аҷам», «Фарҳанги забони тоҷикӣ» бо алифбои имрӯзаи тоҷикӣ ба шабакаҳои интернетӣ ворид карда шаванд.

Дар ҳолати саривақт ва хушсифату мукаммал иҷро намудани ин ҳама супоришҳо аз ҷониби мақомоти дахлдор забони модарии мо боз ҳам неруманду тавонтар хоҳад шуд. Аслан, дар амалисозии нуктаҳои зикршуда, ки ҳама аз ғамхориву эҳтиром нисбат ба забони тоҷикӣ сарчашма мегиранд, ҳар як шаҳрванди кишвар, новобаста аз касбу амалаш, метавонад ва бояд ҳиссагузор бошад, зеро забони модарӣ мояи шарафу ифтихор ва нангу номуси ҳар яки мост.

 

Гавҳар ШАНБЕЗОДА,

омӯзгори забони русии

мактаби №67-и

ноҳияи Сино


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш