Нашрияи Омӯзгор

ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ  ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Сана: 2019-08-28        Дида шуд: 194        Шарҳ: 0

ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ  ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

БАРНОМАИ ТАЪЛИМИ

АЛИФБО  ВА  МАТНИ  НИЁГОН

(БАРОИ СИНФИ  8)

Душанбе - 2019

Барномаи таълими “Алифбо ва матни ниёгон” барои синфи VIII. Мураттиб: Байзоев Азим. – Душанбе, 2019.

© Байзоев А.  – 2019

 

 

 

 

ТАВЗЕҲОТИ УМУМӢ

Фанни «Алифбо ва матни ниёгон» баъди соҳибистиқлол шудани  Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба сифати яке аз фанҳои таълимӣ дар макотиби ҳамагонӣ ҷорӣ карда шуд, ки ҳадафи он шинос намудан ва омӯзонидани алифбои арабиасоси  тоҷикӣ ва ба ин  васила ворид намудани шогирдони макотиби миёна  ба ганҷинаву мероси ғании ниёгонамон – адибону мутафаккирон, олимону муаррихон ва ҳамзамон баҳравар  шудан аз ганҷинаи бебаҳои  мардуми форсизабон мебошад. Фанни мазкур чандин сол,  чи дар синфҳои ибтидоӣ ва чи дар синфҳои болоӣ,  таълим дода мешуд. Аммо бо сабаби қабули нақшаҳои нави таълим  омӯзиши фанни мазкур аз моҳи сентябри соли 2004 дар синфҳои сеюму чорум маҳдуд гардид. Баъдтар, бо Қарори Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон таълими он дар синфҳои 4–7 ба роҳ монда шуд. Ин иқдоми Вазорати маориф, бешубҳа, иқдоми хайр ва сазовори дастгирӣ буд. Вале, тавре ки таҷрибаи таълими ин фан ва санҷишу омӯзиши мутахассисон нишон дод, дар як ҳафта танҳо як соат ба роҳ мондани таълими фан мушкилоти зиёдеро ба бор меовард. Аз ҷумла, барои кӯдаки синфи чор ба хотир супоридани мавзӯъҳои гуногуни таълими хат дар тӯли ҳафта аз имкон берун аст, бисёр дониши андӯхтаи ӯ фаромӯш мешавад. Ҳамаи инро ба назар гирифта, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифт, ки таълими фанни “Алифбо ва матни ниёгон” дар синфҳои 7 ва 8, ҳафтае ду соат ба роҳ монда шавад. Вобаста ба ин, стандарт ва китобҳои дарсии нав низ таълиф хоҳанд шуд.

Ҳамзамон бояд таъкид кард, ки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки низоми таълими салоҳиятнокро ба роҳ монда ва ҳам усули нави арзёбии сатҳи дониш, маҳорату малака ва рафтору одоби хонадагон, дар маҷмӯъ, салоҳиятҳои онҳоро зина ба зина ҷорӣ намояд. Дар татбиқи ин низом китобҳои дарсӣ нақши муҳимро касб мекунанд. Китобҳои дарсӣ барои гузариш ба низоми нави таълим ба омӯзгор бояд роҳу равиши сода ва самараноки таҳияи мавзӯъҳои таълимиро пешниҳод кунанд. Дар низоми таълими салоҳиятнок санҷишҳои гуногун, аз ҷумла, тестӣ мавқеи асосӣ доранд. Аз ин рӯ, дар китобҳои дарсӣ, вобаста ба мавзӯъҳои таълимӣ, пас аз ҳар чанд дарс ҷой додани санҷишу тестҳо зарур аст. Корҳои хаттӣ (диктантҳо, кор бо матнҳо, навиштани иншоҳои хурд) ва санҷишҳои тестӣ бояд намунавӣ буда, ба омӯзгорон имкон диҳанд, ки эҷодкорона, бо истифода аз таҷрибаи кории худ худашон санҷишҳову тестҳо таҳия кунанд. Ниҳоят, низоми таълими салоҳиятнок бояд тарзе ба роҳ монда шавад, ки ҳар як тарафи манфиатдор (омӯзгор, хонанда, падару модарон) чӣ гуна ташаккул ёфтани салоҳиятҳо ва арзёбии онҳоро худашон низ мушоҳида ва ҳисоб карда тавонанд. Ин низом, бешубҳа, ба баланд шудани сатҳи дониши хонандагон, ташаккул ва рушди салоҳиятҳо, ҳисси масъулиятшиносӣ, малакаву маҳоратҳои таҳлилӣ ва риояи одоби ҳамида мусоидат хоҳад кард.

 

МАСЛИҲАТҲОИ МЕТОДӢ БАРОИ ОМӮЗГОРОНИ ФАННИ «АЛИФБО ВА МАТНИ НИЁГОН»

Омӯзгорони фанни «Алифбо ва матни ниёгон» дар ҷараёни таълим бояд ба чунин васоили дастурӣ ва методӣ такя кунанд:

  • Стандарти таълими фанни  «Алифбо ва матни ниёгон», ки талаботи барномаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ташкили ҷараёни таълиму тарбия, ҳаҷми сарбории ниҳоии таълимӣ, дараҷаи омодагии донишомӯзон ва ҳамчунин меъёрҳои баҳогузории натиҷаҳои таълимии онҳоро дарбар мегирад;
  • нақшаи таълим;
  • барномаи таълим;
  • қоидаҳои баргузор намудани аттестатсияҳои донишомӯзон дар ҷараёни азхудкунии барномаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ки аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст;
  • меъёрҳои беҳдоштӣ ва қоидаҳои гигиение, ки дар робита ба сохтор, мазмун ва ташкили ҷараёни таълиму тарбия дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ муқаррар ва аз тарафи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудаанд.

Барои ҳар як соли хониш  нақшаи тахминии тақвимӣ роҳандозӣ карда мешавад. Дар зарурат муаллимони фанни «Алифбо ва матни ниёгон» вобаста ба шароити муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ метавонанд соатҳои таълимиро бо салоҳдиди хеш ба мавзӯъҳо тақсим намоянд.

Бо мақсади баланд бардоштани сифати фаъолияти илмию методӣ ва таълимӣ тавсия дода мешавад, ки бо назардошти шароити маҳал нақшаи дурнамои омӯзиши фанро таҳия созанд ва  татбиқи онро ташкил намоянд.

Омӯзгорони фанни «Алифбо ва матни ниёгон» вазифадор карда мешаванд, ки шогирдонро ба муоширати фарҳангӣ омода созанд ва ба фаъолияти касбии ояндаи онҳо замина гузоранд.

Вазифаи асосии такмили ҷараёни омӯзиши “Алифбо ва матни ниёгон” ташаккули омодагии омӯзгорон барои анҷоми фаъолиятҳои иртиботӣ мебошад. Бо мақсади ташаккули нутқи хаттӣ ва шифоҳии донишомӯзон ба омӯзгорон тавсия дода мешавад:

  • маводи таълим тавре интихоб гардад, ки на танҳо манбаи иттилоот, балки намунаи олии нутқи дуруст ва возеҳ ба шумор равад;
  • баланд бардоштани фарҳанг ва маҳорати нутқи хаттию шифоҳии донишомӯзон, риояи мантиқ, балоғати нутқ ва ҳусни баён;
  • истифодаи хониши ифоданок ҳамчун яке аз роҳҳои ташаккули маҳорати нутқи шифоҳӣ ва воситаи дарки мантиқии мазмуни матн;
  • ба роҳ мондани фаъолияти мунтазам барои ғанисозии захираи луғавии донишомӯзон;
  • ба донишомӯзон ёд додани роҳҳои истифодаи китоб, роҳнамову донишномаҳо ва манбаъҳои электронӣ;
  • ташаккули маҳорати тасвир, васф, қиёс, таҳлил, суҳбатороӣ, мубоҳиса, далеловарӣ, хулосабардорӣ ва ҷамъбасткунии донишомӯзон ба таври хаттӣ ва шифоҳӣ.

Раҳёфтҳои навини омӯзиши “Алифбо ва матни ниёгон” сатҳи баланди омодагии касбӣ ва иттилоотии омӯзгорон, корбасти самарабахши навгониҳои омӯзиширо тақозо менамояд, то ки омӯзиши фан бо низоми таълими мавҷуда дар ҳоли ҳамоҳангӣ қарор дошта бошад ва донишҳои андӯхташуда мавриди истифодаи судбахш қарор бигиранд.

Омӯзгори фанни «Алифбо ва матни ниёгон» вазифадор аст:

  • фаъолияти хаттии худро комилан бо хатти ниёгон  ба роҳ монад. Ҳангоми фаъолияти шифоҳӣ дар мавридҳои алоҳида аз методи муқоиса бо хатти кириллӣ истифода барад;
  •  ҳангоми анҷоми корҳои хаттӣ, чи дар дафтарҳои корӣ ва чи дар тахтаи синф ва чи дар тахтаи электронӣ, ба истифодаи маҳоратҳои эҷодии донишомӯзон мусоидат намояд;
  • ба донишомӯзон имкон диҳад, то ки супоришҳои иҷронамудаи ҳамдигарро бисанҷанд;
  • кӯшиш намояд, то ки донишомӯзон ғалатҳояшонро худашон ёфта, ислоҳ кунанд;
  • ба шогирдон имкон диҳад, то ки ғалатҳои ҳамдигарро ёфта, ислоҳ намоянд;
  • имкон диҳад, то ки шогирдон вазифаи хонагиро эҷодкорона иҷро кунанд.

Вазифаи хонагӣ бояд бо назардошти қобилияту истеъдоди синнусолии аҳли синф интихоб шавад. Омӯзгор метавонад бо назардошти вазъи ҳақиқии сатҳи дониши хонандагон вазифаҳои иловагӣ таҳия кунад.

Дар ҳар як муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ бояд синфхонаи «Алифбо ва матни  ниёгон» бо назардошти воситаҳои иттилоотиву иртиботӣ, маводи аёнӣ ва электронӣ ташкил ва муҷаҳҳаз карда шавад.

Барои иҷрои супоришҳои синфӣ ва хонагӣ дар дарсҳои фанни «Алифбо ва матни ниёгон» дафтарҳои миёнаҳаҷми ростхат зарур дониста мешаванд. Истифодаи дафтарҳои  расмкашӣ ва асбоби хаткаш ва варақҳои махсус дар дарсҳои хушнависӣ бо дастури устоди хушнавис иҷоза дода мешавад.

Шогирдон бояд бидуни истифодаи хатти курсӣ калима ва ҷумлаҳоро рост ва беғалат навишта тавонанд.

Доштани луғатномаҳои ҷайбӣ барои ҳар як донишомӯз шарт ва зарур аст.

Калимаҳо, ҷумлаҳо ва байту ҳикматҳо дар баёз ва луғатҳои ҷайбӣ бояд бо ҳуруфи ниёгон навишта шаванд.

Рӯйи дафтарҳои кории фанни «Алифбо ва матни ниёгон» ба таври ҳатмӣ бояд бо ҳуруфи ниёгон пур карда шавад.

Саҳифаҳои дафтари синф низ бояд қисман бо ҳуруфи ниёгон хонапурӣ карда шаванд: рақами тартиби саҳифа, номи фан, ному насаби омӯзгор, таърихи рӯз,  рӯйхати аҳли синф (бо хатти расмии давлатӣ), мавзӯи дарс, гузоштани баҳо, супориши вазифаи хонагӣ (бо алифбои ниёгон).

Баҳое, ки дар дафтари синф гузошта мешавад, фавран дар рӯзномаи донишомӯз гузаронида шавад ва он ҳам бо рақамҳои арабиасос.

Агар фикру дархостеро омӯзгор барои падару модарон ба таври хаттӣ тавассути донишомӯз ирсол кардан хоҳад, метавонад, ки онро бо хатти ниёгон нависад. Падару модарон агар хонда натавонанд, ҳатман фарзандашон онро барояшон мехонад, ки ин дорои аҳаммияти таълимӣ ва тарбиявӣ аст.

Бо мақсади ҳавасмандсозии донишомӯзон метавон озмун-бозиҳои грамматикӣ ва озмунҳои хушнависӣ ташкил намуд. Намунаҳои ин гуна бозиҳои дидактикӣ дар китоби дарсӣ оварда мешаванд, аммо омғзгорон худашон низ метавонанд бозиҳои дигари омӯзиширо ба роҳ монанд. Ғолибонро бо нусхаҳои хушсифати осори адибони классикӣ ва муосир ва намунаҳои олии хушнависӣ сарфароз кардан ниҳоят муҳим аст. Ташкили китоби «Хушнависон» дар синф низ дорои аҳаммияти хос аст.

Иттиҳодияи омӯзгорони фанни «Алифбо ва матни ниёгон» (дар сатҳи ноҳия ва шаҳр)  бояд ба ҳаллу фасли масоили зер аҳаммияти махсус диҳад:

  • ташкили шароити мувофиқ барои  омӯзиши фан;
  •  ташкил ва ба роҳ мондани дарсҳои кушоди намунавӣ;
  •  истифодаи роҳу равишҳои сермаҳсул дар дарсҳо;
  •  истифодаи равишҳои иртиботии ислоҳи ғалатҳои донишомӯзон;
  •  корбурди навгониҳои иттилоотиву технологӣ;
  •  нақши корҳои ғайрисинфию ғайримактабӣ дар ҳавасмандии донишомӯзон ҷиҳати омӯзиши фан;
  •  нақши фаъолияти назоративу санҷишии омӯзгор дар фарогирии маводи таълим:
  •  истифодаи маҳоратҳои эҷодии донишомӯзон дар равиши дарсҳо;
  •  ташкили озмуни иншои беғалат;
  •  ташкили маҳфили «Хушнависон»;
  •  истифодаи методҳои муассири кор бо донишомӯзони сустхон.

 

РОҲҲОИ ТАШКИЛИ КОРИ МУСТАҚИЛОНАИ ХОНАНДАГОН

Талаботи асосии ҷамъият ба мактаби имрӯза ташаккули шахсиятест, ки масоили илмӣ, истеҳсолӣ ва иҷтимоиро мустақилона ва эҷодкорона ҳал намуда, дорои тафаккури интиқодӣ, назари шахсӣ, талош барои омӯзиш ва мустақилияти эҷодӣ бошад.

Яке аз роҳҳои дастрас ва самарабахши баланд бардоштани сифати дониш ва саъю талоши донишомӯз ташкили фаъолияти мустақилонаи ӯст. Он дар сохтори дарси ҳозиразамон мақоми муайян ва хоссеаро ишғол мекунад, зеро донишомӯз танҳо дар ҷараёни фаъолияти омӯзиши мустақилона метавонад дониши амиқ ва зарурӣ ба даст орад, салоҳиятҳои истифодаи донишҳои азхудшударо такмил диҳад.

Ташкили фаъолияти мустақилонаи донишомӯзон ва мудирияти он масъулияти муҳим ва мураккаби ҳар як омӯзгор дониста мешавад. Тарбияи серталошӣ ва мустақилиятро бояд ҳамчун ҷузъи таркибии омӯзишу парвариш баррасӣ намуд.

Дар робита бо ташаккули фаъолияти мустақилонаи донишомӯзон ҳамбастагии ду масъалаи муҳимро набояд фаромӯш кард. Аввалан,  донишомӯзон бояд қобилияти дарки мустақилонаро аз худ кунанд ва донишҳоро ба таври мустақилона фаро бигиранд ва ҷаҳонбинии хешро вусъат бахшанд. Сониян, малакаву маҳоратҳоро дар амалия мустақилона истифода карда тавонанд.

Фаъолияти мустақилона худнамойӣ нест, балки он воситаи саъйу талош барои ба даст овардани дониши амиқ ва мустаҳкам, воситаи ҳавасмандӣ, санҷиши салоҳиятҳои истифодаи амалии дониш ва истеъдодҳои шахсӣ ба шумор меравад. Дар ҷараёни омӯзиш хонанда бояд ба сатҳи муайяни мустақилият бирасад, то тавонад дар ҳолатҳои гуногун мушкилоти хешро ҳал намояд.

Аз ин рӯ, роҳҳои такмили дарс аз ҳисоби истифодаи шаклу равишҳои муассир, баланд бардоштани сатҳи маҳоратҳои методии омӯзгорон, парҳез кардан аз шакли қолабии ташкили ҷараёни омӯзиш ва ба ҷойи он истифодаи воситаҳои техникиву аёнӣ ва навгониҳои омӯзиш бояд дар маркази таваҷҷуҳи масъулини омӯзишу парвариш қарор дошта бошад.

Комёбиҳои омӯзиш ба таври воқеӣ ба он шароите вобаста аст, ки омӯзгор ҷиҳати ташаккулу рушди мустақилият барои шогирдони хеш муҳайё намудааст. Воқеан, бояд чунин як шароите фароҳам оварда шавад, ки ба таъмини фаъолияти мустақилонаи шогирдон дар раванди омӯзиш, расидан ба дастовардҳои дилхоҳ ва истифодаи онҳо дар ҳаёти воқеӣ мусоидат намояд.

Дар замони муосир аҳамияти ташкили фаъолияти мустақилонаи донишомӯзон бамаротиб афзудааст ва ҳам нақши он дар раванди омӯзишу парвариш бештар ба назар мерасад. Ин мавзӯъ талаботи навинеро дар баробари ташкили раванди омӯзишу парвариш пеш мегузорад ва боиси корбурди васоити бешумори методию тарбиявӣ гардидааст.

Фаъолияти мустақилонаи донишомӯзон ба баланд бардоштани сифати таълим, малакаю маҳоратҳои ҳатмӣ, қобилиятҳои зеҳнию ҷисмонӣ ва, дар маҷмӯъ, барои ташаккули салоҳиятҳо мусоидат менамояд. Кори мустақилона дар рушди мустақилии донишомӯз ҳангоми дарс ва таҳкими он дар шароити гуногун нақши муҳим дорад. Дар робита ба ин ба мавқеи роҳбарикунандаи омӯзгор аз дидгоҳи дигар бояд назар кард. Кори мустақилона воситаи таълим ба шумор меравад.

 

ТАЪМИНОТИ МЕТОДӢ ВА ИТТИЛООТИИ ФАН

Асоси таъминоти пурраи методӣ ва иттилоотии таълими фанни «Алифбо ва матни ниёгон»-ро васоити омӯзишие ташкил медиҳанд, ки дар ҷараёни омӯзишу парвариш мавқеи муҳим доранд. Вазифаҳои таълимию тарбиявии васоити таълим ҳамчун ҷузъи раванди таълиму тарбия аз инҳо иборатанд:

  • Баланд бардоштани сатҳи аёният, инчунин дастрасии маводи таълим ба донишомӯз, ки бе истифодаи васоити таълим душвор аст;
  • Ҳосил намудани қаноатмандии ҳар чи бештар аз рушди фаъолияти маърифатии донишомӯзон;
  • Пайдо намудани манбаъҳои иттилоотие, ки ба сарфа намудани вақти асосӣ мусоидат менамоянд ва ба ин восита барои фаъолияти эҷодӣ шароит фароҳам меоранд;
  • Истифодаи васоити идораи фаъолияти маърифатии донишомӯзон аз тарафи омӯзгорон.

Интихоб ва истифодаи васоити таълим ба таври маҷмӯӣ бо дарназардошти хусусиёт ва ҷузъиёти ҷараёни таълим амалӣ карда мешавад. 

 Санади асосӣ барои коркарди васеи таъминоти методӣ ва иттилоотии фанни «Алифбо ва матни ниёгон» барномаи таълим ба шумор меравад, ки мазмуни ҷараёни таълимро мувофиқи талаботи истеҳсолоти имрӯза ва пешрафти илмию техникӣ нисбат ба тарбияи мутахассисони баландпоя муайян менамояд.

Маҷмӯи васоити таълим бояд мазмуни асосии маводи барномаро комилан фаро бигирад. Таъмини васеи методиву иттилоотӣ ҳаминро дар назар дорад, ки омӯзиши ҳар як мавзӯи барномаи таълим бояд бо васоити зарурии таълим анҷом дода шавад.

     Тақвияти методии ҷараёни омӯзишу парвариш бо дарназардошти афзалиятҳои тарбиявӣ ва ҳолатҳои таълимӣ интихоби васоити муносиби омӯзишро пешниҳод менамояд.

Ҳадафи таъминоти методию иттилоотии ҷараёни омӯзиши фанни «Алифбо ва матни ниёгон» тақозо мекунад, ки васоити таълим фаъолияти пурсамари омӯзандагии омӯзгор ва фаъолияти омӯзишиву маърифатии донишомӯзро дар ҳама зинаҳои ҷараёни таълиму тарбия (ҳангоми шиносоӣ бо маводи омӯхташаванда, ҳангоми мустаҳкамкунӣ ва такмили донишу малака ва ҳангоми истифодаю назорати онҳо) таъмин намояд.

Раванди омӯзиши “Алифбо ва матни ниёгон” се вазифаи асосӣ – таълим, тарбия ва инкишофро дар бар мегирад. Таъмини васеи методиву иттилоотии раванди таълиму тарбия ҳангоми омӯзиши фанни «Алифбо ва матни ниёгон» истифодаи самараноки ҳама гуна вазифаҳои васоити таълимро дар назар дорад.

Системаи таъминоти методиву иттилоотии фан иборат аст аз:

  • Асноди таълимӣ: нақшаи таълим, барномаи таълим, маҷмӯи нақшаҳои оянда, нақшаи тақвимӣ, нақшаи дарсҳо, васоити аёнии ёрирасон ва феҳристи адабиёти иловагии зарурӣ.
  • Васоити таълимӣ барои донишомӯз: китоби дарсӣ, дастури омӯзиш, роҳнамо, маҷмӯаи машқу супоришҳо барои кори мустақилона, роҳнамо барои иҷрои супоришҳои эҷодию амалӣ, сармашқ.
  • Васоити таълимӣ барои дарс: маводи аёнии табиӣ, васоити техникии таълим, таҷҳизоти намойишдиҳӣ, дастгоҳи барномарезии таълим.
  • Васоит барои омӯзгор: методикаи хусусии таълими фан, коркарди методии мавзӯъҳои барнома.

 

РАВИШ ВА ТАРТИБИ АРЗЁБИИ САЛОҲИЯТҲО

Дар баробари истифода аз низоми анъанавии баҳогузорӣ ба сатҳи дониш, маҳорату малака ва салоҳиятҳои хонандагон дар таълими “Алифбо ва матни ниёгон” низоми бисёрхолаи арзёбии салоҳиятҳо низ пешниҳод мешавад. Дар низоми анъанавӣ фақат сатҳи дониш баҳогузорӣ мешавад, низоми нав тақозо мекунад, ки баҳои умумӣ инъикоскунандаи маҷмӯи маҳоратҳои зеҳнӣ, равонӣ, отифӣ (нармдилӣ) ва касбии хонанда бошад. Баҳои умумӣ аз маҷмӯи баҳоҳое таркиб меёбад, ки ба таври алоҳида ба ҳама навъи фаъолияти хонанда (иштироки фаъолона дар дарсҳо, иҷрои вазифаю супоришҳои хонагӣ ва иловагӣ, муносибат бо ҳамсинфон ва омӯзгорон, ташаккули шахсият, ҳисси масъулият, рафтор, иштирок дар корҳои беруназсинфӣ, дараҷаи азхудкунии барномаи таълим) таркиб меёбад. Аз тарафи дигар, баҳои умумӣ бояд ҷузъитарин тафовутро дар байни хонандагони аз рӯйи нишондодҳои болоӣ хеле наздик низ инъикос намояд. Яъне, дар низоми нав дар байни хонандагоне, ки аз рӯйи низоми анъанавӣ дар як сатҳ қарор доранд (масалан, ҳамаи онҳое, ки баҳои “4” доранд), низ тафовут гузошта мешавад.

Аз низоми нави арзёбӣ, ки садхола аст, дар ҷараёни таълим истифода мешавад, вале баҳои умумии хонанда вобаста ба талаботи муқаррароти ҷорӣ ба навъи зарурӣ (панҷхола, калимагӣ, ҳарфӣ, даҳхола) баргардонида мешавад. Аз чунин навъи баҳогузорӣ дар баъзе литсейу гиназияҳо истифода мекунанд. Дар ин низом ба ҳар як холи низоми анъанавӣ 20 хол рост меояд. Аз ин ҷо, чунин баробариро ба назар гирифтан лозим аст: 1 = 1-20, 2 = 21-40, 3 = 41-60, 4 = 61-80, 5 = 81-100. ). Ба ибораи дигар,  ҳудуди баҳои ғайриқаноатбахш (як ва 2ду аз 0 то 40, ҳудуди баҳои қаноатбахш (се) 41 – 60, баҳои хуб (чор) 61 – 80 ва баҳои аълро (панҷ) 81 – 100 мешавад. Ҳамин тариқ, шкалаи мутобиқати холҳои низоми навро бо низоми анъанавӣ чунин тасвир кардан мумкин аст:

Низоми анъанавӣ

Низоми садхола

Калимагӣ

Ҳарфӣ

Даҳхола

1 – 2

0 – 40

ғайри-қаноатбахш

F

1

 

3

41 – 47

 

қаноатбахш

 

C-

2

48 – 54

C

3

55 – 60

C+

4

 

4

61 – 67

 

хуб

 

B-

5

68 – 74

B

6

75 – 80

B+

7

 

5

81 – 87

 

аъло

 

A-

8

88 – 94

A

9

95 – 100

A+

10

            

Табиист, ки тарзу усули баҳогузорӣ дар низоми нав бевосита ба хусусиятҳои фанни мактабӣ вобаста аст. Аз ин рӯ, масъалаи муҳими дигар муайян намудани беҳтарин ва дар айни замон содатарин роҳу усулҳои баҳогузорӣ ба ҳар фанни мактабист. Роҳи интихобкарда бояд тавре бошад, ки натанҳо барои мутахассис ва омӯзгор, балки барои худи хонанда ва падару модари ӯ низ равшану фаҳмо бошад. Маҳз дар ҳалли ин масъала нақши китоби дарсӣ ба миён меояд.

Аввалан, низоми нави баҳогузорӣ на танҳо сатҳи дониш, балки маҳорати шахсӣ (иҷрои вазифаи хонагӣ), ҳисси масъулиятшиносӣ (давомот) ва рафтору одоби хонандаро низ ба назар мегирад. Аз ин ҷост, ки ҳар мавзӯи китоби дарсӣ, ки барои як соати таълимӣ пешниҳод мегардад, бояд қисмати вазифаи хонагӣ бо супоришҳои мушаххасро низ дошта бошад.

Сониян, дар китоби дарсӣ пас аз ҳар чанд мавзӯъ, ки дар маҷмӯъ як қисмати барномаи таълимро дар бар мегирад, санҷишу супоришҳои гуногун, аз ҷумла, тестҳо оварда шаванд. Супоришҳо ва тестҳо тавре гузошта мешаванд, ки ба ҳар қисмати кор миқдори муайяни хол ҷудо мешавад.

Тартиби баҳогузорӣ дар ин низом чунин сурат мегирад: 

1. Пас аз ҳар ҳафт-ҳашт мавзӯъ дарси санҷишу тест пешниҳод мешавад. Он аз ду қисм – диктант (кори хаттӣ) ва саволҳои тестӣ иборат аст. Матни диктантҳо барои синфи 8 на каматар аз 50 калима (ғайр аз калимаҳои такроршуда ва ёридиҳанда) иборат аст. Агар матни диктант аз 50 калима иборат бошад, чунин маъно дорад, ки ҳар як калимаи дуруст навишташуда имкони гирифтани 1 холро фароҳам месозад. Яъне, баҳои умумӣ на аз рӯйи миқдори хатоҳо, балки ба ҳаҷми кори анҷомгирифта гузошта мешавад. Ба ибораи дигар, барои ҳар як калимаи хато навишташуда аз маҷмӯи умумии холҳои диктант (50) 1 (як) холро тарҳ намудан лозим аст. Масалан, агар хонанда дар диктант ба панҷ иштибоҳ роҳ дода бошад, баҳои ӯ (50 – 5) ба 45 баробар мешавад.

2. Барои тест саволҳои гуногун вобаста ба мавзӯъҳои гузашта пешниҳод мешавад. Шаклу усулҳои пешниҳоди тестҳо низ метавонад гуногун бошад. Миқдори умумии холҳои саволҳои тестӣ ҳадди аксар 20 холро ташкил медиҳад. Барои ҳар хато аз ин ҳисоб миқдори муайяни холҳо кам карда мешавад. Масалан, дар сурати ба 10 баробар будани миқдори умумии саволҳои тестӣ ҳар як ҷавоби дуруст имкони гирифтани 2 хол (10 Х 2 = 20)-ро фароҳам месозад. Агар хонанда дар интихоби ҷавобҳои дуруст ба се иштибоҳ роҳ дода бошад, ӯ соҳиби (20 – 6) 14 хол мешавад.

3. 30 холи боқимонда барои иштирок дар дарсҳо (давомот), иҷрои вазифаҳои хонагӣ ва рафтори хонанда (барои ҳар кадом навъи фаъолият - даҳхолӣ) гузошта мешавад. Ҳисоби холҳо барои давомот чунин сурат мегирад: миқдори холи умумӣ (10)-ро ба миқдори соатҳои таълимӣ дар давраи муайян (тестӣ) тақсим мекунем ва арзиши иштирок дар ҳар як дарсро меёбем. Масалан, агар санҷиш пас аз 8 соати таълимӣ баргузор гардад, ин чунин маъно дорад, ки хонанда барои иштирок дар ҳар дарс соҳиби 1,25 хол (10 тақсими 8 баробари 1,25) мешавад. Ҳамин тариқ, агар хонанда аз 8 дарс дар дутояш иштирок накарда бошад, соҳиби 7,5 хол (6 Х 1,25 = 7,5) мешавад. Барои иҷрои вазифаҳои хонагӣ ва рафтор низ чунин амалро иҷро мекунем. Агар хонанда дар ин муддат се бор вазифаи хонагиро иҷро накарда бошад, ӯ соҳиби 6,25 хол (5 Х 1,25 = 6,25) мешавад. Ниҳоят, агар хонанда тартибу интизомро дар ин давра се маротиба вайрон карда бошад, соҳиби 6,25 холи дигар мегардад.    

Ҳамин тариқ, дар мисоли додашуда баҳои умумии хонанда аз ҳар санҷишу тест ба ин тариқ ташаккул меёбад: диктант – 45 хол, саволҳои тестӣ – 14 хол, давомот – 7,5 хол, иҷрои вазифаи хонагӣ – 6,25 хол, рафтор – 6,25 хол, дар маҷмӯъ – 79 хол, ё худ, тибқи низоми ҷорӣ баробари 4 аст. Бартарии ин низом дар он аст, ки дар сурати баҳои якхела (4) гирифтани якчанд хонанда (61, 65, 73, 78...) низ сатҳи дониши онҳо дақиқтар ифода меёбад.

Зимнан, хонандагон барои ба даст овардани холҳои аздастрафта бо роҳи сабақгардонӣ метавонанд онҳоро барқарор кунанд. Масалан, хонандае, ки дар дарс иштирок надошт, бо пешниҳоди иҷрои вазифаи хонагӣ ва саволу ҷавоб оид ба мавзӯи дахлдор метавонад холҳои муайян (вобаста ба сатҳи тайёрии мустақилона) ба даст орад.  

Матни диктантҳо намунавӣ буда, омӯзгор метавонад худаш низ чунин матнҳо тартиб диҳад ё аз манбаи дигар интихоб кунад.

Тестҳо низ дар шаклҳои гуногун пешниҳод мешаванд. Умуман, бояд зикр кард, ки маънои “тест” аслан санҷиш аст. Мутаассифона, онро аксаран ба маънои танг мефаҳманд ва дар се ё чор намуд маҳдуд мекунанд. Барои намуна мо як дарси санҷишу тестро меорем:

 

دیکتنت. این متن نمونوی برای دیکتنت است. برای هر اشتباه از 50 (پنجاه) خال عمومی 1 (یک) خال کمتر می­شود.

لقمان حکیم­را زمانی کسی به بندگی گرفت و مدّتی خدمت می­فرمود و از وی آثار علم و حکمت مشاهده می­نمود. روزی خواجه به رسم امتحان لقمان حکیم­را گفت:

-گوسفندی بکش و بهترین اعضای وی­را به نزد من آر.

لقمان گوسفندی بکشت و دل و زبانش پیش خواجه آورد. روز دیگر گفت:

-گوسفندی بکش و بدترین اعضایش­را بیاور.

لقمان گوسفندی دیگر بکشت و باز هم دل و زبانش­را آورد. خواجه گفت:

-این چگونه است؟

گفت:

-هیچ چیز بهتر از دل و زبان نیست، اگر پاک باشد و هیچ چیز بدتر از آن نیست، اگر ناپاک باشد.

گروه کلمه­هایی­را گه درست نوشته شده­اند، پیدا کنید (برای هر انتخاب درست دو خال):

  1. رحیم، وسیع، سعید، حبیب، جلیل، عزز، طبیب

رحیم، وسیع، سعید، حبیب، جلیل، عزیز، طبب

رحیم، وسع، سعید، حبیب، جلیل، عزیز، طبیب

رحیم، وسیع، سعید، حبیب، جلیل، عزیز، طبیب

  1. تعلیم، ترتیب، تحصین، تشکیل، تطبیق، تشویق، تأثیر

تعلیم، ترتب، تحصین، تشکیل، تطبیق، تشویق، تأثیر

تعلیم، ترتیب، تحصین، تشکیل، تطبیق، تشوق، تأثیر

تعلیم، ترتیب، تحصین، تشکیل، تطبق، تشویق، تأثیر

  1. زنده­گی، سازندگی، نمایندگی، بچگی، دلبستگی

زندگی، سازندهگی، نمایندگی، بچگی، دلبستگی

زندگی، سازندگی، نمایندگی، بچه­گی، دلبستگی

زندگی، سازندگی، نمایندگی، بچگی، دلبستگی

  1. تاجیکیستان، قزاقیستان، مغولیستان، هندوستان، ارمنیستان

تاجیکستان، قزاقستان، مغولستان، هندواستان، ارمنستان

تاجیکستان، قزاقستان، مغولستان، هندوستان، ارمنستان

تاجیکستان، قزاقستان، مغولستن، هندوستان، ارمنستان

  1. آرایش، آسایش، آرامیش، خانش، روش، کوشش، نوازش

آرایش، آسایش، آرامش، خوانیش، رویش، کوشیش، نوازیش

آراش، آساش، آرامش، خوانش، روش، کوشش، نوازش

آرایش، آسایش، آرامش، خوانش، روش، کوشش، نوازش

 

طرز نوشت درست جمله­ها را پیدا کنید (برای هر جواب درست دو خال):

  1. پارسيان‌ در زمان شاهنشاهی‌ کوروش، اندازه میان بردگی و آزاد‌ی­را نگاه می­داشتند.

پارسان‌ در زمان شاهنشاهی‌ کوروش، اندازه میان بردگی و آزاد‌ی­را نگاه می­داشتند.

پارسيان‌ در زمان شاهنشاهی‌ کوروش، اندازه میان برده­گی و آزاد‌ی­را نگاه می­داشتند.

پارسيان‌ در زمان شاهنشاه‌ کوروش، اندازه میان بردگی و آزاد‌ی­را نگاه می­داشتند.

  1. مردمان رابیطۀ خوبی با پادشاهان خود داشتند.

مردمان رابطۀ خوبی با پادشاهان خد داشتند.

مردمان رابطۀ خوبی با پادشاهان خود داشتند.

مردمان رابطۀ خوبی با پادشاه­ان خود داشتند.

  1. خَواص و ندمان آن حضرت سؤال کردند.

خَواص و ندیمان آن حزرت سؤال کردند.

خَواص و ندیمان آن حضرت سؤال کردند.

خَواس و ندیمان آن حضرت سؤال کردند.

  1. هیچ نیکی بهتر از دوستی نیکان نیست و هیچ بدی بدتر از دوستی بدان نیست.

هیچ نیکی بهتر از دوست نیکان نیست و هیچ بدی بدتر از دوستی بدان نیست.

هیچ نیکی بهتر از دوستی نیکان نیست و هیچ بدی بتر از دوستی بدان نیست.

هیچ نکی بهتر از دوستی نیکان نیست و هیچ بدی بدتر از دوستی بدان نیست.

  1. اگر از من گزشتی، بگذرد عمرم به ناکامی.

اگر از من گذشتی، بگزرد عمرم به ناکامی.

اگر از من گذشتی، بگذرد امرم به ناکامی.

اگر از من گذشتی، بگذرد عمرم به ناکامی.

برای اشتراک در درس­ها، اجرای وظیفۀ خانگی و آداب و رفتار خواننده در مجموع حد اکثر 30 (سی) خال جدا کرده بهای عمومی هر کدامی از آنها را معین کنید.

Бо ин тарзи пешниҳодшуда худи хонанда, падару модари ӯ ва ҳар ҳамсинфи дилхоҳ низ баҳои ҳақиқиро муайян карда метавонад. Дар натиҷа, дар низоми баҳогузорӣ шаффофият ва адолат барқарор шуда, ҳама гуна ҳодисаҳои номатлуби дахолати шахс ба баҳо аз байн меравад.

Ҳамин тариқ, дар ҳар давраи чорякӣ тақрибан ду санҷишу тест баргузор мегардад. Баҳои чоряк аз рӯйи ҷамъбасти санҷишҳо ва баҳоҳои рӯзмарраи хонандагон баҳо гузошта мешавад. Масалан, баҳои умумии ду санҷиш (79 + 85 = 164, 164 тақсими 2 = 82, ё худ, аз рӯйи низоми ҷории баҳогузорӣ “5”. Ҳисоби миёнаи баҳоҳои рӯзмарра (4, 5, 4, 5) 18 тақсими 4 =  4,5. Баҳои чоряк: (5 + 4,5) тақсими 2 =  4,75, ё худ “5”, аъло, А мешавад. Баҳои нимсолаи якум аз рӯйи ҳисоби миёнаи ду чоряки гузашта ва, ниҳоят, баҳои солона аз рӯйи натиҷаҳои нимсолаҳо ҳисоб карда мешавад.

Чунин тарзи ба роҳ мондани татбиқи низоми нави баҳогузорӣ аз чанд ҷиҳат афзалият дорад.

Якум, шарт нест, ки ҳаҷми дафтари синф ба маротиб калон карда шавад, кофист, ки барои ҳар як фан як саҳифаи иловагӣ барои қайдҳои махсуси омӯзгор (санҷиши вазифаи хонагӣ, сабақгардонӣ ва ғ.) илова гардад. Дар дафтари синф ҳар рӯз қайд кардани холҳо низ зарурат надорад. Дар он мисли ҳамеша давомот (ҳозиру ғоиб будани хонанда) ва ҳамчунин ҳодисаҳои вайрон кардани қоидаҳои тартибу низом қайд карда мешаванд.

Сониян, омӯзгор ба эҷодкорӣ ташвиқ мешавад – ӯ метавонад матнҳои кори хаттӣ, аз ҷумла, диктантҳоро худаш интихоб кунад, вобаста ба мавзӯъҳои дарсӣ саволҳои тестӣ тартиб диҳад.

Пурсиши мавзӯи дарс ва вазифаи хонагӣ ҳар рӯз ба таври маъмулӣ сурат мегирад, аммо иҷрои вазифаҳои хонагӣ (сифати кор) дар як давраи санҷишӣ, яъне пас аз ҳар панҷ-шаш соати дарсӣ санҷида мешаванд.

Чунин тарзи муносибат ба низоми нави баҳогузорӣ, аз як тараф, муҳити ҳақиқии мусобиқаву пешравиро таъмин мегардонад, аз тарафи дигар, имкон медиҳад, ки пешрафти хонанда бо муқоисаҳои дастовардҳои худаш муайян гардад (масалан, хонанда дар як марҳила соҳиби 46 хол, дар марҳилаи дигар соҳиби 53 хол шавад, ин аллакай пешравӣ ва шойистаи таҳсин аст, ҳарчанд, ки ҳар ду баробари баҳои “се” аст). Ин омилҳо дар ниҳояти кор ба беҳтар шудани сатҳи сифати дониши азхудшуда мусоидат менамояд.

Нақшаи намунавии пешниҳоди матнҳо барои диктант ва таҳияи саволҳои тестӣ ва ҳисоби холҳо барои онҳо чунин аст:

Барои диктантҳо:

Миқдори калима дар диктант

Миқдори хол барои ҳар як калима

Ҳадди аксари имконпазири холҳо

25

2

50

50

1

50

75

0,67

50

100

0,5

50

 

Барои саволҳои тестӣ:

Миқдори саволҳо дар тест

Миқдори хол барои ҳар як ҷавоби дуруст

Ҳадди аксари имконпазири холҳо

4

5

20

5

4

20

10

2

20

20

1

20

40

0,5

20

50

0,4

20

 

Баҳодиҳии чорякҳо аз рӯйи ҷамъбасти баҳоҳои санҷишҳо ва баҳоҳои нимсола ва солона ҳам аз рӯйи ҷамъбасти баҳоҳои чорякҳо ва ҳам аз рӯйи санҷишҳои ниҳоии нимсола ва солона ташаккул меёбад. Онро ба тариқи намуна чунин нишон додан мумкин аст:

Нимсолаи якум:

Баҳоҳои санҷишӣ дар ҷараёни таълим : 1 = 84, 2 = 88, 3 = 92, баҳои чоряки 1 = (84+88+92):3=264:3=88, ё худ “5”:

Баҳоҳои санҷишӣ дар ҷараёни таълим: 1 = 86, 2 = 90, 3 = 94, баҳои чоряки 2 = (86+90+94):3 = 270:3 = 90, ё худ “5”;

Баҳои санҷиши ҷамъбастии нимсолаи якум = 96.

Баҳои умумии нимсолаи якум: (88+90+96):3=274:3=91, ё худ “5”.

 

Нимсолаи дуюм:       

Баҳоҳои санҷишӣ дар ҷараёни таълим: 1 = 78, 2 = 86, 3 = 94, баҳои чоряки 3 = (78+86+94):3=258:3=86, ё худ “5”:

Баҳоҳои санҷишӣ дар ҷараёни таълим: 1 = 90, 2 = 92, 3 = 94, баҳои чоряки 2 = (90+92+94):3 = 276:3 = 92, ё худ “5”;

Баҳои санҷиши ҷамъбастии нимсолаи дуюм = 98,

Баҳои умумии нимсолаи дуюм: (86+92+98):3=276:3=92, ё худ “5”.

Баҳои умумии солона: (91+92):2=92.

 

Тавре дида мешавад, сатҳи рушди салоҳиятнокии хонанда дар ин маврид ҳам бо ханандагони дигаре, ки дар маҷмӯъ баҳои “5” доранд (масалан, соҳиби 82, 85, 87, 91, 94 ва ғайра холҳо шудаанд) муқоиса карда мешавад, ҳам пешрафти худи хонанда бо муқоисаи баҳоҳои ӯ дар чоряку нимсолаҳо муайян мешавад.

 

Бори дигар таъкид бояд кард, ки ин навъи баҳоҳо дар дафтарҳои кории хонандагон ва омӯзгорон гузошта мешавад, дар дафтар (журнал)-и синф баҳоҳо аз рӯйи низоми ҷорӣ (1,2,3,4,5) вобаста ба натиҷаи санҷишҳо гузошта мешаванд. 

 

БАРНОМАИ ТАЪЛИМ

(68 СОАТ)

 

НИМСОЛАИ ЯКУМ (33 СОАТ)

Ҳадафи асосии таълими алифбои ниёгон дар нимсолаи аввали синфи 8 аз таҳкими донишҳои дар синфи 7 бадастомада иборат аст. Дар зимн маҳорату салоҳиятҳои хониш, фаҳмиши матн, навиштан ва баргардон кардан аз як алифбо ба алифбои дигар рушд меёбанд. Дар ин соли таҳсил дарсҳои хушнависӣ низ ҷой  дода шудаанд. Вобаста ба ҷашнҳои миллӣ маводи тарбиявӣ мавриди омӯзиш қарор мегирад.

Барои самаранок сурат гирифтани таълиму тадриси ин фан бояд, ки муаллимони муҳтарам  ба масъалаҳои зерин эътибор диҳанд:

  • дар ҷараёни таълим аз усули содаву фаҳмо истифода намоянд, матнҳо бояд муҳтавои пандуахлоқӣ, хештаншиносӣ ва ҳувийяти миллӣ дошта  бошанд;
  • ҳангоми тадрис аз усули қиёсу монандкунии ҳарфҳо бо ашёи муҳити атроф истифода намоянд, то ки шакли ҳарфҳо дар зеҳну ҳофизаи шогирдон беҳтару хубтар ҷой гиранд;
  • дарсҳо бо усули фаъоли таълим ташкил карда шаванд, то ки талабагон хастагиро эҳсос накунанд ва дарсҳо барояшон шавқовару хотирнишин бошанд;
  • дар ҷараёни тадрис ба масъалаи азхудкунии луғатҳои номафҳуми матнҳо диққати ҷиддӣ дода шавад;
  • ба иҷрои вазифаи хонагӣ ва корҳои мустақилонаи инфиродию гурӯҳӣ низ бояд аҳаммияти хосса дод.  

 

 

ТАҚСИМОТИ СОАТҲОИ ТАЪЛИМӢ БА МАВЗӮЪҲО

1. Такрор ва таҳкими муҳимтарин донишҳои соли аввали омӯзиш  - 3 соат

Дар ҷараёни ин соатҳои таълимӣ барои такрор ва таҳкими муҳимтарин қоидаҳои имло ва рушди тафакку


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш