Нашрияи Омӯзгор

Оё математика фанни душвор аст?

Сана: 2019-08-09        Дида шуд: 9        Шарҳ: 0

Ба мушоҳида  мерасад, ки  хонандагон дар мактаб фанҳои  таълимиро байни  худ ба ду гурӯҳ тақсим  мекунанд: фанҳои осон ва душвор. Ба гурӯҳи  фанҳои  душвор фанни  математикаро аз ҳама бештар ворид месозанд.

Бо дарки  ин ҳолат  омӯзгорро мебояд, ки  тавассути  дарсҳои  ҷолибу возеҳаш ба шогирдон аслан фаҳмою аҷиб ва зарур будани  ҳар як  фанро собит намояд. Ин кор, махсусан, дар синфҳои  ибтидоӣ аҳамияти  бештар дорад, зеро фаҳмишҳои  хонандагон асосан дар зинаи  аввали  таҳсилот  шакл мегиранд. Дар ин зинаи таҳсилот  шогирдон аз фанни математика донишҳои ибтидоӣ мегиранд. Омӯзгор бояд пайваста бар он бикӯшад, ки  таълими  ин фан шавқовару ҷолибу ҷозибадор ҷараён бигирад. Барои ин, пеш аз ҳама, ба ҷанбаҳои  зерини  таълим диққат бояд дод:

1. Дар дарс ҳар чӣ  бештар аз аёниятҳо истифода намудан лозим аст;

2. Бояд сухани муаллим  саҳеҳу фаҳмо ва диққатҷалбкунанда бошад;

3. Бештар вобаста ба ҳаёти  воқеӣ ва муҳити  хонандагон мисолҳо овард ва ҳамбаста ба ин масъалаҳо тартиб бояд дод;

4. Бар он бояд кӯшид, ки ба  дарс ҳар як  хонанда (ҳадди ақал, бо як-ду луқма) ширкат варзад.

5. Илова ба китоби  дарсӣ омӯзгор бояд бо истифода аз адабиёти  илова, маводи воситаҳои ахбори умум ва сарчашмаҳои  дигар дарси  математикаро ҷолибтару  шавқовартар созад.

Боре дар синфи дуюм ҳангоми  таълими  аломати  тарҳ ва ҳалли  мисолҳо бо он аз хонандае, ки  ба дарс чандон таваҷҷуҳ надошт, пурсидам: - Ту ҳамагӣ чанд китоби дарсӣ  дорӣ? Ҷавоб дод: - Ҳафтто.  Пурсидам: - Имрӯз чанд китобатро бо худ ба мактаб овардӣ? Гуфт: - Чортояшро. Боз пурсидам:

- Акнун бигӯй, ки дар хонаатон имрӯз чанд китоби дарсии ту мондааст? Хонанда ба фикр фурӯ рафт, чизе зери лаб гуфт, вале дар ҷавоб душворӣ кашид. Ман ба ӯ мадад расондам: - Доштӣ – ҳафт китоб, овардӣ – чор китоб. Яъне: 7-4. Чанд китоб монд? Хонанда ҳам фикр карда ва ҳам  ангуштонашро истифода намуда, посухи дуруст дарёфт: - 3-то.

Ман ба ӯ таҳсин гуфта, хоҳиш кардам, ки бо ҷумлаи  пурра (робита бо дарси забон) бигӯяд, ки имрӯз чанд китобашро бо худ дораду чанд китобаш дар  хона монда. Ӯ бо каме андеша ҷавоб дод: - Имрӯз ман чор китоби дарсиамро бо худ ба мактаб овардам, се китоби дигарам дар хонаамон монд.

Ман аз ин хонанда, ки  аз хонандагони  нисбатан сустхони синф аст, иловатан пурсидам:

- Агар фардо панҷ китобатро бо худ ба мактаб орӣ, дар хонаатон чанд китоб мемонад?

Ӯ дарзамон ҷавоб дод: - Ду китоб!

Аҳли синф аз «ҳозирҷавобӣ»-и ин ҳамсинфи «танбалнамо»-и худ ба ваҷд омада, беихтиёр кафкӯбӣ карданд.

Чунин лаҳзаҳои ҷолибу муассир дарсро аз ҳар як фан, аз ҷумла, аз фанни математика таваҷҷуҳбарангезу  завқовар месозанд ва диққати шогирдонро ба омӯзиши фанҳо бештар ҷалб менамоянд.

 

Хосият АЗИМОВА,

омӯзгори  синфҳои  ибтидоии

мактаби №4-и ноҳияи Айнӣ

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш