Нашрияи Омӯзгор

Ба тарзи навишти диктант эътибор диҳем

Сана: 2019-08-09        Дида шуд: 6        Шарҳ: 0

Шурӯъ аз синфҳои поёнӣ бояд ба навиштани диктанти санҷишӣ  диққати  ҷиддӣ зоҳир намуд. Зеро  малакаю  маҳорати донишазхудкунии хонандагон ва  сатҳи  саводу  беғалат иншо  намудани  фикр вазифаи асосӣ ва  аввалиндараҷаи  омӯзгори  синфҳои  ибтидоӣ  ба шумор меравад.

Маҳз ҳангоми навиштани диктанту  баҳогузорӣ намудани он  натиҷаи  кори  омӯзгор баръало маълум  мегардад. Барои навиштани диктант омӯзгор бояд тибқи  нақшаю  барномаи  таълимӣ  тайёрию омодагии  ҳаматарафа дида,  матни  ба синну соли  хонандагон  мувофиқро интихоб  намояд, калимаю таркибҳои  душворфаҳму  мушкилро  тавзеҳ бахшида, ба супоришҳои грамматикие, ки дар зери  матн оварда шудааст, диққати худро  равона созад. Мутаассифона, мушоҳидаҳо бозгӯйи  онанд, ки  ба омӯзгорони  синфҳои  поёнӣ  дар интихоби  матнҳо барои навиштани  диктант, ислоҳи  ғалатҳо (имлоӣ, китобӣ) ва меъёри баҳогузорӣ  ягон  кумаки   амалӣ  расонда намешавад. Натиҷа ба он  оварда мерасонад, ки ҳар омӯзгор ба таври фаҳмишу  салоҳдиди худ баҳо  гузошта, ягон  қоидаву меъёри  мавҷударо  ба таври  бояду шояд риоя намекунад.

Маъмулан, баҳои аъло («5») ба диктанте гузошта мешавад, ки  беғалат навишта шуда бошад. Калимаву ибора  ва ҷумлаҳо хонову равшан навишта шуда, хат задану зиёҳ кардани  ҳарфе дар калимае ба чашм нарасад. Вале магар  воқеият ҳамеша ҳамин ҳолро ифода мекунад? Ҳамин тавр, дар гузоштани   баҳои чор, се низ хараҷу мараҷ дида мешавад. Аксар вақт омӯзгорон хотирбинӣ  намуда, ба хонандае, ки  диктантро ба таври  ғайриқаноатбахш навиштааст, баҳои «се» (3) мегузоранд ва хонандаро  ба иштибоҳ меандозанд. Албатта, ҳангоми натиҷагирӣ  кардани  диктанти  навиштаи шогирдон қобилияту  лаёқати  онҳоро  ба назар  гирифтан зарур аст. Аз ин рӯ, ба андешаи ман, ҳангоми  гузоштани  баҳо  ба диктанте, ки  байни  баҳои «4» ва «3» навишта шудааст, ба малакаю саводи  шогирд эътибор бояд дод  ва афзалиятро  баҳри  ҳавасмандгардонии хонанда ба баҳои «4» дод. Дар ин ҳол, дар зери баҳо омӯзгор метавонад сабт  намояд, ки ин баҳо  шартист. Масъалаи дигаре, ки  омӯзгоронро дар чорсӯ қарор  додааст, ин ислоҳи  ғалатҳо маҳсуб меёбад. Дар бисёр маврид методистон таъкид мекунанд, ки зери калимае, ки ғалат  аст, хат кашида шавад, кифоя аст. Ба гумони мо, чунин тарзи  ислоҳи  ғалатҳои  имлоию китобӣ саҳеҳ набуда, хонанда аз он чизе гирифта наметавонад. Бояд  ғалатҳо дар калимаҳо нишон дода шуда, тарзи дурусти  навишти он ишора карда шавад. Дигар ин ки, дар ҳошияи дафтар ғалатҳои имлоӣ бо  рақами 1 ва китобӣ рақами 2 нишон дода шавад, беҳтар аст. Дар зери диктант ҳангоми гузоштани  баҳо ғалатҳо ба таври  ҷамъбаст оварда мешаванд. Мисол:  ғалатҳои имлоӣ – 5-то, ғалатҳои  китобӣ – 3-то.

Бо ин тарзу шева ҳам диктант дар сатҳи  баланд гузаронида мешавад, ҳам хонанда дарк мекунад, ки дар навишти  кадом калима ба хатоӣ роҳ додаасту  дар куҷо вергулу аломатҳои  хитоб, савол ва  нуқтаро  нодуруст гузоштааст. Масъалаи муҳим ҳангоми  баргузории  диктант ин тарзи талаффузи  омӯзгор  ба шумор  меравад.

Омӯзгорону устодони таҷрибаманд маълум, ки  дар ин ҷода комёб гардидаанд, вале ба  омӯзгорони  ҷавон дар ин масъала ёрии  ҳаматарафаи  методӣ бояд расонд, зеро  онҳо на ҳама вақт  ба тарзи  талаффуз ва оҳанги  зада дар калимаҳо диққат  медиҳанд.

Фаромӯш набояд кард, ки  маҳз натиҷаи хуби  диктанти  гирифтаи  омӯзгор аз фаъолияти  пурбори  ӯ шаҳодат медиҳад.

 

Гавҳар ҚУРБОНОВА,

омӯзгори  мактаби №42,

ноҳияи Фирдавсӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш