Нашрияи Омӯзгор

Тамоку заҳр аст ё чаро аз он худдорӣ намекунем?

Сана: 2019-08-09        Дида шуд: 39        Шарҳ: 0

Бино ба иттилои мутахассисони соҳаи тиб, дуди тамоку ба бемории дилу раг оварда мерасонад. Аммо аз чӣ сабаб бошад, ки бархе аз одамон, хусусан, ҷавонону наврасон дидаю дониста ҳаёти худро зери хатар мегузоранд.

Олими машҳури соҳаи химияю биология В. Н. Смешенко таъкид намудааст: «Ҳар як тамокукаш бояд донад ва фаромӯш накунад, ки вай на фақат худро, балки атрофиёнро низ заҳролуд мегардонад». Қариб ҳафтод дарсади дуди тамокуи ба атроф паҳншуда муҳитро бо моддаҳои заҳрнок (никотин, гази карбон ва ғайра) заҳролуд мекунад. Тамоку ба организм, ба системаи дилу рагҳо, рӯдаҳо, гардиши  хун ва системаи асаб (суст шудани хотира, костагии ақл, бадфеъливу бехобӣ ва монанди инҳо) таъсири манфӣ мерасонад.

Бояд гуфт, дар таркиби сигор чор ҳазор моддаи кимиёвии зарарнок мавҷуд буда, ниҳоят хавфноканд. Аз ҷумла, никотин дар таркиби баргҳои тамоку бениҳоят зиёд аст. Никотин моддаи заҳрноки равғанмонанд буда, таъсири хеле зарарнок дорад. Он пас аз ворид шудан ба ҷараёни хун дар ҳафт сония ба мағзи сар расида, баъдан ба дигар узвҳо паҳн мегардад ва пас аз 10 – 15 сонияи фурӯбарии дуди ғализи сигор, он мағзи сарро карахт карда, ба инсон оромӣ мебахшад. Дар ҳолати   истифодаи барзиёди  сигор ин карахтии мағзи сар то ҷое мерасад, ки қувваи ҳофизаро суст ва инсонро фаромӯшхотир месозад.

Дар баробари ин, никотин боиси бисёршавии глюкоза дар хун шуда, гуруснашавиро кам мекунад, каллорияҳои аз ғизо гирифтаи организмро нобуд месозад ва дар натиҷаи истифодаи дуру дарози сигор истифодабарандаи он аз ҳад зиёд лоғар мегардад.    

Мутаассифона, шумораи онҳое, ки тамоку мекашанд, дар ҷаҳон садҳо миллион нафарро ташкил медиҳанд. Бештар аз нисфи марду чоряки занони қитъаҳои сайёра тамоку мекашанд. Қисми зиёди одамон тамокукаширо аз давраи наврасиву ҷавонӣ сар карда, бо ҳамин онро ба худ як навъ одат кардаанд. Акнун ин одатро   гӯё  партофта наметавонанд, ки аз иродаи сусти онҳо дарак медиҳад.

Ба мушоҳида мерсад, ки баъзе падарҳо дар назди фарзандони худ тамоку мекашанд. Дар оянда онҳо низ ба рафтори калонсолон тақлид карда, ба бемориҳои гуногуни аз тамокукашӣ баамаломада гирифтор мегарданд. Хуб мешуд, ки омӯзгорон, хусусан, муаллимони фанҳои химияю биология дар маҳфилҳои фанниву соатҳои тарбиявӣ дар мазаммати ин заҳри қотил корҳои фаҳмондадиҳӣ баранд, то ҷомеа аз чунин заҳролудшавӣ эмин монад.

Ҳадиятулло САИДОВ,

омӯзгори химияи коллеҷи тиббии  шаҳри Ваҳдат


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш