Нашрияи Омӯзгор

Ман ин ҷаннатзаминро дӯст медорам

Сана: 2019-08-09        Дида шуд: 5        Шарҳ: 0

Мавзӯи Ваҳдат имрӯз дар эҷодиёти соҳибқаламони тоҷик мавқеи калидиро касб кардааст. Зеро маҳз Ваҳдат моро бо ҳам шиносонд, тақдири ҳар яки мо ва Ватани азизамонро муайян кард ва кишварро аз вартаи нобудӣ раҳонид.

Байни шоирони давр Озарахш дар ин ҷода навҷӯву комёб буда, гулбуни ашъораш  накҳати хосе дорад.  Ҳар як шеъри ба Ватан, дӯстӣ,  обу хоки диёр бахшидааш бӯи ваҳдат мекунаду даъват ба ягонагиву созандагӣ. Барои Озарахш шаҳди ваҳдат офтоби навтулӯъи сари қулла аст, ки дар оғози субҳи тобистон бо мавҷи шаҳрӯдҳои  диёр  омезиш ёфта, шоҳкорӣ мекунад, ҷило медиҳад, олами тобишҳоро меофарад. Аз  дили кӯҳ садои тапиш меояд.  Набзи табиат бо набзи ҳаёти мардум омезиш мегирад. Гул ба хуршеди навтулӯъкарда  ханда мезанаду булбул бо боди сабо ҳаводориву нағмапардозӣ менамояд: 

Аз дами хуррами райҳон то ба боғ,

В–аз бари боғ ба лабханди чаман

Гул ба гул биншастан,

Дил ба дил пайвастан,

Ҷон ба ҷон нӯшидан...

Вақте шоми торики парешонӣ ба поён мерасаду офтоби субҳи ваҳдат тулӯъ менамояд, шоир гӯё ба вартоҷ мубаддал мегардаду сипосу ниёз ба ин офтоб мебарад:

Шаби сияҳ сафед шуд, сипос,

эй сапедаҷон,

Ғами замон умед шуд, сипос, эй

сапедаҷон

Нафас – нафас ба шаҳри ишқ, бидам

насими баҳри ишқ,

Ки кӯча – кӯча ид шуд, сипос, эй

сапедаҷон!

 Озарахш ситоишу сипоси ваҳдатро бо суханҳои тароватноки сода баён менамояд,  ки маҳзи сеҳри қалами тавоност:

Гуфтамат “Ҷони ман”,–

“Они ман...они ман...”

Аз дили сангу кӯҳат расид, эй Ватан!

Ҳамчу обу гилат,

Аз гиёҳу гилат,

Номаи ному нангат расид, эй Ватан.

Аммо фақат сипосу шукрона гуфтан кам аст. Рақиб дар пайт аст ва тоқати дидани баҳори ваҳдат, гул-гулшукуфии ин бӯстон, хандаи беғаши кӯдаконро надорад. Лаҳзаи муносиберо барои хазон кардани ин баҳор меҷӯяд. Барои ҳамин ҳам Озарахш сомеони суханро ҳушдор медиҳад аз тинати сиёҳи он бадхоҳоне, ки мехоҳанд ватанро ба бозори сиёсат ва сармоя табдил диҳанд. Барои бадхоҳони ин сарзамин ғайри сарват муқаддасоте нест ва онҳо аз ҳар гуна шиору овеза ва дасиса барои расидан ба нияти нопокашон истифода менамоянд:

Одамон аз қолаби инсон

Мебароянд аз барои нафс,

Вақт безории бозор аст

Бахт дилгир аз ҳавои нафс.

Эй Худо! Ин тудаи бедин

Аз мусалмонӣ чӣ мехоҳанд?

Аз замони маргбори хеш?

Ҷуз пушаймонӣ чӣ мехоҳанд?

Олами сармоя ва бозингарони сиёсии арсаи ҷаҳонӣ аз чунин бандагони нафс луъбатакони сиёсӣ месозад ва барои бозиҳои пасипардагиву ғаразноки хеш устокорона истифода мебарад. Маҳз ноогоҳон ва худношиносон бозича ё худ луъбатаки дасти ин бозигарон гашта, дониставу надониста ба лонаи хеш, ба гулбоғи шукуфони Ватан оташ мезананд.

Хонаи оина торик аст,

Чеҳраҳо дар сояҳо пинҳон

Сарҳисоби зиндагӣ яксон,

Дар паси сармояҳо нолон...

Барои шоир Ватан  ва васфи он  суханбозии хушку холие набуда, пайвандии обу хоки Модар - Ватан ва фарзанди дилбанд мебошад. Навои суруду суханашро маҳз аз сафои чашмасорону навои обшорони Ватан медонад. Ба пиндораш рӯди кӯҳсорони Ватан бо лаҳни ширини тоҷикӣ, ки шаҳди наботу ангубинро дорад, суруд мехонад. Озарахш бо рамзу ташбеҳҳои дилпазир ва нозук, истиораҳои ҷолиб васфи табиати Ватан менамояду шукронаи сулҳу ваҳдат ва иқболи нек менамояд.

То зи Хатлону Бадахшону зи Суғд

Хурдаам нони сари хони Ватан.

Мурғу моҳиро ситоиш кардаам

Дар ҳавои обшорони Ватан.

Тоҷикистон ,“Шод бошу дер зӣ!”

Озарахш дар чандин шеъри дигар образҳои нав ба наверо барои васфи Ватан, тараннуми Ваҳдат, даъват ба ободкориву созандагӣ ҷӯё мешаваду пайдо менамояд. Дар шеъре Ваҳдат симои ҳафт дарёи Ватанро мегирад. Ҳафт дарёе, ки чун шоҳраг дар тани Ватан ҳаётбахшӣ мекунанд. Дар маҷрои онҳо на оби одӣ, балки оби ҳаёт ҷорист, оби ҷонбахш ҷорист ва маҳз рӯшноии ин об халқи Ватанро ҳидоят ба Ваҳдату бунёдкорӣ менамояд:

Оби ҳаёт ояд ба ман

Аз ҳафт дарёи Ватан.

Ҷаннатмакони бехазон,

Эй Тоҷикистон, эй чаман !

Шоир дар баробари тараннуми ваҳдату якпорчагӣ ба ояндаи кишвар бо умеду боварӣ назар андохта, ҷавононро умеди зиндаи миллат меномад ва чанд қисми ашъорашро ба онҳо мебахшад.

Замину осмонро чун баҳорон,

Ҷавонбунёд кардан метавонӣ!...

...Таманнои ватан ҳастӣ, ҷавонӣ,

Тамошои чаман ҳастӣ, ҷавонӣ.

Зи номат мерасад оҳанги шодӣ,

Гули шеъру сухан ҳастӣ, ҷавонӣ!

Ҷавонон дар тараннуми Озарахш гули ваҳдат ва дили давлат ҳастанд. Барҳақ аст шоир! Ваҳдат худ ҷавони баркамолро мемонад. Насли имрӯза на ҳама аз он даҳшате, ки Ваҳдат хотимааш бахшиду субҳи умедро рахшон кард, бохабаранд. Агар “маҳалбозе, зи кӯрии назар” ва ё ноогоҳе аз касрати нодониву ғафлат ба роҳи каҷ пой мегузораду қадри неъмати Ваҳдатро намедонад, раҳнамоӣ бояд кард. Насли калонсол, ки шоҳиди тирарӯзиву хонасӯзиҳо буд, бояд ҷавононро ҳушдор аз натиҷаи бегонапарастиву оташбозӣ, тундгароиву хурофотпарастӣ диҳад. Наслҳо ҷои хешро иваз менамоянд. Ояндаи ин кишвару ин миллат дар дасти ҷавонон аст. Беҳуда Пешвои миллат “Ҷавонон ояндаи миллатанд”-нагуфтааст. Бинобар ин, ҷавонон бояд чун Пешвои миллати хеш роҳи созандагиву ободкориро пеш гиранд ва давомдиҳандаи амалу пайрави Пешво бошанд:

Гули ваҳдат, дили давлат - ҷавонон!

Дурахши шавкату савлат - ҷавонон!

Дар оғӯши баҳори Тоҷикистон

Умеди зиндаи миллат - ҷавонон!

Ҷавонони Ватан, бо ҳам биёем!

Суруди ишқро бо ҳам сароем!

Мисоли Пешвои миллати хеш

Дари дил пеши фардо во намоем!

 

Муртазоалӣ Муродов,

омӯзгори таърих,

 шаҳри  Истаравшан


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш