Нашрияи Омӯзгор

21 мактаб ба оби нӯшокӣ эҳтиёҷ дорад

Сана: 2019-08-09        Дида шуд: 61        Шарҳ: 0

Раиси ноҳияи Ш.Шоҳин Почохон Зарифзода дар нишасти матбуотӣ оид ба бурду бохти ташкилоту муассисаҳо маълумот пешниҳод намуда, аз ҷумла, қайд намуд ки : - Дар соли 2019 сохтмони муассисаҳои таълимии №8–и деҳаи барои 640 нафар дар ду баст бо маблағгузории Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, сохтмони муассисаи таълимии №10 барои 300 нафар дар ду баст бо маблағгузории ҳукумати вилояти Хатлон ва муассисаи таълимии №28 барои 250 нафар хонанда, инчунин, дар назди муассисаҳои таълимии № 11-и ноҳия сохтмони бинои таълимӣ барои 180 нафар хонанда аз тарафи Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон бо суръат идома дорад. То имрӯз аз 58 муассисаи таълимии ноҳия танҳо 4 мактаб аз таъмир бароварда шудаасту халос. Яке аз мушкилоти соҳаи маориф, ки солҳои зиёд ҳамаро ба ташвиш оварда буд, ин таъмини хонандагон бо либосҳои ягонаи мактабӣ буд. Хушбахтона, бо ба фаъолият оғоз намудани сехҳои дузандагӣ дар ноҳия ин мушкилот роҳи ҳалли худро ёфт. Айни ҳол, 50%-и шумораи умумии хонандагон бо либосҳои ягонаи мактабӣ таъмин шудаанд. Бояд қайд кард, ки дар радифи муваффақиятҳо камбудиву мушкилот дар муассисаҳои таълимӣ низ ҷой дорад. Аз ҷумла, дар ноҳия хонандагони 21 муассисаи таълимӣ аз нарасидани оби нӯшокӣ танқисӣ мекашанд. Мушкилоти дигари муассисаҳои таълимӣ надоштани толори варзишӣ, нарасидани кабинетҳои таълимии замонавӣ, кам будани омӯзгорони фанҳои забони рӯсӣ ва англисӣ, сатҳи пасти дониши хонандагон ва сари вақт нагирифтани маош мебошад.

 

 Шариф АБДУЛҲАМИД,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш