Нашрияи Омӯзгор

Сатҳи ҷинояткорӣ коҳиш ёфт                

Сана: 2019-08-09        Дида шуд: 38        Шарҳ: 0

Тавре зимни нишасти матбуотӣ иҷрокунандаи раиси шаҳри Кӯлоб Иноят Баҳромзода  ба рӯзноманигорон  иттилоъ дод, айни замон дар шаҳру деҳот 10 муассисаи томактабӣ фаъолият дошта, дар онҳо 1356 нафар кӯдаку наврас ба тарбия фаро гирифта шудаанд. Дар ин давра сатҳи ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 аз 32 ҷиноят ба 14 ҷиноят коҳиш ёфт.  Дар шаҳру деҳоти Кӯлоб 7  муассисаи таълимӣ дар ҳолати таъмирталаб қарор дорад. Сол то сол сохтмону азнавсозии муассисаҳои таълимӣ дар ҳудуди шаҳру деҳоти Кӯлоб бовусъат  рушд ёфта, муассисаҳои таълимӣ симои худро дигар карда истодаанд. Танҳо дар соли 2018 барои 3 ҳазор нафар хонанда муассисаҳои нав ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шудааст. Мавсуф афзуд, ки солҳои охир аз тарафи хатмкунандагони муассисаҳои таълимӣ, соҳибкорони маҳаллӣ ва шахсони саховатпеша барои рушди муассисаҳои таълимӣ, таъмиру азнавсозӣ, харидорӣ намудани воситаҳои аёнӣ ва техникии таълим, мизу курсӣ, ҷиҳозонидани кабинету толорҳои варзишӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, дар ин ҷода кумак менамоянд.


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш