Нашрияи Омӯзгор

Таҳсилоти касбӣ: сифати таълим бунёди комёбист

Сана: 2019-08-05        Дида шуд: 59        Шарҳ: 0

27 июли соли 2019 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 1-и  ноҳияи  Шамсиддини Шоҳин ҷаласаи Шӯрои директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар он муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайфиддин Давлатзода, сардори раёсати таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Вазорати маориф ва илм Ҳокимхон Вализода ва директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии шаҳру навоҳии кишвар ширкат варзиданд. Дар оғоз Сайфиддин Давлатзода иброз дошт, ки таваҷҷуҳи рӯзафзуни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи маориф ба он мусоидат намуд, ки имрӯз дар муассисаҳои таълимӣ шароити хуб ҷиҳат илмомӯзии  наврасону ҷавонон фароҳам оварда шудааст. Аз ин рӯ, масъулини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбиро зарур аст, ки кадрҳои баландихтисосу ҳирфаӣ ва ҷавобгӯ ба бозори ҷаҳонии меҳнатро омода намоянд.

Стандартҳои тахассусӣ зарур аст

Сармутахассиси шуъбаи таҳсилоти  ибтидоӣ ва миёнаи касбии Маркази  ҷумҳуриявии таълимию методӣ  Низомиддин Саидов вобаста  ба таҳияи барномаи ягонаи фаннии ихтисосҳои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ бо дарназардошти такроршавӣ дар ин зинаи таҳсилот суханронӣ намуд. Мавсуф зикр кард, ки беҳтар кардани сифати таълиму тарбия ва сатҳи донишу малакаи касбии донишҷӯён бо таҳияи дуруст ва асосноки Стандартҳои тахассусӣ, нақшаҳои таълим, тақсими самараноки буҷаи вақт ва дар ин замина таҳия ва тасдиқи барномаҳои  ягонаи фаннии ихтисосҳои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ вобастагӣ дорад.

Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ 502 адад  нақшаи таълимиро аз рӯи 184 ихтисоси амалкунандаи (бо дарназардошти такроршавии 490 ихтисоси амалкунанда) шакли таҳсили рӯзона ва ғоибона, ки заминагузории барномаҳои фаннӣ мебошанд, ташхис ва аз нав коркард намуда, барои  тасдиқ  ба Вазорати  маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуд.

Мутаассифона, барномаи фанни назарияи иқтисодӣ бинобар сабаби   дар баъзе  ихтисосҳо ба бахши фанҳои тахассусӣ тааллуқ доштан, то имрӯз таҳия нагардидааст.

Тибқи дастуру супоришҳои роҳбарияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии ҷумҳурӣ  соли таҳсили  2017-2018 бояд ба низоми кредитии 24 - соата мегузаштанд. Аммо коллеҷҳои соҳаҳои тандурустӣ ва санъат на дар вақти муайянгардида, балки дар соли таҳсили 2018-2019 ба ин низом гузаштаанд, ки ин боиси саривақт пешниҳод нагардидани барномаҳои фаннӣ гардид.

Муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбие, ки дар ноҳияҳои дурдаст фаъолият макунанд, бояд аз технологияи  муосир  истифода намоянд ва ба баланд гардидани сифати таълим мусоидат кунанд.

Вобаста ба ин, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбиро хотиррасон менамоем, ки Стандарти тахассусӣ ва барномаи фанниро танҳо мутахассиси соҳа метавонад таҳия намояд, яъне чи дар таҳияи Стандарти тахассусӣ ва чи дар таҳияи барномаи таълимӣ  мазмун, моҳият ва муҳимияти  фан аз тарафи мутахассис бояд иҷро карда шавад. Илова бар ин, қайд кардан зарур аст, ки айни ҳол дар 72 коллеҷи ҷумҳурӣ 184 ихтисоси амалкунанда фаъолият менамояд, ки тибқи нақшаи таълим дар бахши фанҳои тахассусӣ барои як ихтисос зиёда аз 18 фанни таълимӣ рост меояд, ки ин ба ҳисоби миёна зиёда аз 3000 фанни таълимиро ташкил медиҳад.

 

Саноатикунонӣ – омили рушди иқтисодиёт

Баъдан директори коллеҷи муҳандисию техникии ноҳияи Нуробод  Оятулло Додаров қайд кард, ки  дар доираи амалисозии ҳадафҳои дарозмуҳлат ва афзалиятҳои рушди кишвар  бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 27.03.2018, №159) “Стратегияи рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” тасдиқ ва мавриди амалишавӣ қарор гирифт.  Дар Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 26-уми декабри соли 2018)  иқтисодиёти кишварро аз шакли аграрӣ –саноатӣ ба саноатӣ-аграрӣ табдил додан таъкид гардид. Таҳким  бахшидан ба навсозии технологии истеҳсолоти корхонаҳо, сохта ба истифода додани корхонаҳои гуногуни саноатӣ, ба роҳ мондани ҳамкориҳои дуҷонибаю бисёрҷониба бо кишварҳои дуру наздик дар самти саноатикунонии кишвар аз ҳадафҳои асосии ин раванд буда, дар ин замина соҳаи маориф ҷиҳати  тайёр кардани кадрҳои баландихтисос,  кушодани    паркҳои технологӣ, марказҳои паҳнкунии тенологияҳо, барномасозӣ ва дигар  корҳои марбут ба соҳаи маориф саҳм мегирад.

Шурӯъ аз соли равон раванди омӯзиш дар муассисаҳои таълимӣ ба тағйирот  ворид ва омӯхтани бисёре аз масъалаҳои марбут ба эълон шудани ҳадафи чоруми  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба саноатикунонии кишвар оғоз мегардад. Масъалаҳои мазкур дар раванди дарсҳои гуногун, дарсҳои тарбиявӣ,  машғулиятҳои беруназмактабию беруназсинфӣ омӯхта шуда,   таҷрибаомӯзии истеҳсолии хонандагону донишҷӯён  дар доираи талаботи рӯз дар корхонаҳои саноатии давлатию ғайридавлатӣ дар доираи қарордод бояд сурат гирад.

Ба донишҷӯён омӯзондани нақш ва аҳамияти саноатикунонии иқтисодиёт, сохтори умумии соҳаи саноат, усулҳои таҳлилии сохтори соҳа, тавсифи нақши корхонаҳои саноатӣ дар амалигардонии ҳадафҳои сиёсати саноатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, омӯзондани ҷанбаъҳои инноватсионии рушди саноати миллӣ,  амалигардонии стратегияҳои тараққиёти соҳаҳои саноати миллӣ   дар доираи талаботи бандҳои “Стратегияи рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ҳадафи асосии  мо кормандони соҳаи маориф қарор  гирифтааст.     

Коллеҷи муҳандисию техникии ноҳияи Нуробод, ки зодаи замони Истиқлолияти давлатии кишвари азизамон мебошад, дар доираи талаботи бозори меҳнати ҳамин минтақа ба кадрҳои техникӣ ба вуҷуд омада, рушду пешрафти  он ба сохтмони иншоотҳои гуногуни кишвар дар ин водӣ  иртибот дорад.  Махсусан,  сохтмони иншооти бузурги энергетикии “Роғун” яке аз манбаъҳои  асосии  харидории кадрҳои  гуногуни техникӣ буда, барои рушду нумӯъ ва пешрафти коллеҷ метавонад нақши бузургро бозад.

Омилҳои дигаре, ки барои саноатикунонӣ дар минтақаи Рашт замина мегузоранд, коркарди сангҳои қимматбаҳо, коркарди оби чашмаҳои шифобахшу  тоза,  коркарди элементҳои химиявӣ  аз таркиби ангишт (12 элементи химиявӣ дар таркиби ангиштҳои Рашт ва Назарайлоқ мавҷуданд),  коркарди намак, истеҳсоли доруворӣ аз таркиби гиёҳҳои  шифобахш, тайёр кардани шарбат аз ҳисоби меваҳои аз ҷиҳати экологӣ тозаи ин водӣ, коркарди хушкмеваҳо ва  ғайра мебошанд.

 

Китоб – роҳнамои омӯзгор

Муовини директори Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методии Вазорати маориф ва илми кишвар Тоҷиддин Уроқов  вазъи таъминоти муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо китобҳои дарсии мактабӣ ва китобҳои дарсии блоки 1-2-ро дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ мавриди баррасӣ қарор дода,  таъкид намуд, ки масъалаи таъмини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ бо китобҳои дарсӣ дар ҷаласаҳои сатҳи гуногуни вазорат мавриди баррасӣ қарор гирифтаву вобаста ба он қарору супоришҳои дахлдор қабул шудааст. Аз давраи муҳокимаи масъалаи мазкур ва қабули қарорҳои дахлдор давоми солҳои 2012-2019 аз 44 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ ҳамагӣ 18 (41%)-и муассиса аз анбори китобҳои дарсии вазорат бо теъдоди 7 776 нусха ва бо маблағи 83 045,49 сомонӣ китобҳои дарсӣ дастрас намудаанд.

Коллеҷҳои муҳандисию техникии ноҳияи Нуробод, информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе, коллеҷи технологии шаҳри Душанбе, муҳандисӣ - омӯзгории ноҳияи Ҷаббор Расулов, ҳунарҳои мардумии шаҳри Истаравшан,  ва политехникии ноҳияи Данғара на аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ ва на аз ҳисоби маблағҳои суратҳисоби махсуси муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ маблағгузорӣ нашудааст. Коллеҷҳои технологии шаҳри Конибодом ва политехникии ноҳияи Данғара аз ҳисоби буҷети давлатӣ барои фонди китобхона маблағгузорӣ шуда бошад ҳам, зиёда аз як сол мешавад ин муассисаҳо аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон китобҳои дарсӣ ва дигар маводи таълимиро харидорӣ накардаанд. Масъалаи дигари ҳалталаб ин харидории китобҳои дарсии блоки 1-2-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ мебошад, ки аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон чоп ва тақсимоташ ба муассисаҳои мазкур бо тасдиқи вазири маориф ва илм ба роҳ монда шудааст.

 

Сифати таълим – асоси комёбӣ

Котиби Шӯрои директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумахон Муминов зикр намуд, ки баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ масъалаи меҳварии аҳли маорифи кишвар мебошад.

Аз таҳлилҳо бармеояд, ки дар аксари муассисаҳои таълимӣ тӯли солҳои охир барои баланд гардидани сифати таълим корҳои назаррас ба анҷом расонида шудааст. Вале қариб дар тамоми муассисаҳои таълимӣ ҳоло ҳам камбудиҳои ҷиддӣ дар ин самт дида мешаванд. Моро зарур аст, ки барои боз ҳам баланд бардоштани сифати таълим корҳои зиёдеро ба сомон расонем.

 Баҳри  болобарии сифати таҳсилот ташкил намудани гурӯҳи идоракунии сифати таҳсилот ва роҳбарии онро ба зиммаи шахсони  соҳибтаҷриба вогузор намудан ва дар муассиса  мониторинги сифати таҳсилот вобаста ба ихтисосу курс ва гурӯҳҳоро пайваста  гузаронидан муҳим мебошад. Пешниҳоди маълумот дар  ҳар   се моҳ оид ба фаъолияти гурӯҳи идоракунии сифати таҳсилот ба Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф, доштани муассисаи таълимӣ  нақшаи дурнамо  ва зина ба зина иҷрои он, гузаронидани омӯзгорони муассиса аз курсҳои такмили ихтисос ва таъмини муассисаи таълимӣ бо   омӯзгорони унвон ва дараҷаи илмидошта, таъмини муассисаи таълимӣ бо асбобу таҷҳизоти муосири таълимӣ (компютерҳо, тахтаҳои электронӣ, принтерҳо ва ғайра пайваст будан ба хати интернет ва ташкил намудани сайт ва почтаи электронӣ), баррасии  сатҳу сифати таҳсилот дар ҷаласаҳои шӯрои педагогӣ, таҳлили воқеъбинонаи натиҷаҳои сессияҳои таълимӣ дар муассисаи таълимӣ, таъминоти китобхонаи муассисаи таълими бо адабиёти таълимӣ вобаста ба ихтисосҳои дар муассиса амалкунанда ва ба низом даровардани фаъолияти китобхонаҳо мутобиқи меъёрҳои амалкунанда, диққати чиддӣ додан ба давомоти донишҷӯён дар машғулиятҳо ва масъалаҳои ҳифзи иҷтимоии онҳо, ташкил  намудани гурӯҳҳои олимпӣ дар байни донишҷӯён ва иштироки фаъол дар баргузории озмунҳои  даври якум ва ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии  Тоҷикистон намунае аз корҳои муҳим ба ҳисоб мераванд, ки татбиқи амалии онҳо амри воқеист.

 

Рейтинг: коллеҷи техникӣ дар

ҷойи аввал

Бояд қайд кард, ки дар ҷаласаи мазкур рейтинги муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ, ки аз тарафи Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф муайян гардида буд, муаррифӣ гардид ва ғолибон бо туҳфаҳо қадрдонӣ шуданд. Муайянсозии рейтинги муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ дар се марҳила гузаронида шуд.

Дар ҷамъбаст ҷойи якум ба коллеҷи техникии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ, ҷойи дуюм ба  коллеҷи  тиббии ҷумҳуриявии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷойи сеюм ба коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дода шуд.

Рейтинги муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ аз рӯйи 23 нишондод баҳогузорӣ карда шуд. Дар асоси таҳлили маълумоти пешниҳоднамудаи коллеҷҳо маълум гардид, ки дар фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии ҷумҳурӣ вобаста ба нишондодҳо, баланд намудани омӯзгорони дорои дараҷаи илмидоштаи доимӣ, хуб намудани базаи моддию техникӣ, ба ҷойи кор таъмин намудани хатмкунандагон, баланд бардоштани сифати дониши донишҷӯён, фаъолияти хуби кафедраҳо, факултаҳо дар асоси низомномаҳо, мавҷуд будани базаҳои таҷрибаомӯзӣ дар сохтори муассиса, ташкил намудани китобхонаи электронӣ, чопи мақолаҳои илмӣ ва китобҳои дарсӣ аз ҷониби омӯзгорони доимӣ, фаъолияти паркҳои технологӣ, ҳамкорӣ бо ташкилотҳои байналмилалӣ ва ҷиҳати ба даст овардани грантҳо аз ҳисоби ташкилотҳои хориҷӣ, аз курси такмили ихтисос гузаронидани омӯзгорони тахассусӣ, зиёд намудани номзадҳои илм аз ҳисоби омӯзгорони асосӣ, мавҷудияти низоми дохилидонишгоҳии идора ва мониторинги сифат, миқдори кабинетҳои фаннии ҷиҳозонидашуда бо тахтаҳои электронӣ, ҳамкориҳо бо ташкилоту корхонаҳои ватанӣ ва дигар муассисаҳо пешравиҳо дида мешаванд.

Бояд зикр кард, ки дар баъзе аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ айни замон таъминоти кадрӣ, яъне омӯзгорони дорои унвон ва дараҷаи илмидоштаи доимӣ ва аз курси такмили ихтисос гузаштани омӯзгорон, чопи мақолаҳои илмӣ ва китобҳои таълимӣ тибқи барномаҳои нақшаҳои таълимӣ нокифоя мебошад. Масалан, барои коллеҷҳои аз шумораи умумии омӯзгорони фаъолиятдошта омӯзгорони унвондор тибқи меъёрҳои муайянкунандаи мақоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии ҷумҳурӣ бояд аз 5% то 10% ва омӯзгорони аз курси такмили ихтисос гузашта дар як соли таҳсил 20%-ро ташкил намояд.

Вобаста ба миқдори омӯзгорони дорои унвони илмидошта,  омӯзгорони аз курси такмили ихтисоси гузаронидашуда, чопи мақолаҳои илмию китобҳои дарсӣ аз ҷониби омӯзгорони доимӣ, мавҷуд будани базаҳои таҷрибаомӯзи дар сохтори муассиса, синфхонаҳои бо тахтаи электронӣ ҷиҳозонидашуда, ҳамкориҳои байналмилалӣ, хатми донишҷӯён бо баҳои аъло, ба даст овардани грантҳои хориҷӣ, фаъолияти парки технологӣ холи пастро соҳиб гардидаанд.

Маҳз 10 нишондоди рейтинг ба самти боло бардоштани потенсиали илмӣ, чопи мақола ва китобҳои дарсӣ, хуб намудани базаи моддию техникии муассиса бахшида шудааст.

Ҳамин тариқ, роҳандозии баҳогузории рейтингӣ, пеш аз ҳама, мавқеи муассисаҳоро дар фазои хизматрасонии таълимӣ дар зинаи таҳсилоти миёнаи касбӣ муайян намуда, рақобати солимро дар миёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии ҷумҳурӣ фароҳам меоварад.  Бо ошноӣ пайдо кардан ба маълумот ва нишондиҳандаҳои оморӣ роҳбарияти муассисаҳои таълимӣ  дар нақшаи идоракунӣ ба нуқтаҳои заъфи таълимгоҳ таваҷҷуҳ зоҳир карда, имкониятҳои худро барои ислоҳи он бояд  сафарбар намоянд.

Дар охир муовини вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ С. Давлатзода директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии кишварро  муваззаф намуд, ки баҳри бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ҳамвора талош намоянд.

Исломҷон НИМАТОВ,

сармутахассиси раёсати таҳсилоти ибтидоӣ  ва миёнаи касбии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон,

Насриддин ОХУНЗОДА,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш